Барканории раисони шаҳру навоҳӣ. Мавсими дилЗАНАКу гаронии доруворӣ
Набиюллоҳи Суннатӣ
Инак охири моҳи март мавсими дилзанаки ашхоси соҳибкурсӣ ба вижа руасои шаҳру навоҳӣ фаро расид. Ҳар шаб чашм ба телевизор медӯзанд, то бубинанд,
чӣ касе бо вазифа хайрбод гуфту чӣ касе маснаднишин шуд. Мабодо-ку….худи ишон аз вазифа барканор….ҳазор бор худо мегӯянд, ки фармони президент тибқи моддаи 69…
Пизишкони дилшинос бар он назаранд, ки аксари мубталоёни маризи дил соҳибманасабон буда, шабу рӯзи аз мансаб рафтан ва ё ки ба ягон курсӣ соҳиб шудан қайди чунин беморон меафзудааст. Читать далее »
Барфи Наврӯзӣ муборак, солшуморӣ Наврӯз аст, на…
Набиюллоҳи Суннатӣ
Шояд ин матлаб пештар дар ин торнигор баруз мешуд. Ба хотири он ки дур аз маркази вилоят будаму дар деҳа қарор доштам, натавонистам, ки пештар ба маърази хонандаи арҷманд онро ҳавола созам. Аммо беҳтар он аст, ки бигӯйем, аз он ки «дер шудааст»-гӯён нагӯйем.
Қарор вагон-вагон, амал ягон-ягон
Набиюллоҳи Суннатӣ
Маълум шуд, ки дастандаркорони барқ дар навоҳӣ қарору фармони «Барқи тоҷик»-ро ба ду пули пучак баробар мекунанд. Аз он ки бояд субҳ соати 5:00 то ба 13:00-и нисфирӯз ва бегоҳӣ аз соати 17:00 то ба 23:00 барқ бояд мунтақил шавад, сад афсӯс, ки нашуд ва боз нашуд. Эътимоди мардум бо он ки ба ниҳоди барқу барқдиҳии кишвар хеле кам монда буд, инак боз умуман боваре ба ин ниҳод намонд. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро «Боло» қарор ё фармоне мебарораду «Поён» онро иҷро намекунад? Читать далее »Тибқи ваъдаи «Барқи тоҷик» аз забони дафтардори матбуотии ин ниҳод Нозирҷон Ёдгорӣ аз санаи 13 марти соли ҷорӣ дар навоҳии кишвар интиқоли барқ 14 соатро дар шаборӯзро мебоист дар мегирифт. Ин хабар, ки санаи 12 март дар пойгоҳи хабарии Азия Плюс мунташир шуд, ҳамагонро хушҳолӣ бахшид. Аммо хушҳолӣ рӯйи ин навишта монду бас.
Садоқат кист муҳим нест, садоқат чист муҳим аст
Набиюллоҳи Суннатӣ
17-уми моҳи морс, чаҳоршанбе. Дар кутуби таърих дар ин рӯз аммо солҳои мухталиф ҳазорон духтарон таҷовузу ҳазорон шаҳрҳо вайрон гардидаанду ҳазорон ҷавонони ба ору номус аз дами теғи аҷнабиён гузаштаанд. Аммо айнан дар ҳамин рӯз ва он ҳам солҳои гуногун садҳо шаҳрҳо бунёд ёфтаву садҳо олимону чеҳраҳои ворастаи дунё милод ёфтаанд. Дар Википедия низ рӯйхати ҳазорон нафар аст, ки дар ин рӯз арзи ҳастӣ намудаанд.
Инак, ҳамин рӯз, чаҳоршанбе, 17 морси соли 2010 Садоқат милод ёфт. Гумон накунед, ки исми занона ва ё мардона аст. Ин унвони як торнамои рӯшангару зиёест, ки ҳамин рӯз, инак қудумашро ба остонаи торнигористон олам гузошта.
Дӯсти хубам ва ҳамтои ҳампоям Фирдавси Аъзам, яке аз соҳибвеблогони саршиноси шимоли Тоҷикистон субҳ ин линкро бароям ирсол дошт, то сар бизанам. Читать далее »
Сутуне шикаст, ислоҳнопазир
Набиюллоҳи Суннатӣ
Ин субҳ хестаму ба пешайвони хонаам баромадам. Ҳаво гирифтаву нолаву наҷвои фазои баҳорӣ ба гӯш мерасид. Чун ҳар субҳгоҳон ин бомдод ягон нишоте дар чеҳраи осмон наёфтам. Дилам лағзид андак. Ба худ гуфтам, ки ҳаворо чӣ шуда, ки ин қадр андӯҳзада метобад. Пас аз соате як дӯсти исфарагиам занг заду…
Худоё! Боз як сутуни миллат дори бақоро ба дори фано тарҷеҳ дод. Устоди фақиди исломшинос ва муаллифи китоби безаволи «Зиндагӣ ва осори Имоми Аъзам Абӯҳанифа» Муҳаммадшарифи Ҳимматзода дунёро бидруд гуфт. Баъди занги дӯстам дарёфтам, ки чаро ҳаво ин субҳ андӯҳзада аст. Ҳаво мотам дошт.
Ба кулли пайвандону наводагони ин марди фақиҳу фақид ҳамдардии худро баён медорем. Ба Раёсати ҲНИТ, куллаи аъзои ҲНИТ, алоқамандони ин марди ҷасуру вораста ва аҳли байти устод Ҳимматзода аз даргоҳи Рабби Ҷалил истидъои сабру таҳаммул мекунем. Читать далее »
Нашрияҳои ғайридавлатӣ фарзандони ӯгаянд?
Набиюллоҳи Суннатӣ
Иди матбуот-нимбарқу бебарқ
11 март дар қасри ба номи Лоиқ Шералӣ (қаблан Маркази ҷавонон)-и Хуҷандшаҳр бахшида ба Рӯзи матбуот маросими оддии ҷамъомад баргузор гардид. Бо он ки Рӯзи матбуот аст, кормандони телевизиону родиёи ҳукуматӣ бо тӯҳфаҳои хотиравии ҳукуматӣ бархӯрдор шуда, ҳамзамон нашрияҳои ҳукуматӣ низ бо ифтихорномаву тӯҳфаҳо ва саҳмияҳо сарфароз гардиданд. Пас месазад, ки Рӯзи матуботи тоҷик неву ба қавли устод Салими Айюбзод Рӯзи журналистикаи тоҷик ном бубарем. Читать далее »






