Чаро Чароғи рузгор?
Шояд бо дидани ин номи сомона ба хотири ҳар хонанда аввалин рузномаи хусусии Додочони Атовулло ояд. Не, ин «Чароғи руз» нест. Ин Чароғи рузгори зиндагии мардуми Точик аст.
Аммо шояд бархи дигар пай баранд, ки мо таҳиягарони ин сомона ба хотири камбуди барқ ва рушной чунин номгузорй намудаем. Оре, дар ҳоле ки барқ мушкилоти рақами яки Точикистон аст, мо тасмим гирифтем, ки ба чароғи маърифат ба дили ҳамнавардону ҳамватанон рушанй андозем. Бо тамоми масъулият иброз медорем, ки ин сомона танҳо барои фардои миллат, фардои гулгулшукуфонии Ватани азиз сохта шудааст. Мо аз касе қасосу ниқор надорем. Ба хотири касеро мавриди накуҳишу сарзаниш ва таҳқир қарор додан, мо ин чо чамъ наомадаем. Аммо як чизи аз ҳама муҳимро бояд гуем, ки агар нуқсе дар ягон чойи хоки Ватан ҳаст, мо ба он ҳатман рушанй хоҳем андохт. Қатъй назар аз он ки чй касе дар он макон роҳбару сарвару директору ректор аст. Аспи рахши танқидии мо ҳамон су хоҳад давид. Ин минбари кулли Точикону Точикистониён аст. Мо бидуни мамониат ва қатъяити миллату нажоду эътиқод маслиҳату машварати бародарону хоҳарони азизро ки барои пешрафти Точикистони азизу якто нигаронида шудааст, ба инобат хоҳем гирифт.
Ба қонунҳои кишвар ва санадҳои байнулмилал арч мегузорем, дар чаҳорчубаи он амал хоҳем кард. То зинда ҳастем барои ОЗОДИИ СУХАН мубориза хоҳем бурд. Пеши роҳи моро ҳеч чиз нахоҳад гирифт. Мо озодтарини озодҳоем, зеро ғуломи қонунем. Бале, ғуломи қонун. Алайҳи ноадолатй бо ҳамин гурзе, ки қонунгузории кишвар бароямон додааст (манзур қонунҳои чорияи Точикистон) ба сари ҳар ноадолатй бераҳмона хоҳем фаровард.
Ба хотири фардои рушани Точикистони азизу беҳамто! 5.октябри соли 2008. Хучанд
Комментариев нет.
