ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Сатр, пахта ва академик Раҳмонов

Нуқсҳои вақти ахири соҳаи маорифро дида, кас ба хулосае меояд, ки дар вазорату идораву шуъбаҳои маориф сатри авратро аз сару либоси миллй фарқ карда наметавонанд. Ба фикри масъулини соҳаи маориф сару либоси миллие, ки духтарони муҳассила ба бар кардаанд, латма ба дунявй будани сифати давлатдории Точикистон мезананд. Аммо эшон ба назар намегиранд, ки Точикистон давлати ҳуқуқбунёд низ ҳаст. Дар Сарқонун ишора ба дахлнопазир будани ҳуқуқи фитрии ҳар шаҳрванд кафолат дода шудааст. Пас ихтиёри пушиш ба ҳуқуқи фитрй шомил шавад, чаро дар вазорати маорифи кишвар ин нуктаро нодида мегиранд? Оё қарори вазири маориф аз қонун болост?

Қарори вазир аз қонун боло шуд

Дар қароргоҳи ҲНИТ дар вилояти Суғд нишасти матбуотй баргузор гардид, ки дар он масъалаи сатри аврат ва аз мактаб берун кардани духтарони ҳичобпуш мавриди таҳлилу баррасй қарор гирифт.

Муовини аввали Раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд Муллоаббос Рачабзода аз ин тасмими вазири маориф ва мактабдорон изҳори нигаронй намуд. Сабаби гирд омадани волидон, хонандагони макотби вилоят ва масъулини ҲНИТ он буд, ки ба унвони бахши вилоятии ҲНИТ беш аз 20 ариза дар бораи поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон дар масъалаи пушидани либос ворид гардидаасит. Аз гуфтаи оқои М.Рачабзода қисмати зиёди ин даъвоҳо баъди пофишории аъзоёни ҳизб ва мулоқоти онҳо бо сарварони мактаб ҳалли хешро ёфтааст.

Аз суҳбати хонандагон ва волидайн аён гардид, ки онҳоро барои пушидани чунин либос ҳеч кас мачбур накардааст. Танҳо онҳо мехоҳанд аҳкоми шариатро риоя карда, тадрисро идома диҳанд.

Як тан аз иштирокчиёни ин маҳфил- Нозимчон Раҳматов, ки хоҳараш дар мактаби №3 таҳсил мекунад мегуяд:

-Ман баъди он ки хоҳарамро маҳз барои пушидани чунин либос аз мактаб берун карданд, ба мактаб ташриф оварда, хоҳиш кардам, то ин ки монеаи таҳсили у нагарданд. Вай бо баҳои аъло мехонад ва сардори синф мебошад. Маҳз барои ҳичоб уро аз мактаб берун кардан ва аз тадрис дур мондани у кори носавбест.

Ҳафиза Ҳотамова хонандаи синфи 6, мактаби таҳсилоти умумии №3 буда, ин амри маъмурияти мактабро чунин шарҳ медиҳад:

-Маро танҳо бо чурми он ки сатри аврат мепушам, ба мактаб ворид шудан нагузоштанд. Чонишини сарвари мактаб таъкид кард, ки ҳичобро аз сар гирифта, баъд вориди мактаб мешавй. Ман ҳайронам ва намехоҳам бе сатри аврат гардам. Чанд рузе аз таҳсил дур мондам, дар мактаб сардори синф ҳастам ва бо баҳои аъло мехонам. Мехоҳам таҳсилро дар мактаҳои олии кишварамон идома диҳам ва ҳамчун шаҳрванд барои ободй ва ояндаи Точикистон хидмат намоям.

Даврончон Рабиев, сокини маҳаллаи «Раззоқ» аз он ки духтараш Азизахон Рабиеваро аз мактаб рондаанд, шикоят кард. Аксари муаллимон талаб доранд, ки баробари вориди мактаб шудан сатри авратро гирифта, баъд ба синфхона дароед. Аммо, алҳамдулиллоҳ, мо мусалмонем ва духтарони ба балоғатрасида бояд тибқи фармудаи шариати ислом либос пушанд. Мо онҳоро мачбур намекунем, балки худи онҳо хостори онанд, ки бо сатри аврат тадрисро идома диҳанд.

Абдунабй Қодиров, сокини чамоати ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобочон Ғафуров низ изҳор дошт, ки духтари у Сабоҳат Қодирова дар синфи нуҳум, мактаби таҳсилоти умумии №12 таҳсил мекардааст.

-Се-чаҳор руз инчониб у ба мактаб намеравад ва сабаби асосии дур монданаш аз тадрис сатри аврат мебошад. Чонишини директор талаб дорад, ки бе сатр ба мактаб ояд ва дар дарсҳо сатрро кашида, баъд нишинад. Ман намехоҳам ҳуқуқи фарзанди ман поймол гардад ва тибқи Сарқонуни Чумҳурии Точикистон, ки болотар аз ҳама дастуру супоришҳо мебошад, у тадриси хешро бояд идома бидиҳад.

Дар ин нишаст намояндаи Маркази чомеаи шаҳрвандй Моҳинисо Ҳорисова баромад карда, таъкид кард, ки хуб мешуд ба ин чамъомад намояндагони ҳукумат, прокуратура ва маориф даъват карда мешуданд. у таклиф пешниҳод кард, ки дар яке аз чаласаҳои Маркази чомеаи шаҳрвандй бо иштироки намояндагони аҳзоби сиёсй, кормандони прокуратура, маориф ин масъала мавриди баррасй қарор дода шавад.

Вазорати маориф+вазорати кишоварзй=?

Ин ки дар руйхати академикҳо Бобочон Ғафуров, Муҳаммад Осимй, Муҳаммадчон Шакурй ва дигар нобиғагон номи муҳтарам вазир Абдучаббор Раҳмонов шомил шуд, аксари коршиносон ин падидаро рушди минбаъдаи соҳаи маориф унвон карданд. Аммо тавре аз гуфтаҳои боло метавон он табли шодиҳои коршиносонро вожгуна дид. Дар мисоли донишчуй Давлатмоҳ Исмоилова бигзор гуфтем, ки масъалаи сатрро ҳатто натавонист мақомоти суд ҳал кунад. Шояд метавон чунин масъаларо бо як даст афшондан, ба як шохаи рукни мактабдорй овезон кард. Зеро муҳассилаҳои сатрпуш ҳузури мизу курсии мактаб менишинанд. Аммо масъалаи пахта, ки ҳомили гардани соҳаи кишоварзист, чи рабте ба истифодаи қувваи донишчуён метавонад пайдо бикунад?

Талаботи моддаи 19 Қонуни ЧТ «Дар бораи маориф»-ро кй риоя намекунад, вазорати маориф ё қонунгузор? Тибқи талаботи қисми 2-и ҳамин модда дар муассисаҳои давлатии таълимй аз ичрои вазифаи асосй дур сохтани омузгорон, чалби хонандагон, тарбиятгирандагон ва донишчуён ба корҳои саҳрой ва дигар корҳои ба таълиму тарбия вобаста набуда, манъ аст.

Ё вазири муҳтарам А.Раҳмонов ва чанд омузгор ё олиме, ки имруз дар курсии парлумон фаъолият доранд, бояд ба таври асоснок аз тачрибаи 17-солаи истиқлолият ба ҳукумати кишвар, Мачлиси Олй нома пешниҳод намоянд, ки ба моддаи 19 Қонуни ЧТ «Дар бораи маориф» тағйирот дароранд, ки чалби донишчуён ба корҳои кишоварзй аз чумла пахтачинй чоиз гардад. Чаро ҳуқуқи ҳазорҳо донишчуёнро поймол намуда онҳоро ба пахтачинй тибқи як «мурочиат» сафарбар менамоем?

28 августи соли равон намояндагони ташкилотҳои чамъиятии чавонон, воситаҳои ахбори омма ва аҳли чамоатчигии вилояти Суғд дар мизи мудаввари «Ҳуқуқ ба таҳсил ва меҳнати ичбории донишчуён» дар мурочиатномаи қабулкардаашон ба унвони раиси вилояти Суғд, раисони шаҳру навоҳй, ректорон ва дастандаркорони шимоли Точикистон низ меҳнати ичбории донишчуёнро маҳкум намуданд. Фикри ғолиб ин аст, ки обро на аз поён соф мекунанд, балки аз боло. Боз ҳалли ин даъвй дар сатҳи вазири маориф меистад, ки у аз ҳукумат хоҳиш кардааст, ки барои сафарбар намудани донишчуён ба пахтачинй ичоза бидиҳанд. Солҳост, ки вазорати маориф яке аз принсипҳои асосии сиёсати давлатро дағалона поймол месозад ва гиламанд аз журналистон мешавад, ки гуё ВАО сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишварро ба хорича сиёҳгуна нишон медиҳад.

Дар кишвари Чин соле 10 миллион тонна ва дар ИМА соле то 6 миллион тонна пахтаи маҳиннах истеҳсол мешавад. Чаро дар ин мамолик сафарбаркунии мактаббачагону донишчуён ба пахтачинй ба чашм намерасад? Ин дар ҳолест, ки Точикистон соле базур ним миллион тонна пахта ба даст меоварад.

Аз пахта кй фойида мебинад: деҳқон ё фючерист?

Тибқи талаботи қисми 6 моддаи 4 Қонуни ЧТ «Дар бораи маориф» яке аз принсипҳои асосии сиёсати давлатйдар соҳаи маориф ин дастрас будани маълумот, ҳимояи шахс аз ҳама гуна маҳдудиятҳо дар соҳаи таълиму тарбия мебошад. Пас муддати беш аз ду моҳи сафарбар намудани донишчуён ба мавсими пахта мо ба дастрас кардани маълумот ё аз худкунии дониши онҳо маҳдудият эчод мекунем, пас инро кадом мақомоти давлатй назорат мекунад?

Аз панч соли таҳсил дар макотиби олй ҳар сол 2 моҳ яъне 1 соли худро дар таътил ва боз аз 5 соли таҳсил 2 моҳй — 1 солаш пурра (!) ба пахтачинй мегузарад, пас чаро роҳбарони макотиби олй ба Вазорати маориф пешниҳод намесозанд, ки ихтисоси иловагии донишчуён, яъне «пахтачин»-ро ба диплом дар бораи маълумот ва ихтисос нависанд. Пас чаро ин ҳолатро мо дар моддаи 20-и Қонуни ЧТ «Дар бораи маориф» дохил намесозем?

Муддати 17 сол аст, дар давлати дунявй, демократию ҳуқуқбунёд мо донишчуёнро бо «ташаббуси худашон» ба майдонҳои пахта сафарбар менамоем ва деҳқони бечора, яъне падарони донишчуён аз фючеристон, на давлат (!) беш аз 500 млн. доллар қарздор ҳастанд.

Роҳбарони хочагиҳо, ки ба манфиати фючеристон меҳнат менамоянд, оре боре барои донишчуёни пахтачин хуроки бепул дар давоми сол ташкил кардаанд, ё ба пардохти шартномаи таҳсили онҳо дастёрй намудаанд? Ҳол он ки ба худи деҳқон маблағи сарфу харчи бурдану овардану таъмини амнияту хуроквориву ҳазору як майдаву чуйдаи дигар пардохт гардад, аз донишчуйон ҳам дида тезтару басифаттар пахтаро сари вақт саришта мекунад. Инро хонандаи клосси як низ метавонад «гарантия» диҳад.

Ку пули ду моҳи шартнома?

Фисади зиёди донишчуёни кишвар, ки барои 10 моҳ маблағи шартнома месупоранд, пас ин маънии он аст, ки у барои 10 моҳ гирифтани маълумот ҳуқуқи комил дорад. Агар аз ин 10 моҳ ду моҳи пахтачиниро «минус» кунем, маблағи ду моҳи шартнома дар чуяҳои пахта сарф мешудааст. Аз ин коргузорй метавон чунин хулоса кард, ки бечора донишчу барои ду моҳи пахтачинй низ маблағ месупорад. Вазорати маориф оё ин ду моҳро чуброн карда метавонад?

Дар зарфи 17 соли истиқлолияти миллй донишчуён бе танаффус ба хочагиҳои пахтакор дасти ёрй дароз намуданд, оё ягон раиси хочагй ё фючерист дар назди ягон донишгоҳ ошхонаи имтиёзноки бепулро барои донишчуёни пахтачин ташкил кардаанд? Соли гузашта бахши вилояти суғдии ҲХДТ чинакчиёни пешқадамро ба Туркия фиристонида буд.

Маъзарат, лекин…

Муҳтарам академик! Дар Низомномаи вазорати маорифи чумҳурй ягон банд ҳам оиди сафарбар намудани донишчуён ба корҳои кишоварзй, аз чумла, пахтачинй зикр нашудааст. Дар сохтори Дастгоҳи марказии вазорати маориф низ ягон идора бо номи равобити умури кишоварзй вучуд надорад. Дар «Ахбор»-и Вазорати маорифи ЧТ, ки аз Сарқонуни кишвар то санадҳои ҳуқуқию меъёрии соҳаи маорифи ЧТ фароҳам овардааст, ягон асоснокии қонун дар бораи чалби донишчуён ба мавсими пахтачинй дида намешавад. То ба ҳол вазорати маориф аз аз аз ошкоркунии ҳаққи пардохти маблағи шартнома, ки дар саҳрои пахта мегузарад худдорй менамояд. Ҳаққи пардохти ду моҳаи таҳсил ба кучо меравад, магар ин қонуншиканй нест, охир донишчу танҳо барои таҳсил маблағ месупорад, на барои ду моҳи пахтачинй?

Ҳол он ки тибқи талаботи кодекси меҳнати чумҳурй бояд миёну коргару корфармо аз лаҳзаи авввалин рузи шуруъ намудан ба меҳнат бояд, ки шартномаи тарафайн вучуд дошта бошад. Тибқии талаботи моддаи 56 Кодекси меҳнати ЧТ корфармо вазифадор аст, ки ба ҳамаи кормандоне, ки дар ташкилот зиёда аз 5 руз кор кардаанд, дафтарчаи меҳнатй кушоянд. Дар ин сурат миёни ҳар донишчуё ва хочагии пахтакор шартномаи вижае бошад, ки аз ҳуқуқҳои коргарии донишчуё ҳимоят шавад. Магар муҳтарам вазир, шумо ин беҳуқуқии шогирдонатон-донишчуёнро мебинед? Агар ҳа пас ку дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандии донишчуйон?

Тибқи талаботи моддаи 60 Кодекси меҳнати ЧТ давомнокии вақти кор дар як ҳафта набояд аз 40 соат зиёд бошад. Барои кормандони синни аз 15 то 16 сола 5 соат, аз 16 то 18 сола 7 соат дар як руз муқаррар шудааст.

Пас академики муҳтарам, огоҳй доред, ки бечора муҳассилин аз субҳи содиқ то фуру рафтани офтоб бидуни рузи истироҳат кор мекунанд?

Хуб, дар мавсими пахта чаро мо ба донишчу ҳуқуқи истироҳатро намедиҳем? Яъне ҳар шахс метавонад дар муддати 1 ҳафтаи корй 1 руз истироҳат намояд, пас оё донишчу-пахтачин истироҳат намоянд, пас оё донишчу-пахтачин истироҳат карда метавонад?

Медонам, ки ин гуфтаҳои ҳеч гоҳ посухи худро нахоҳанд ёфт. Бо вучуди ин, он чй аз руйи қонун ва виждон буд, гуфтем. Вассалом!!!

Реклама

05.10.2008 - Posted by | Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: