ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Пахтачинй ва ё ғуломони безанчири асри XXI ?

Фирдавси Аъзам

Агар Садриддин Айнй зинда мебуд, шояд ҳатман аз рузгори донишчуёни имрузй повести хубе бо номи «Ғуломони безанчири асри 21» менавишт.

Ба саҳрои пахта сафарбар намудани донишчуён ва толибилмони макотиби олии кишвар аслан як амри ичбори аст. Ин идаоро метавон таькид намуд ки пахта «тиллои сафед» ин асос ва манбаи асосии даромади Точикистон аст, аммо дар чинишу чамъоварии он набояд донишчуёну толибилмонро шомил намуд. Худи марди деҳқон ки онро киштаву парвариш намудааст, метавонад барои чидани ҳосили он камари хидмат бубандад ва аз он дастранчи хеш манфиати бештаре соҳиб гардад. Аммо имрузҳо бар хилофи амри ҳақиқат, донишчуёнро ки қисми зиёдашон бо роҳи «салла» ба донишкадаву донишгоҳҳо шомил шудаанд ва инчунин дар гуруҳҳои шартномавй мехонанд, ба саҳрои пахта мебаранд.

 Хуб, пас инчо суоле ба миён меояд, оё худи донишчуён мехоҳанд, ки таҳсилро як суй гузошта ба саҳрои пахта бираванд? Бо мақсади дарёфти ин посух мо ба чанде аз донишчуён мурочиат кардем.

Як нафар донишчуйе, ки аз гуфтани исми худ худдорй намуд, дар ин маврид мегуяд.

-Ман донишчуйи соли аввали ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ҳастам ва аз деҳа бо он мақсад омадаам, ки то таҳсиламро дар шаҳр идома ва такмил бидиҳам, аммо бо баробари дохил шуданам ва ҳануз, ки дарси дуруст хам нахондаем, моро ба Зафаробод бурдаанд, ки ин ба фикри ман кори дуруст нест. Барои чй мо донишчуён дар якчоягй алайхи масъулини донишгоҳҳо садо баланд карда наметавонем. Қонунгузории кишвар ба мо ҳуқуқи таҳсил ва гирифтани маълумотро додааст. Гузашта аз ин баёни озоди андешаҳоямон низ дар қонунҳои Точикистон таъмин аст-ку.

Аммо Гулрухсор ном донишчуи дигаре аз он нигарон аст, ки бо баробари аз чуяҳои пахта ба донишгоҳ баргаштан, устодону муаллимон ба меҳнати фидокоронаи онҳо нигоҳ накарда, сели дарсҳоро ба сари эшон меборонанд, ки ин чизро ноодилона мешуморад.

-Сафарбар намудани донишчуён ба саҳрои пахта албатта барои аз худ кардани он барномаи таълимие ки вазорати маориф тартиб додааст, халали чиддй мерасонад. Албатта пас аз боз гаштан аз пахтачинй устодон ба муддати 2 моҳи дар саҳро будан нигоҳ накарда, дарсҳои зиёд мегузаранд, ки ин воқеан хастакунанда аст.

Воқеан, сахт ва дарднок аст барои чунин гуруҳи донишчуён, ки аз русто меоянд ва яку якбора ба саҳрои чиниши пахта чалб мегарданд. Бояд тазаккур дод, аксари донишчуён, ки зодаи рустову музофот ҳастанд, аз ин гуна меҳнати ичборй, (манзурам кору бори саҳрову пахтачинй) бисёр кардаанд ва собиқаи хуб ҳам доранд. Вале чун маблағи муайяне чамъ карда ба шаҳр барои таҳсил меоянд, масъулини донишгоҳҳо аз неруву қудрати на фикриву зеҳнй (кош ҳамин тавр мебуд), балки чисмонии онҳо истифода бурда, эшонро ғуломвор гоҳе дар зери сармову гармо кор мефармоянд ва ба ҳамаи меҳнатҳояшон нигоҳ накарда, музди ноодилона медиҳанд.

Маъсуми Муҳаммадрачаб хабарнигори Радиои Озодй сафарбар намудани донишчуён ба пахтачиниро маҳкум мекунад ва ин амалкардро хилофи қонун ва ахлоқ медонад.

Ба пахтачинй сафарбар намудани донишчуён на танҳо аз нигоҳи қонун, балки аз нигоҳи ахлоқй ҳам дуруст нест. Ба хусус донишчуёне ки ба донишгоҳҳо «пули» дохил шудаанд ва ё дар бахши шартномавй таҳсил доранд. Ва аксари эшон барои таҳсили худ пешпардохт намудаанд. Аммо пас аз гирифтани маблағ аз донишчуён ва истифода аз неруи онҳо аз руйи ахлоқ дуруст намеояд. Ҳоло ки ояндаи истиқлоли Точикистон аз дастони чавонон аст, ман фикр мекунам, ки он қадар дуруст нест. Ин на танҳо дуруст нест, балки як иштибоҳи бузургест, ки оянда нишон медиҳад ки то кадом андоза ба истиқлолияти Точикистон зарба мезанад. Тавре ҳамагон иттилоъ дорем, ба пахта рафтани донишчуён имрузҳо ба ҳукми анъана даромадааст ва ман метарсам аз он рузе, ки мақомоти марбута инро дар шакли коғаз, яъне расмй бикунанд. Он гуна ки мо дар чараён ҳастем, вазорати маориф қарори манъ кардани донишчуёнро ба саҳрои пахта бароварда буд, аммо гуё чунин ба назар мерасад, ки гуши дастандаркорони раёсатидонишгоҳҳо пунба гузошта шуда, ки ин қарори вазоратро нашунидаанд.

Абдуқодири Челонй як тан коршиноси чавон истифода бурдани донишчуенро истифодаи ғуломвор медонад ва инро хилофи санадҳои байнулмилал ва низомномаи худи вазорати маориф арзёбй мекунад.

-Шуруъ аз сентябр аз тамоми донишгоҳҳои вилояти Суғд донишчуёнро бо шиори «70 рузи зарбдор дар пахтазор» ба саҳрои пахта чалб менамоянд. Ман фикр мекунам чалби донишчуён, ки мебоист дар донишгоҳҳо таҳсил намоянд, ин хилофи қавонини кишвар ва низомномаи вазорати маориф аст. Ҳамчун як узви чомеа аз ин амали вазорат сад дар сад интикод ва норозигй мекунам. Ман соли гузашта як сафари вижае доштам ба Зафаробод ва аз шоҳиди дар ҳолати бади санитарию маишй қарор доштани донишчуён гардидам, ки ин метавонад хатари гирифторшавии онҳо ба ҳар гуна бемориҳои сироятй гардад. Дар ончо ба унвони мисол макони лоиқе нест, то донишчу битавонад як шустушуйе анчом бидиҳад. Масьулин эшонро танҳо чун ғуломони безанчир истифода мебаранду халос.

Пас суоле ба миён меояд, ки оё Ҳукумати кишвар аз ин амалхои масъулини донишгоҳҳои устони Суғд ва дигар манотиқ огоҳй дорад?

Оқои Челонй меафзояд:

-Онхо комилан воқиф ҳастанд, чаро ки ҳаргиз ректорону директорон бидуни рухсату ҳамоҳангй бо оқои вазир-Раҳмонов ин корро намекунанд.

Хело дарднок аст, ки донишчуёни суғдй мисли пойтахтиҳо таҳсилро ба пуррагй фаро намегиранд. Агар кор чунин сурат гирад, ба гуфти коршинос Челонй итминон дорам, ки дар оянда марзи Суғдро бесаводй мунтазир аст, ки мардум аллакай дар маҳофили ғайрирасмй алайҳи ин коргузорй суҳбатҳои вокунишй доранд

Имруз донишчуён дар канори марди деҳқон ба қавле «софдилона» меҳнат карда истодаанд. Оё дар ҳақиқат ин меҳнат софдилона аст? Ва оё худи донишчуён аз иштирокашон дар пахта хушнуданд?

Абдуманон донишчуи факултаи филологияи точик дар мавриди ин ки оё худи донишчуён мехоҳанд, ки ба чиниши пахта бираванд, чунин гуфт:

Имруз дар бошишгоҳҳо аз чеҳраи ғамгирирфтаи худи донишчуён аён аст,  ки касе хостори азобу мушклиҳо  нест. Ва шароити ин макон ҳам аз лиҳози санитарию гигиенй он қадар хуб набуда, донишчуёни бечора дар руйи хоки намдор хоб мекунанд, ки ин хело ояндаи ваҳим аст. Аз радиову телевизиён ба мо ваьда доданд, ки нархи як кило пахтаро 20-25 дирам мекунанд, аммо инчо ин тавр нест ва ҳакмузди мо танҳо 15 дирам аст, ки кучактарин чизро наметавон харид. Аз соати 7 субҳ то 6 бегоҳй дар зери ҳавои сард пахта мечинем. Ман ки дар гуруҳи шартномавй таҳсил дорам, чавоб гирифтанам каме гаронй мекард, аз ин сабаб роҳи сарди саҳроиро ноилоч пеш гирифтам. Аммо худ қазоват фармоед, кй мехоҳад, ки бемузд кор кунад? Танҳо мо донишчуёни Суғд?

Имрузҳо алайхи қарорҳои вазорати маориф масъулони донишгоҳҳои вилояти Суғд ба корҳои ғайриқонунй даст мезананд, ин ки хиёнатест ба қавонину фармонҳои вазорат. Магар мо мардуми дорои фарҳангу таърихи ғаниву чахонгир метавонем, ки неруву қкудрат ва аз ҳама муҳим тани солиму ақли солими муҳимтарин созандагони чомеаи кишварро бо 14-15 дирам иваз намоем? Магар ин чиноят алайҳи мо чавонон нест? Оянда чун оина нишон хоҳад дод, ки то чй андоза ин чалбкуниҳо ба меҳнати софдилона таъсир мерасонад. Ман ин гуна амали масьулини марбутаро тачовуз ба ҳуқуқи чавонон меҳисобам. Рочеь ба ин хусус корманди «Радиои имруз» аз шахри Душанбе Маҳинаи Даврон чунин мегуяд:

-Ба пахтачинй сафарбар кардани донишчуён дар вақти таҳсил хеле бад аст, чун онхо аз таҳсил дур мемонанд ва барномаи таьлимиро пурра аз худ карда наметавонанд. Дигар ин ки вазорати маориф сафарбар намудани донишчуёнро ба пахта қатьиян мамнуъ эьлон кардааст, дар ҳоле ки вазорати маориф мань карда бошад, чалби ичбории донишчуён чиноят ҳисобида мешавад. Масъалаи дигар ин аст, ки оё бо чалби донишчуён ба пахта тамоми шароитҳо дар бошишгоҳҳо таьмин аст? Оё ҳақмузди чиниши пахтаро ба онҳо сари вақт пардохт мекунанд? Агар кунанд ҳам, фикр мекунам бо он маблағи ночизе, ки ба онҳо бар ивази чамьоварии пахта дода мешавад, арзонтарин чизи лозимаи рузгор ҳам харида намешавад. Масалан ман чанде пеш хабаре хонда будам, ки дар вилояти Хатлон низ мардумро ба пахтачинй ичборан чалб кардаанд ва барои чидани як кило пахта ба онҳо ҳамагй 15 дирам ҳақмузд дода мешавад, ки ҳатто арзонтарин ашёи рузгор –як қутти гугирд низ харида намешавад.

Дилрабо Самадова як нафар корманди Ассотсиатсия ҳуқуқшиносони чавони Созмони ҳуқуқии АМПАРО дар ин маврид чунин мегуяд:

-Аслан чалб намудани донишчуён ба маъркаи пахтачинй тибқи моддаи 23 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи маориф» ғайриқонунй буда, сафарбар намудани донишчуён аз тарафи муаллимон ин амали ғайриқонунист. Мо мешунавем, ки донишчуён гуё бо хоҳиши худ ба пахта мераванд, аммо нодуруст аст ва хеч як донишчу намехоҳад, ки ба чунин маьракаҳои чамьиятй чалб гардад. Агарчй худи донишчу хоҳиши иштирок дар чунин маьракаҳоро дошта бошад, низ аммо чун қонун ин чизро маҳкум кардааст, у наметавонад, ки ширкат варзад.

Мо донишчуёнеро медонем, ки аз рафтан ба маъракаи пахтачинй худро канор гирифтанд, вале мутаасифона баъди баргашти донишчуён аз маъракаи пахтачинй эшон ба бархурди сахти устодони донишгоҳ мувочеҳ шуданд.

-Соли қабл хамин гуна сарусадоҳо буданд,-илова менамояд хонум Дилрабо Самадова,- гуё донишчуёни ба пахтанарафтаро аз донишгоҳҳо хорич карда бошанд, вале чун Созмони хукукии мо ба омузиши ин масъала пардохт, аён гардид, ки ин гуна хоричкуниҳо танҳо аз руйи коғаз буданду халос ва ин ҳам бошад барои тахдиду тарсонидани донишчуён будаасту халос.

Реклама

07.10.2008 - Posted by | Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: