ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Ба саломатй чй муфид: акси президент ё рушной?

Набиюллоҳи Суннатй

«Умратро фурушу рушной бихар»

(мақоли халқ)

Дар таърихи бебозгашти кишвари Точикистон ному насаби Президенти кишвар Эмомалй Раҳмон ба таври бояду шояд сабт мегардад. Зеро, маҳз бо номи у сулҳ ва истиқлолиятро дар ҳама навиштору гуфтор пайванди ногусастанй медиҳанд. Воқеан, дар замони салтанати маҳз президент Э.Раҳмон чанбаҳои худшиносии миллй ва баланд бардоштани мақоми забони точикй ва дастовардҳои иқтисодиву сиёсй ва мактаби вижаи давлатдории Сомониён пиёда гардид. Аксҳо ва шиорҳое, ки дар сари ҳар қадам бо номи Э.Раҳмон пайваст ҳастанд, дарак аз он медҳанд, ки ин ном барои точикон ва Точикистон хидмате кардааст. Мутаассифона дар баъзе навоҳй шиорҳои пучро ба номи президент рабт медиҳанд, ки албатта ин сурату сирати шаҳрдорй ва маданияти он қадар суханвару сухансанч набудани ҳокими ҳамон шаҳрро нишон медиҳад. Танҳо ба хотири тамаллуқ овезон будани он шиор маълуму равшан аст. Албатта мо ин чо дар ин бобат суҳбат намекунем ва агар лозим шавад, дар шумораҳои оянда аксу шиорҳое, ки пучу фач ва албатта Э.Раҳмон онро нагуфтааст, ба хонандагон пешкаш менамоем.

Зеботарин президенти чаҳон

Мушоҳидае, ки ин чо оварданй ҳастем, марбут ба сарлавҳаи мост, ки шояд хонандаро як андоза ба куйи нофаҳмй барад. Аксе, ки мебинед воқеъ дар кучаи Камоли Хучандй хонаи 169, дар ру ба руи хиёбони хоча Камоли шаҳри Хучанд аст. Ин акс дарозои 18 пешайвон (балкон), ки ҳар як пешайвон 2,8 метр (қад) ва 3,5 метр (бар)-ро пушонида, се ошёнаро фаро гирифтааст. Ин акси назаррабо як лаҳзаи сурури Президент Э.Раҳмон аст, ки ҳар меҳмони хоричиро аз он огоҳ месозад, ки сарвари Точикистон кист. Агар аз пеши хонаи 169 диққат диҳем ду даромадгоҳ (подъезд)-ро аз чониби кучаи калон акси Э.Раҳмон пешбандй намудааст. Аз як дид пайхас кардан мумкин, ки аз ин даромадгоҳ шаш утоқ (квартира)-ро акси назаррабо танҳо аз як тарафи кучаи калон аз рушной маҳрум сохтааст. Воқеан ба ҳусни шаҳр ҳусни дигаре зам кардааст.

Дар аввалҳо ва то ба ҳозир агар нафареро ба хиёбони хоча Камол даъват карданй шаведу он кас надонад, ҳатман гуед, ки «хонаи акси президентдорро медонед?», бояду шояд меҳмони шумо раҳгум назанад. Аз руйи ин ориентир дарҳол ёфтанаш мумкин.

Акси президент реклама аст ё таблиғи идеолуж?

Моро суоле гаранг сохт: Оё бошандагони он шаш утоқе, ки дар паси акси Э.Раҳмон мондаанд, хонаашон торик нест? Дар сурати дар хона набудани рушноии табий оё саломатии инсон ба коҳиш намеёбад? Ин акс чанбаи рекламавй дорад ё идеолужй? Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи реклама» чй мегуяд? Агар аз нигоҳи реклама бошад, пас нуқтаи чойгиршавии он мувофиқи қонун аст? Пас бо ин қадар андозаву ҳачм, ки дар Точикистон ва ҳатто Осиёи Миёна акси калонтарини президент ҳаст, бо кадом ҳадаф ин чо гузошта шудааст?

Коршиносон бар он назаранд, ки Э.Раҳмон воқеан нафарест, ки Точикистонро аз вартаи чанги дохилй берун овард ва ин гуна акс ва ҳатто ҳайкал барои у арзанда аст. Коршиноси масоили сиёсй Назари Додихудо зимнан бо он розй ҳаст, ки бигзор чунин акси президент дар ҳамаи вилоёти кишвар бошад.

-Президент Э.Раҳмон воқеан барои халқу миллати Точикистон хидмати арзанда кардааст. Фикр мекунам, ки у сазовори чунин арчгузорй аст.

Аммо матраҳи масъала аз нигоҳи тиббй чй гуна аст ва оё мешавад, ки дар хона комилан рушноии табий набошад? Ҳол он ки дар фасли зимистон комилан барқ набуду бошандагони ин хонаҳои паси акси президент монда, ҳатто рузона бо рушноии шамъ нишастаанд. Тавре яке аз бошандагони ин хона мегуяд:

-Мо ҳатто рузона дар фасли зимистони гузашта бо шамъу чароғи керасинй рузро шаб кардаем.

Паси парда рушанй, дохил чй?

Тобистон дарди ба хайр, илоче карда бо чароғи барқй рузро шаб карда мешавад, аммо зимистон масъалаи дигар. Бо ин ҳама дар чаҳор фасли сол ба одам аз ҳама пеш рушной мадди аввали ниёзи саломатист.

Таҳмина Назарова духтури оилавй ба он назар аст, ки одам аз рузи милод ёфтанаш то ба рузи маргаш ҳамеша ба рушной ниёз дошту дорад, бе рушной мубталои касалиҳои пусту чашм шудан аз эҳтимол дур нест.

-Ба вижа нури офтоб ҳатман ба хона бояд дарояд. Бе нури рушноии табий инсон ба касалиҳо пуст ва маризи «Рахид» мубтало мегардад. Ба вижа бидуни рушноии табий ва нури офтоб, ки витамини D дорад, хирашавии чашм ё то синни 35-45 солагй нобино шудан ба ҳам меояд. Дар сурати ҳамешагй будани рушноии барқ чашм хира мешавад. Нурҳои волфрами он зарари чиддй дорад,-мегуяд духтури оилавй хонум Назарова.

Бархе аз коршиносони масоили соҳаи тиб бар он назаранд, ки бидуни рушноии табий ва офтоб ҳатто инсон бенасл (безурриёт) шуданаш аз эҳтимол дур нест. Бошандагони ин хона чй ақида доранд? Ин акс шояд боиси ифтихору зеб ва ё баръакс боиси торикии дилгиркунанда бошад?

Мо дар ин маврид бисёр мехостем андешаи худи бошандагони паси аксро биёварем. Аммо мутаассифона ба мо на он қадар муяссар гардид.

Акачон, мебахшед шуморо як дақиқа…..

Вақте дареро куфтем марде пас аз матлаби моро шунидан, бо истеза мегуяд:

-Чй ман агар гуям, ки ин акс халал мерасонад, ту канда мепартой?!

Аммо зане (рақами хонааш барои муаллиф маҳфуз аст) аз гуфтани номаш худдорй варзид, норасоии рушной ва рузона бо чароғи барқи ва ё худ дар зимистон бо шамъ нишастанро барои фарзандашон музирр арзёбй мекунад.

-Қазоват кунед, ки ман фарзандони хурдсол дорам. Онҳо ба нури офтобу рушноии табий ниёзманданд. Хеле мехоҳам, ки фарзандони ман дар айни нашъунамои чисмонияшон аз нури офтобу рушноии табий бархурдор бошанд.

Боз ду се дари дигарро куфтем, аммо эшон аз шарҳу эзоҳи масъалаи пеш гузоштаи мо худдорй варзиданд.

Коршиноси масоили ҳуқуқй Маҳмадқули Абдухалил ба он назар аст, ки ин гуна овезон намудани акси Президент мувофиқи қонунҳои марбутаи реклама нест.

-Агар аз нигоҳи реклама гирем, чойи ин акс комилан хилофи қонун аст, зеро он ҳучраҳои паси акс хонаҳои шахсй, ки моликияти шахсй маҳсуб мешавад, аз рушной бебаҳра мемонанд. Лекин як чиз рушан аст, ки ин акс на ба хотири реклама гузошта шудааст. Дар ин чо метавон ба натичае расид, ки ин акси президент ба хотири пиёда сохтани идеолужи ҳукумати кунунй овезон аст.

Коршиноси дигари масоили ҳуқуқй Алии Мачидиён бар он назар аст, ки пешайвони хонаҳои истиқоматй набояд бидуни ризоияти эшон ин гуна аксбандй шавад.

-Агар бошандагони ин хона розигиашонро дар бобати аксбандй намудани пеши хонаашон надода бошанд, албатта нақзи ҳуқуқи эшон аст. Агар дар ин чода розигии ҳар яки сокинонро шаҳрдории шаҳри Хучанд гирифтаву ҳамзамон зарари саломатиашонро чуброн созад, фикр мекунам, ки ин чо поймолшавии ҳуқуқи эшон ба назар намерасад. Барои чуброни саломатии сокинон бояд ҳукумат ҳар сол ва ё вақти муайян ба санаторияҳо эшонро бифристад.

Як нафар роҳгузар, ки худро Олимчон Раҳмонов муаррифй кард, дар ин бобат мегуяд, ки ин акси хуб аст ва шаҳрро оро медиҳад.

-Бинед, чй гуна акси зебову дилпазир аст. Шаҳрро аз будаш боз зеботар нишон медиҳад. Президенти мо зеботарин президенти чаҳон аст. Пас чаро нашавад, ки акси у дар ҳар сари қадам ба чашм бар нахурад. Ман чонибдори инам.

Ба хонанда

Президент рамзу кафили сулҳу субот ва рушной ниёзи аввалияи точикистониён аст. Пас…? Шумо чй фикр доред, хонандаи азиз?

Реклама

07.10.2008 - Posted by | Тоҷикистон

2 комментария »

  1. Маколаи ачиб, вале баъди ин макола такдири сурати президент чи шуда бошад?

    комментарий от Суруш | 27.10.2008

  2. Ташаккур.
    Мо зидди он нестем, ки аксро бигиранд, аммо коре бояд кунанд, ки на сих сузад на кабоб.

    комментарий от tojikona | 27.10.2008


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: