ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Додочони Атовуллоҳ ба Фаронса гурехт

Журналисти фирории точик

Баргирифта аз торнамои Як Дарвеш

Додочони Атоуллох – сардабири табъидии як нашрияи мухолифи давлати Точикистон ва рахбари чунбиши «Ватандор», бо бими ин ки Русия дархости истирдоди Точикистонро хохад пазируфт, Маскавро ба касди Порис тарк кардааст.

Атоуллох дар гуфтугу бо хабарнигори EurasiaNet гуфт, ки маъмурони амниятии Точикистон вориди Маскав шуда буданд, то уро боздошт кунанд. Макомот дар Душанбе дастури боздошти уро дар авохири мохи септомбр (сентябр) содир карданд, ки бино бар он Атоуллох ба пахши тухмату ихонат алайхи раисичумхурй Эмомъалии Рахмон ва анчоми фаъъолиятхои зиддидавлатй муттахам шудааст.

Додочони Атоуллох пас аз вуруд ба Порис изхори хушхолй кард, ки акнун ба саломат дар Урупост. Доштани санади мусофиратии олмонй парвози Атоуллохро осонтар карда буд. У он санадро дар соли 2001 хамрох бо хакки икомат дар Олмон дарёфт кард. Макомоти Русия монеъи парвози ахири у ба Порис нашуданд. Худи у бар ин гумон аст, ки хузури як тим аз як шабакаи телевизюнии Олмон, ки нахваи хуручи у аз Маскавро филмбардорй мекард, ба берун омадани у аз хоки Русия мусоъидат кардааст.

Шояд тасмими у мабнй бар тарки Русия дар арзи чанд дакика иттихоз шуда бошад, аммо ба гуфтаи Атоуллох, хамин ки макомоти Точикистон ба фикри тачдиди талошхо барои бозпас овардани у ба Душанбе уфтоданд, у ба фикри тарки сареъи хоки Русия уфтод. Вай гуфт: «Ман чанд мулокот бо сиёсатмадорон, диплумотхо, рузноманигорон ва созмонхои гайридавлатии Фаронсаро аз пеш барномарезй карда будам, то бо хам масоили марбут ба Точикистонро баррасй кунем.»

Ба эхтимоли зиёд, Фаронса барои Атоуллох як кишвари тронзит аст. Вай касд дорад ба зудй ба шахри Хомбург сафар кунад ва дар он чо мунтазири фуру нишастани «туфон»-и Маскав бимонад.

Атоуллох умедвор аст, ки дар ояндаи на чандон дур ба Маскав баргардад. Чун точикхо нисбатан осонтар ба Маскав сафар мекунанд ва будубоши у ба унвони як фаъъоли мухолифони точик дар пойтахти Русия корсозтар аст.

Додочони Атоуллох гуфт: «Будани ман дар Урупо чанд ишкол дорад. Нахуст ин ки садои мо аз Урупо ба Точикистон дертар мерасад, то аз Русия. Садхо хазор мухочири точик дар Русия кору зиндагй мекунанд. Дар миёни онхо омузгорон, пизишкон, мухандисон ва дигар афроди хирфайи хастанд. Ин афрод метавонанд сутунмухраи як чунбиши муковиматро шакл диханд. Аз ин ру хукумати Точикистон аз икомати ман дар Русия бим дошт. Ман дар Маскав бо мухочирони точик пайванди мустаким доштам.»

Додочони Атоуллох ошкор кард, ки намояндагони давлати Рахмон дар соли 2007 бо у дар тамос будаанд, то шояд бо хам ба як муъомилаи сиёсй даст ёбанд. Вай гуфт: «Соли гузашта наздиктарин афроди Рахмон бо ман такрибан ним сол гуфтушунуд карданд. Онхо кушиш карданд маро мутакоъид бикунанд, ки ба Точикистон баргардам ва як маком бигирам ё дар изои пули калоне фурухта шавам ва куфли хомушй бар лабонам биовезам. Пас аз ин ки ман ин такозоро рад кардам, онхо парвандаи чинойии маро аз сар гирифтанд.»

Ин чехраи мухолифи точик бо хамлаи лафзй ба давлати Рахмон таъкид кард, ки агар барои аз байн бурдани фишори шадиди ичтимоъй ва иктисодй дар Точикистон тагйироте анчом нагирад, кишвар метавонад дучори бесуботй шавад. Атоуллох муддаъй шуд, ки ин шароит эхтимоли бурузи «Толибони точик» барои пур кардани халаъи рахбариро падид овардааст.

Реклама

09.10.2008 - Posted by | Хабарҳои бурунмарзӣ

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: