ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Чаро Чароғи рузгор?

Дуруд ҳамватанони азиз!!!

Шояд бо дидани ин номи сомона ба хотири ҳар хонанда аввалин  рузномаи  хусусии Додочони Атовулло ояд. Не, ин «Чароғи руз» нест. Ин Чароғи рузгори зиндагии мардуми Точик аст.

Аммо шояд бархи дигар пай баранд, ки мо таҳиягарони ин сомона ба хотири камбуди барқ ва рушной чунин номгузорй намудаем. Оре, дар ҳоле ки барқ мушкилоти рақами яки Точикистон аст, мо тасмим гирифтем, ки ба чароғи маърифат ба дили ҳамнавардону ҳамватанон рушанй андозем. Бо тамоми масъулият иброз медорем, ки ин сомона танҳо барои фардои миллат, фардои гулгулшукуфонии Ватани азиз сохта шудааст. Мо аз касе қасосу ниқор надорем. Ба хотири касеро мавриди накуҳишу сарзаниш ва таҳқир қарор додан, мо ин чо чамъ наомадаем. Аммо як чизи аз ҳама муҳимро бояд гуем, ки агар нуқсе дар ягон чойи хоки Ватан ҳаст,  мо ба он ҳатман рушанй хоҳем андохт. Қатъй назар аз он ки чй касе дар он макон роҳбару сарвару директору ректор аст. Аспи рахши танқидии мо ҳамон су хоҳад давид. Ин минбари кулли Точикону Точикистониён аст. Мо бидуни мамониат ва қатъяити миллату нажоду эътиқод маслиҳату машварати бародарону хоҳарони азизро ки барои пешрафти Точикистони азизу якто нигаронида шудааст, ба инобат хоҳем гирифт.

Ба қонунҳои кишвар ва санадҳои байнулмилал арч мегузорем, дар чаҳорчубаи он амал хоҳем кард. То зинда ҳастем барои ОЗОДИИ СУХАН мубориза хоҳем бурд. Пеши роҳи моро ҳеч чиз нахоҳад гирифт. Мо озодтарини озодҳоем, зеро ғуломи қонунем. Бале, ғуломи қонун. Алайҳи ноадолатй бо ҳамин гурзе, ки қонунгузории кишвар бароямон додааст (манзур қонунҳои чорияи Точикистон) ба сари ҳар ноадолатй бераҳмона хоҳем фаровард.

Ба хотири фардои рушани Точикистони азизу беҳамто! 5.октябри соли 2008. Хучанд

1 комментарий »

  1. salom alaikum ba hama ham vatanonia ziz: voqean imruzho torik ast boyad bo charogi ruz peshi poyamonro ruvshani kunim manzur az toriki hamin ki jinoyathobuzurgeki dar tojikistoni azizamon rukh medihad. ozizui man inast ki milati mo sarbulan va giromi boshand mo agar hama bo ham dast boloi das bugzorem hama chiz faroham meshavad man chandin sol ast ki az vataniazizam ba khotiri faqr dar kishvar hoi khorij ovoravu darmonda zindagi mekunam agar mo boham mutahid boshem metavonem yak davlati shoyesta boshim man medonam ki tak- taki mo shikoyat doraem vale dahon boz namekunem chun metarsem charo tazohurot dar yagonjoi kishva anjom namegirad chandin nafar az sarmo ba halokat rasidand dar bemoristonho va dar digar johoi kishvar hato dar bemoristonho quvai barq nest boyad raisi jumhur khijolat bikashad to khun daragi most boyad raroi kishvari azizamon talosh kunem muhim tarin korimo inast ki farzandonamonro trbiyatkunem: :::khudo hofiz

    комментарий от duktur | 13.12.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: