ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Чаро «Чароғи рузгор»?

Ба чойи пешгуфтор

Дуруд ҳамватанони азиз!!!

Шояд бо дидани ин номи сомона ба хотири ҳар хонанда аввалин рузномаи хусусии Додочони Атовулло ояд. Шояд бархи дигар пай баранд, ки мо таҳиягарони ин сомона ба хотири камбуди барқ ва рушной чунин номгузорй намудаем.

Оре, дар ҳоле ки барқ мушкилоти рақами яки Точикистон аст, мо тасмим гирифтем, ки ба чароғи маърифат ба дили ҳамнавардону ҳамватанон рушанй андозем. Бо тамоми масъулият иброз медорем, ки ин сомона танҳо барои фардои миллат, фардои гулгулшукуфонии Ватани азиз сохта шудааст. Мо аз касе қасосу ниқор надорем. Ба хотири касеро мавриди накуҳишу сарзаниш ва таҳқир қарор додан, мо ин чо чамъ наомадаем. Аммо як чизи аз ҳама муҳимро бояд гуем, ки агар нуқсе дар ягон чойи хоки Ватан ҳаст,  мо ба он ҳатман рушанй хоҳем андохт. Қатъй назар аз он ки чй касе дар он макон роҳбару сарвару директору ректор аст. Аспи рахши танқидии мо ҳамон су хоҳад давид. Ин минбари кулли Точикону Точикистониён аст. Мо бидуни мамониат ва қатъяити миллату нажоду эътиқод маслиҳату машварати бародарону хоҳарони азизро ки барои пешрафти Точикистони азизу якто нигаронида шудааст, ба инобат хоҳем гирифт.

Ба қонунҳои кишвар ва санадҳои байнулмилал арч мегузорем, дар чаҳорчубаи он амал хоҳем кард. То зинда ҳастем барои ОЗОДИИ СУХАН мубориза хоҳем бурд. Пеши роҳи моро ҳеч чиз нахоҳад гирифт. Мо озодтарини озодҳоем, зеро ғуломи қонунем. Бале, ғуломи қонун. Алайҳи ноадолатй бо ҳамин гурзе, ки қонунгузории кишвар бароямон додааст (манзур қонунҳои чорияи Точикистон) ба сари ҳар ноадолатй бераҳмона хоҳем фаровард.

Ба хотири фардои рушани Точикистони азизу беҳамто!

 Инак, ҳайъати эчодии ин сомона:

Набиюллоҳи Суннатй-муассис ва сардабир;

Мушовир ва роҳнамои мо-Чура Юсуфӣ (журналисти маъруф ва шоири шаҳири точик)

Абдуқодири Гелонй-муовини сармуҳаррир;

Дилошуби Тоҳириён-муҳаррири масъул; 

Фитрати Ҳикмат-мудири бахши сиёсат;

Назокати Иброҳим-мудири бахши иттилоот ва таҳлил:

Фирдавси Аъзам-хабарнигор (паҳнои Зарафшон)

Аслинисои Ҳикмат-хабарнигор;

Шаҳнози Равшан-хабарнигор (Ирон);

Гавҳари Юсуф-хабарнигор:

Фархундаи Фурқатдухт-хабарнигор;

Шаҳодат Юсуфй-хабарнигор;

Ҳалимчон Ҳомидов-веб-мастер

05.10.2008 - Posted by | Тоҷикистон

3 комментария »

  1. Дуруду паём ба хама дастандаркорони сомонаи Чароги рузгор.
    Дар вокеь таьсиси чунин як сомона дар ин даврони торики ба гуфти огои Суннати рушани бахшидан ба кулуби хар як шахрванди азиз аст.Мо шодем ва умед бар он мекунем, ки икдоми пешгирифтаи ин хайати эчодии сомона устувору пойдор хохад буд ва бо навиштачотхои рушанибахшу хакикатбахш ояндаи моро муаррифи хохад намуд.Зимнан, ахли эчоди сомонаро табрирк мегуям ва таманнои сарбаландии хар яки онхоро мекунам.Тавфик рафик бод навоварони карни 21!

    комментарий от Firdavs | 05.10.2008

  2. Салому дуруди бепоён нисоратон бод!!!
    Худованд дар ин рохи пешгирифтаатон мададгоратон бошад.
    Чандин аср мурда мурда дар замин гов мерондем, то шудгор шавад. Ахирон ба мо трактор доданд. Бо захмати зиёд махсулотамонро гун мекардем, дигархо ба хулосае омаданд, ки ба мо комбайнхо диханд. Ба ин минвол аз компутер хату хабар надоштем, ин неъматро низ насибамон гардониданд. … Яъне мо танбалхоем, ки нонро мехоянду дар дахонамон мегузоранд, пас мачбури фуру мебарем.
    Интернет низ чунин аст. Оварданду ба мо доданд. Дар катори мо бародарони узбаку афгон низ аз ин неъмат бебахра нестанд. Узбакхо тамоми фарханги точикро ба воситаи интернет ба чахон моли узбак гуфта муаррифи карданд. Афгонеро, ки кашшок мегуем, интернетро бо тамоми будаш тасхир кард.
    Тракторхо фарсуда шуданду боз дар дехахову сахро заминро бо гов меронанд. Комбайнхо аз кор баромаданду гандуму пахтаро бо захмати даст мегундоранд. Вале чи мегуед, ки холо компутерхои аксари мактабхои дехаро аз когазаш накушодаанду истифода намебаранд. Аксари компутерхои вазоратхонахо бо шабакаи интернет васланду аз маводхои русиву узбаки истифода мебаранд. Камтарин шоир ё нависандаи афгону эрони дар интернет веблогхои худро доранд, адибони точики мо холо хам дар сар фикри аъзо шудан дар Иттфоки нависандагонашонро мепарваранду аъзоёнаш галстукро нишони зиёи будан медонанд.
    Аз ин ру хело ва хело шодам, ки як сомонаи точики дар ин бахри бекарон зиёд шуд. Худо кунад, ки як сомонаи сирф милли шавад ва равшании ин чарог зиёбахш бошад, барои оянда.

    комментарий от Рашод | 06.10.2008

  3. Дуруд Фирдавс ва Рашоди азиз!
    Аз он ки кадам ранча кардед, шукргузорам.
    Фирдавси азиз, мо низ умедворем, ки гарчанд хонахоямон торик аст, калби моён рушан бошад.
    Рашод хеле олй мефармоед, ки имруз нависандагону шоирони мо ба чуз хавои аъзо шудан ба Иттифоки нависандагон дигар чизе др сарашон нест.
    Ин масъалаи хубест, ки матрахи вижаро талаб мекунад. Иншоолох ягон руз сари ин масъала низ баъс хохем орост.

    комментарий от tojikona | 06.10.2008


Оставьте комментарий