ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

На кофири мутлақ, на мусулмони тамом

Чойе, ки дар мизонаш инсоф баркаш намешавад

Набиюллоҳи СУННАТЙ

Ба диққати точирон ва бозорнишинон ва устондори вилояти Суғд

Аз нархгузории вақтҳои ахир метавон чунин натича кард, ки бечорагон ҳамеша дар банди бемориву дигар мубталоёти табиатй гирифтору мардуми доро ҳамеша сиҳату саломат боқй мемонанд. Чаро? Агар барои инсон витаминҳои чормағзу мавиз, пиставу бодом, фундуқу зардолуқоқ зарурй маҳсуб ёбанд, бидуни баҳс метавон гуфт, ки аз нархҳои газандаи имрузии бозор ва аз инсофи точирони мо анқариб 70 фисади аҳолии кишвар онҳоро харидорй карда наметавонад. Пас, фармудаҳои духтур, ки дар бобати хурокҳои витаминдору серғизо барои бемори камбизоат аст, танҳо ҳамчун фармуда ва хобу хаёли бечораи бемор мемонаду халос.

{амакнун, метавон хулоса кард, ки Худованд бо баробари баракаро аз мо рабудан, аз точирони бозорҳо ИНСОФ-ро комилан гирифтааст. Президент дар баромадҳояш ҳушдор дода буд, ки дар моҳи Рамазон ақаллан лачоми нафсро кашем, ба мардум чабр накунем, камтар бошад ҳам ба қадри имконият бо нархи дастрас ва арзонтар молу манолро ба мардум пешкаш намоем. Тариқи симову садо низ чеҳраҳои маъруф аз бобати адлу инсоф ҳарф мезананд. Дар минбарҳои масочиди кишвар имомону пешвоёни динй низ ҳамеша ба кумаку дасти ҳамдигар гирифтан ҳидоят мефармоянд. Ва..

Дардову надомато, ки ин гуна ҳарфҳо танҳо аз даҳони худи гуянда мебарояду халос. Агар моҳи Рамазон дар дигар мамолик моҳи хайру саховат ва арзоншавии колои ғизо бошад, дар мо баръакс. Моҳи даромаду беинсофй, моҳи «ҳар чй куну пули бештар ёб» аст Нархҳо бесобиқа боло рафтаанд, ки бадбахтона асари нархгузории нимчаточирони мо то ба имруз бокист ва дар ҳоли боз ҳам беинсофона боло рафтан дорад. Нисбати соли гузашта анқариб 200 фисад ва баъзе амвол ҳатто 300 фисад гарон шудаанд. {арчанд вақтҳои ахир бо таври сунъй қурби асъори русй паст рафтааст, илҳом гирифтем, ки пули миллии мо-сомонй бақадр гардид. На! Аз будаш беҳтар беқадр шуд. Маоши муаллим боло шуд гуфта, табли шодй задем, аммо ба бечораи муаллим чанд соати дигар болокорй шуд, ки у ҳатто баланд шудани маошашро имруз эҳсос намекунад. Агар пештар ба 100 сомонй як борхалта харид мекардед, имруз ҳатто ба 300 сомонй сумка пур намешавад. Пас ку қадри баланди пули миллй?

Ба ин нархҳои маводи руйи дастурхонии рамазонй, ки дар бозори Панчшанбе вучуд дорад, нигаред: (Навъи аъло)

Бодом – 40 сомонй

Чормағз — 9 сомонй

Мавиз — 40 сомонй

Ангур – 6 сомонй

Писта – 40 сомонй

Фундуқ – 30 сомонй

Зардолуқоқ – 15 сомонй

Асал – 18 сомонй

Қаймоқ – 16 сомонй

Худ хулоса бароред, ки нархгузории бозори Панчшанбе чеҳраи мусулмониву имондорй, шаҳрдориву инсонгароии мо бошад, чй гуна метавон ба фардои умедбахш ормонҳои худро дар амал дид? Албатта, ин нуктаро масъулини бозор комилан наметавонанд, ки ба танзим дароваранд. Ҳатто шаҳрдории Хуҷандмарз низ очизй мекашад. Зеро, баҳонаи аввалине, ки бозорнишинон пеш хоҳанд овард, ин аст, ки гуё эшон маҳсулотро бо нархи қимат гирифтаанд. Агар гуфтем, ки нафту газу техника, масолеҳи сохтмонй ва дигар ашёи талаботи ҳарруза аз хорича меоянд, пас ин номгуйи нархҳои масолеҳи кишоварзй, ки анқариб дар Точикистон меруянду ба мардум бо чунин нархи дандоншикану беинсофона пешкаш мегарданд, аз Чину Мочину Мозандарону Африқо ва Амрико намеоянд-ку? Агар нархи маҳсулотро Иттифоқи матлубот танзим карда натавонист, дар вучуди ҳар яки мо ИТТИФОҚИ ВИЧДОН гуфтанй КОРХОНАе ҳаст, магар ин дастгоҳи инсоф, ки дар синаи чапамон дорем, онро танзим карда наметавонад? Аз баромадҳои сарвари кишвар то масъулини дину иқтисодиёт ва дигар нафарони гапгузар сар карда то кампиракони лаби об, ки аз инсофу вичдони бозорнишинон ва точирон шиква мекунанд, ягон зарра ба коргоҳи синаи чап-ВИЧДОН корагарй накардааст. Мутаассифона, умеди мардум низ аз инсофи точирон комилан канда шудааст. Охир, дар ру ба руйи бозор масчиди Шайх Маслиҳатдин воқеъ аст, ки аксарияти точирон дар он намоз мегузоранд ва ваъзҳои инсофу инсонгарой мешунаванд, вале чаро ба эшон корагарй намекунад?

Пирони рузгордида мегуфтанд, ки дунё охир шавад, дар дунё ягон зарра раҳму шафқат ва инсоф намемонад. Афсус, ки аллакай аз инсоф заррае намонда.  

 

Реклама

09.10.2008 - Posted by | Иқтисод

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: