ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Навидҳо

Инсофи тоҷирон пеш ва баъд аз моҳи Рамазон

Нархи анвоъи ниёзи аввалия  дар бозори Панчшанбе:

Як халтаи орд пеш аз моҳи Рамазон 125 сомонй буд, баъд аз он 110 сомонй фаромад, яъне аз пешина 15 сомонй арзон шудааст.

Як кило биринч 6 сомонй буд, баъд аз моҳи Рамазон 5-5,5 сомонй шудааст.

Гушти гов 16-сомонй буд, ҳозир 15 сомонй;

Гушти гусфанд 22 сомонй аст, дар ҳоле ки пеш аз моҳи Рамазон 19 сомонй буд. Як кг равғани пахта 7, 20 сомонй буд, ҳозир 7 сомонию 50 дирам шудааст.

Сабзавот:

Як кило пиёз пеш аз моҳи Рамазон 80 дирам буд, дар айни замон аз 1 сомонию 60 дирам то 2 сомонй;

Сабзй 2,50 сомонй буд, аммо ҳозир аз пешина арзонтар- 1 сомонию 50 дирам;

Картошка 1 сомонию 50 дирам буд, ҳозир 1,80 сомонй шудааст.

Ширинй:

Як кило шакар 2 сомонию 60 буд, ҳозир 2,70;

Қанди сафед 2,70 буд, ҳозир 3 сомонй;

Таҳияи Рахшона ва Фархунда

Реклама

1 комментарий »

  1. АВЧИ ХАННОТИ ДАР САФОРАТИ АМРИКО

    Имруз дар байни мардум овозае пахн гардидааст, ки гуё дар сафорати ИМА дар ЧТ як гурухи ханнотон пайдо шуда, даст ба каллобию фиребгари мезанад. Ба гуфти шохидони ходиса дар аввал рохбарияти сафорат ба ин масъала эътибори чидди надоданд, вале чун фахмиданд, ки кор аз хад гузаштаю агар чораи амали наандешанд, ба мисли вокеаи чанд соли пешин шарманда хоханд шуд. Барои хамин хам бонги изтироб бардоштанд.
    Тавре ки ба мо маълум шуд, ин чо сухан атрофи кормандони хоричи ва махаллии сафорат меравад, ки як гурухи интернатсионали ташкил намуда, дар давоми солхои зиёд даст ба каллобию ханноти зада истодаанд. Медонед, сарварии ин гурухро ки ба ухда дорад? Шахрванди Точикистон корманди сафорати ИМА дар Точикистон Асадов Шохин. Бале, хамоне, ки хануз соли 1992 аз рузхои нахустини кораш дар сафорати Амрико бо истифода аз вазъияти ноороми Точикистон ва ба Тошканд куч бастани кормандони хоричии сафорат аз хисоби фуруши бензину солярка маблагхои калонро сохиб шуда, онхоро «обу лой» карда буд. Асадов Шохин хамон шахсе мебошад, ки дар ханноти Остап Бендерро бо «як нул» мезанад. Вале ачибаш он ки номбурда бо вучуди конуншиканию дуздихояш забони рохбарияти сафорат, хатто сафири собик чаноби Эскудеро ёфта буд. Махз бо дастгири ва кумаки номбурда Асадов Ш. дар кутохтарин муддат сохиби «корти сабз» шуд. Дар яке аз базмхо баъди нушидани араки зиёд Асадов Ш. ба хамкоронаш икрор шуда буд, ки ин кортро барояш чаноби Эскудеро тухфа кардааст ва акнун вай хар вакте ки хохад ба Амрико кучида меравад. Хамзамон Асадов Ш. ба савол дар хусуси барои кадом хизматхояш амрикоиён ба у «корти сабз»-ро тухфа кардаанд, чавобе надод. Сабабаш маълум аст, зеро «корти сабз»-ро амрикоиён ба хар кас намедиханд. Барои онро сохиб шудан «хизматхои» махсусу бузург кардан лозим меояд. Маълум мешавад, ки чаноби Асадов ин гуна хизматро барои амрикоиён кардааст. Баъдан бо истифода аз олихимматии чаноби Эскудеро Асадов Ш. духтаронаш Адибаю Музаффара ва писараш Шахбозро барои тахсил ба ИМА фиристод. Аз хисоби пулхои муфт ва бо рохи ханноти дарёфтааш дар шахри Душанбе якчанд хонаро харидори кард. Чун дид, ки бачаи эркаи сафорати ИМА шудаасту касе кудрати пеши рохашро гирифтанро надорад, ба амалхои аз ин хам баландтар даст мезадаги шуд.
    Кор ба дарачае расид, ки номзадхоро барои кор ба сафорати Амрико танхо бо пешниходи Асадов Ш. кабул мекардаги шуданд. Аз хамин давра сар карда, бо дахолати бевоситаи у якчанд хешу табор ва ашхоси ба худаш наздик ба кор кабул гардиданд. Дар байни онхо шарикдарсаш дар Донишгохи омузгории шахри Душанбе, аниктараш маъшукааш Вахобова Муяссара низ буд. Вай ба сифати корманди шуъбаи алока бо чомеаи сафорат ба кор кабул шуда, дар як муддати кутох аз Муяссарахон ба Маяхон табдил ёфт. Ба касе дар сафорат пушида набуд, ки Асадов Ш. ва Ваххобова М. бо хамдигар алокаи наздик доранд. Дере нагузашта Маяхон шарики асосии Шохин дар конуншиканихояш гардид. Ногуфта намонад, ки яке аз масъулиятхои асосии Маяхон дар сафорати ИМА – ин додани грантхо дар сохаи демократия, иктисодиёт ва фиристодани мактабиёну донишчуёни Точикистон барои идомаи тахсил ба Амрико мебошад. Аз ин хисоб Асадов Ш. ва Ваххобова М. маблагхои калон кор карданд, зеро хохишмандони тахсил дар Амрико зиёд буданду корафтодагон ба воситаи шиносхои худ хатман танхо ба хардуи онхо мурочиат мекарданд.
    Дар дохили сафорат бошад, ин ду «чуфти муносиб» «худро шоху таъбашонро вазир медонистанд» ва бо хар роху восита ракибон ва ашхоси барояшон номакбулро дар назди рохбарияти сафорат сиёх карда, аз онхо халос мешуданд. Масалан, соли 1996 махз бо часпу талош ва пешниходи Асадов Ш. ва Ваххобова М. собик сардори маъмурияти сафорат Назарова Л. аз кор ронда шуд. Тавре ки дар урфият мегуянд: «Иштихо вакти хурокхури пайдо мешаванд». Чун Асадов ва Вахобова хис карданд, ки «лачоми» рохбарияти сафоратро ба даст гирифтаанд, боз хам шердилтар шуда, фишору хабаркаширо аз болои кормандони махаллии сафорат боз хам сахттар карданд.
    Хамкурсони собики Маяхон даврахои донишчуиро ба хотир оварда, кайд мекунанд, ки вай хамчун ходими фаъоли комсомол хамеша бегонафикронро таъкиб менамуд. Хушу ёди Мая танхо ба сохтмони чомеаи сотсиалисти банд буду халос. Вале баъди гузаштан ба кори сафорат аз чи бошад, ки Маяхон яку якбора аз фаъолзани комсомол ба тарафдори ашаддии акидахои барояш тамоман бегонаи гарбпарасти табдил ёфт. Маяхон акнун хамакидахои собикашро чашми дидан надошт. Инро ба назар гирифта, Ш. Асадов барояш маслихат дод, ки дар самти корхои таргиботи бо донишчуёни точик тачрибаи «бояш»-ро истифода намояд. Дере нагузашта Маяхон ба чи кодир буданашро нишон дода, бо ин амалаш хамаи ходимони сафорат, хатто сафир Р. Хоуглендро моту махбут сохт. Гап сари он меравад, ки соли 2007 Вахобова М. дар байни донишчуёни Донишгохи технологии Точикистон хисоботи Департаменти давлатии ИМА-ро дар хусуси поймолшавии хукуки инсон дар Точикистон дар байни солхои 1999-2004 пахн намуд. Вай харчанд медонист, ки ин хисобот вокеи набуда, дар он асноду ракамхои бардуруг чой дода шудааст ва боиси кохиш ёфтани обрую эътибори Точикистон дар доираи байналмилали шуданаш мумкин аст, аммо аз рохаш нагашт. Он лахза ба Маяхон аз обрую эътибори Ватане, ки барояш хаёт, нону ном ва мартаба додааст, хизмати бегонагон ва пули муфт азизтар буд. Вай шояд фикр мекард, ки бо рохи хиёнат ба урфу одат ва анъанахои неки авлоду ачдодонаш садокаташро ба рохбарияти сафорат нишон медихад. Вале баръакс шуд. Донишчуён ба асли вокеа дархол сарфахм рафта, бо нишони эътироз аз икдоми гаразноки Вахобова М. ба унвони сафир Р. Хоугленд номаи саркушод навишта, онро дар воситахои ахбори омма чоп намуданд. Дар натича як шуру гавго хеста, хавфи аз кор пеш карда шудани Вахобова М. ба миён омад. Вале чун харвакта Асадов Ш. ба доди Маяхон расида, рохбарияти сафоратро аз фикраш боздошт. Вокеан, «халлу фасли» масъалаи Ваххобова М. бори дигар нишон дод, ки Асадов Ш. дар сафорати ИМА «бачаи чайра» нест ва лозим шавад, хама вакт гапашро гузаронида метавонад.
    Баъде ки ба чойи Р. Хоугленд хонум Т. Чейкобсон ба сифати сафири ИМА дар ЧТ таъин гардид, Асадов Ш. ва Ваххобова М. як муддат аз назархо дур монданд. Хама фикр карданд, ки ин ду чуфти муносиб дигар ба ханноти даст намезананд, аммо ин тавр набуд. Тули даврае, ки сафири нав ба вазифааш ва кормандони сафорат шинос мешуд, Асадов Ш. низ бекор нанишаст. Аз руи накли шохидон вай дар сухбатхо дилпурона мегуфт, ки ба хотири дусташ сафири собики ИМА чаноби Эскудеро хонум Т. Чейкобсон ба у кордор нахохад шуд. Вале ба хар эхтимол дили Асадов Ш. хавотир буду ба воситаи наздикони сафири нав барои худаш маълумот чамъ мекард. Баъдан дар сафорат тозакуни (чистка) сар шуда, чандин нафар кормандон бо гунохи бензинфурушию ханноти аз кор сабукдуш гардиданд. Харчанд аксарияти онхо бо Асадов Ш. хамдасти дошта бошанд хам, вале аз чи бошад, ки худи вай аз «об хушк» баромад. Бар замми ин, номбурда ба боварии сафир Т. Чейкобсон даромада, сохиби вазифаи нав гардид. Гайр аз ин, Асадов Ш. мисли пештара дар минтакаи бехатарии сафорат, ки танхо кормандони хоричи хукуки ба он чо дохил шуданро доштанд, бемалол гаштугузор мекарду дар барои ашхоси барояш номакбул аз хисоби кормандони махалли маълумоти бадномкунанда чамъовари менамуд. Дар ин кор барояш чун харвакта Ваххобова М. ёри медод. Кормандони сафорат, ки аллакай аз сахтгирии хонум Т. Чейкобсон огахи доштанду уро хамчун зани «оханин» ва принсипнок мешумориданд, муносибаташро нисбати Шохину Маяхон дида, хайрон мешуданд. Чи тавр бо ин хама дуздию ханноти Асадов Ш. забони сафири навро ёфта бошад? — ба хамдигар савол медоданд онхо. Хамон вакт дар байни ходимони сафорат овоза пахн шуд, ки калонигарии Асадов Ш. ва Ваххобова М. дер давом нахохад кард. Вокеан, хамин тавр хам шуд.
    Чанде пеш аз номи як гурух шахрвандони Точикистон ба унвони сафири ИМА дар ЧТ хонум Т. Чейкобсон аризаи шикояти нисбати каллобии Ваххобова М. ворид гардид. Маълум шуд, ки вай чун харвакта даст ба ханноти зада, ба харидуфуруши раводидхои ИМА ва Канада машгул будааст. Аз руи шуниди ман муфаттишони сафорати ИМА дар Точикистон ба тафтиши шикояти мазкур машгуланд. Гайр аз ин, нисбати Ваххобова М. аз тарафи макомоти корхои дохили парвандаи чинояти огоз гардидааст. Дар нихояти кор хамаи ин боис гардид, ки рохбарияти сафорати Амрико нисбати корманди худ Ваххобова М. изхори нобовари эълон кунад. Тибки карори онхо новобаста аз натичаи тафтиши казияи мазкур Ваххобова М. бояд аз кор ронда шавад.
    Бале. Дигар хел шуданаш хам мумкин нест, чунки барои сафири ИМА дар ЧТ хонум Т. Чейкобсон кору аъмоли нангини як нафар шахси ханнот ва фиребгар аз обрую нуфузи як давлати абаркудрати дунё мисли ИМА хеч вакт боло намеистад. Ман фикр мекунам, ки Ваххобова М.-ро ин навбат на пушту панохи «бузургаш» дар симои Асадов Ш. ва на «корти сабзи» у аз чавобгари халос карда наметавонанд. Зеро худи Асадов Ш. низ бо фиребгарию ханнотиаш ном бароварда, аз боварии хонум Т. Чейкобсон кайхо баромадааст. Холо сафири Амрико ба хуби дарк кардааст, ки тамоми саъю кушишхои дипломатиашро дар рохи рушди хамкорихои судманд миёни Амрикою Точикистон ва натичахои назарраси ин муносибатхо Асадов Ш. ва Ваххобова М. барин кормандони бевичдон ва таъмачуй ба нести бурда, бо ин аъмоли нангинашон на танхо обрую эътибори сафорати ИМА, балки шаъну шараф ва шахсияти маъруфи хонум Т. Чейкобсонро низ ба замин мезананд.
    Инак, маълум шуд, ки овозахо дар хусуси пайдо шудани чанчоли навбати дар сафорати ИМА дар Точикистон бесабаб набудаанд. Дар хотима, ба фикри ман, хотиррасон шудани маколи машхури халкии «як бор части малахак, ду бор части малахак, охир ба дасти малахак!» айни муддао мебошад.

    комментарий от Эгамбердиев Чамшед | 10.03.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: