ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Аҳзоб мехезанд аз хоб ё…!?

Муаллиф Чура ЮСУФЙ

 *ҲХДТ: Ба доди мардум нарасй, аз вазифа меравй!

*ҲНИТ: Кабирй дар Русия чй мечуяд?

*ҲСДТ,  ҲДТ ва қазияи Фаластину Исроил

*Хоби пиронаи ҲКТ ва карахтии ҲСТ

*ҲАТ-у ҲИИТ кай лозим мешаванд?

 

Моҳи  сентябр се чиз таваччуҳи маҳфилҳои сиёсиро боз ба мавчудияти ҳизбҳои Точикистон чалб кард.

Якум, чонишини аввали раиси Ҳизби халқй-демократии Точикистон Давлаталй Давлатзод изҳор дошт, ки аз моҳи октябр сар карда, дар ноҳияву шаҳр, марказҳои вилоятҳо ва пойтахти кишвар  ҳизб қабулгоҳҳои шаҳрвандонро ташкил мекунад. Дар ин қабулгоҳҳо аъзои ҲХДТ, ки намояндагони мачлисҳои ноҳиявй, вилоятй, вакилони Мачлиси намояндагон ҳастанд, арзу шикоят, пешниҳоду дархостҳои шаҳрвандонро қабул карда, барои ичрои онҳо талош меварзанд. Албатта, ин иқдоми ҳизби ҳукмрон, ки дар парламон ва мачлисҳои маҳаллй аксарияти мутлақро ташкил медиҳад, шоистаи дастгирист. Хусусан, ки мардум аз кордории мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатй дар маҳалҳо қонеъ нестанд ва аксар, тавре ки номаҳои шикоятии ба унвони ҳафтаномаҳои кишвар ҳам шаҳодат медиҳанд, барои ҳалли чузъитарин масъалаҳо мачбур мешаванд, ба мақомоти болои боло мурочиат кунанд. Чунончи, муйсафеде барои ҳалли масъалаи 0,02 га замин ду сол дари идораҳои ноҳиявиро ба қавле охурча кард, вале ба додаш нарасиданд ва акнун ба худи Президенти мамлакат нома навиштанист…

 Давлаталй Давлатзод мансабдорони сатҳҳои гуногуни ҳокимиятро, ки узви ҲХДТ ҳастанд, ҳушдор дод, ки «дар сурати камтаваччуҳй ба арзу шикояти мардум аз ҳизб хорич карда мешаванд» ва ин маънии аз мансаб рафтанро ҳам дорад.

Коршиносони масоили сиёсй бар ин бовар ҳастанд, ки ин ибтикори ҲХДТ нахустин қадаме дар шоҳроҳи интихоботи парламонии соли 2010 хоҳад буд. Ҳизб бо дастгирии мақомоти ичроия (нашрияи «Минбари халқ»-и он дар руихати чаридаҳои обунаашон ҳатмии расмй дар қатори аввалинҳост) ва 115 ҳазор нафар (!) аъзои худ аз лиҳози молиявй устувортарин ба ҳисоб меравад. Ба андешаи ин чониб, акнун сарварони ҲХДТ барои устувории маънавии ҳизби хеш тадбирҳои чиддй диданиянд, зеро афзоиши бесобиқаи нархи наво ва наздик омадани зимистони, эҳтимол, ин дафъа ҳам сарду бе обу барқу газ обруи вазирону раисону вакилони халқй-демократиро сахт коҳиш бидиҳад. Ҳоло, ки аъзои мансабдори ин ҳизб дар сояи давлати обрую эътибори воқеии Президент Эмомалй Раҳмон, ки ҳамзамон Раиси ҲХДТ мебошад, ҳукмронй доранду камтар ба доду арзи мардум гуш медиҳанд, дар интихоботе, ки баъди ду сол баргузор хоҳад гардид, оё сазовори боварии аксарият мешуда бошанд? (Албатта, дар сурати воқеан демократию озоду шаффоф баргузор шудани он интихобот.)

Дуввум, ҳодисаи сиёсии марбут ба аҳзоб сафари Раиси Ҳизби наҳзати исломии Точикистон, вакили Мачлиси намояндагон Муҳиддин Кабирй аз 19 то 24 сентябр ба Русия буд. Чавонтарин пешвои ҳизбии кишвар дар шаҳрҳои Қазон, Уфа, Санкт-Петербург ва Маскави Федератсияи Русия бо намояндагони муҳочирони точик мулоқоту вохуриҳо карда, аз мушкилоти онҳо, ки аксарияташон дар шароити беҳад душвори ичтимоию амниятй барои пайдо кардани ризқи худу хонаводаҳояшон заҳмати чонкоҳ мекашанд ва заҳри ғурбат мечашанд, бевосита огоҳ шуд. То у чунин амалро лидери ҲХДТ, Президенти мамлакат Эмомалй Раҳмон ба Русия анчом дода буд.

Маҳз дар чанд руз пеш аз сафари Муҳиддин Кабирй дар шаҳри Дзержинскийи вилояти Нижний Новгороди  Русия ваҳшиёна ба қатл расонда шудани донишчуи точик Беҳруз Мирзоев шаҳодати он аст, ки ҳануз муҳочирони мо хешро дар ин кишвари «дуст, бародар ва шарики стратегй» бегонатар аз бегонаҳо эҳсос мекунанд. Ҳарчанд мо дар бораи мулоқоту суҳбатҳои сарвари ҲНИТ бо ғарибонамон маълумоти кофй надорем (охир у вакили Мачлиси намояндагон бошад ҳам Президент нест, ки шабакаҳои садову симои кишварамон дастчамъона сафари уро инъикос намоянд), вале тахмин кардан мумкин, ки Кабирй аз ҳадафу вазифаҳои наҳзатиён, махсусан, дар мавриди ҳалли мушкилоти муздурони муҳочир суханоне гуфта бошад. Ба ҳар ҳол ин сафар, хусусан, дар давраи бозгашти  тирамоҳии «паррандагони мусофир»-и точик барои ҲНИТ холҳои сиёсй хоҳад овард.

Дар омади гап, баъзе сарварони мактабҳои таълимоти умумии вилояти Суғд, ки аксарияташон узви ҲХДТ ҳастанд, ба хазинаи ҲНИТ ноогоҳона чунин холҳои иловагиро ҳадя карданд. Гап сари он, ки онон муборизаро алайҳи толибаҳои сатрпуш аз ҳад гузаронда, тавсияи вазорати маорифро дар бораи либоси ягонаи мактабй аз Конститутсия ҳам боло гузошта, чунин духтаронро ба мактаб роҳ намедиҳанд, яъне ҳуқуқи ба таҳсил доштаашонро поймол мекунанд. Духтарони мазкур ва волидону хешовандонашон чанде пеш ба бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд мурочиат карда, нишасти матбуотй оростанду аз монеасозии сунъии сарварони баъзе макотиби ноҳияи Бобочон Fафуров ва шаҳри Хучанд шиква карданд. Наҳзатиён чанде аз духтарони бо назардошти фармудаҳои мазҳаби Имоми Аъзам (р) либоспушидаро бо таку дави зиёде ба макотиб барқарор карданд, аммо ҳануз толибаи аълохони синфи 6, мактаби таҳсилоти умумии № 6-и шаҳри Хучанд  Ҳафиза Ҳотамова ва 11 нафар толибаи дигар дар макотиби ин шаҳру ноҳияи Бобочон Fафуров шахсони мамнуъвуруд, «нон-грат» мебошанд. Фаъолони ҲНИТ дар вилоят барои барқарории ҳақи қонунии онон тавассути мурочиат ба мақомоти марбута талош карданианд.

Саввум чизе, ки барои банда ва шояд аксари нозирони вақоеъи сиёсии чумҳурй ғайри интизор буд, ба масъалаҳои байналхалқй мурочиат кардани ду ҳизби шинохтаи кишвар аст. 23 сентябри соли равон дар сомонаи интернетии «Ирони шарқй» муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирчон Ҳакимов ба саволи хабарнигор Қосими Бекмуҳаммад дар бораи муносибат дар Точикистон ва умуман, Осиёи Миёна ба Рузи чаҳонии Қудс, ки чумъаи охири ҳар рамазон ба хотири дастгирии ҳақи мусулмонони Фаластин қайд карда мешавад, чунин посух додааст: «Вале аз баҳси Фаластин канорачуй кардани онҳо (кишварҳои мусулмоннишини минтақаи моро дар назар дорад — Ч. Ю.) ба ин далел аст, ки Исроил яке аз шарикони стратегии Амрико дар минтақаи Ховари Миёна мебошад ва мавзеъгирии расмии онҳо метавонад ба наҳваи (тарз, тариқи-Ч. Ю.) муносиботашон бо Вашингтон беасар набошад. Аммо дар ин миён таи чанд соли охир таваччуҳи ҲНИТ ва баъзе аз созмонҳои ғайридавлатй ва расонаҳои мустақили минтақа ба ин мавзуъ дар ҳоли афзоиш мебошад.» Ростй, баъди гирдиҳамоиҳои тобистони имсол дар Бадахшон анчомдода ҲСДТ бо сарварии Раҳматулло Зоиров, ҳарчанд наҳзатиёну демократҳо онро дастгирй накарданд, тавонист ҳизби коршоям будани худро, бо вучуди хеле камшумор буданаш, ба исбот расонад, зеро баъди намоишҳо таваччуҳи Ҳукумат ба ин минтақа бештар шуд. Ҳарчанд бо нияти  нек буд, аз Президенте, ки ҳукмронияшро ғайриқонунй меҳисобад, ба муҳлати ду сол дархост кардани курсии вазири адлия аз чониби Р. Зоиров, фикр мекунам, ба имич ё худ эътибори сиёсии у холҳои чаримавй овард. Акнун шояд муовини у ин холҳоро ба тавассути изҳори назарҳо дар мавриди сиёсати хоричй чуброн карданй бошад?         

 Муовини раиси Ҳизби демократи Точикистон (чиноҳи М. Искандаров) Раҳматулло Валиев ҳам дар ҳамон сомонаи «Ирони шарқй» ба саволи ҳамсон оид ба Рузи Қудс чунин чавоб додааст: «Бо ин ки кишварҳои Осиёи Марказй ва минчумла, Точикистон бо таъкид бар мусулмон будани бештари аҳолии хеш худро мутааллиқ ба чаҳони ислом медонанд, фикр мекунам, набояд дар баробари тақдири Фаластин чун бахше аз дунёи ислом бетараф ва бетафовут бошанд. Баръакс, бояд ҳадди ақалл бо муайян кардани мавзеи худ ба таъйини мунсифона ва одилонаи сарнавишти миллат ва давлати Фаластин мусоидат намоянд.» Ба ҳар ҳол аз ин иқтибос мавзеи ҲДТ дар масоили байналмилалй рушан шуд. Демократҳоро мебояд, ки мисли сотсиал — демократҳо ба масоили дохили кишвар ҳам часуронатар дахолат кунанд. Ба қарибй огоҳ шудем, ки созмони ҲДТ дар вилояти Суғд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо чаласаҳои сайёри раёсати худро ташкил ва неруҳояшро муназзам мекардааст. Ба ҳар ҳол ин созмон, ки нисбат ба мақоми марказияш устувортар баромад ва то андозае ба хилофу чудой роҳ надод, аз интихоботи оянда умедҳое дорад.

Мутаассифона, куҳансолтарин ҳизби сиёсии кишвар-Ҳизби Коммунисти Точикистон каме ба хоби пирона рафтааст ва ҳатто аз боғи Ленини пойтахт кандани ҳайкали пешвои пролетарҳои чаҳон пинакашро вайрон накард.  Ё дигар умеди соҳиби як-ду курсии нарм шудан дар парлумони ояндаро хоб мебинад?

Сотсиалистҳои дуқаноата ҳам гуё дигар хаёли парвоз надоранд, ки аз асосгузори чобуку чолокашон-Сафаралй Кенчаев  ёде намекунанд.

Ва чун анъана Ҳизби аграрии Точикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Точикистонро як-ду моҳ пеш аз интихобот хоҳем дид,…агар лозим шаванд.

Реклама

06.10.2008 - Posted by | Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: