ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Силсилаи инcофи точирони бозори Панчшанбе

Симои инсоф ва шахрдории шимоли Точикистон

Фархундаи ФУРҚАТДУХТ, масъули ин гуша

Мо имруз дар мизони ин навиштор инсофи точиронро хоҳем баркашид, ки аз дафъаи гузашта чи гуна аст.

Як халтаи орд ҳафтаи гузашта 110-сомонй буд, хушбахтона ин ҳафта 5 сомонй арзон шудааст. Мутаассифона дар фуруши равған инсофи точирони мо дар қиёси дафъаи мозй 50 дирам гаронтар шудааст. Равған, ки яке маводи талаботи ниёзи аввалия аст, тахминан гуйем, ки дар як руз Суғдиён 10 тонна равған харидорй намоянд, ба кисаи чапи точирон муфтакак аз ин 50 дирамии болокорй 5000 сомонй (!) медаромадааст. Яъне, 7сомонию 50 дирам буд, алъон бошад аз 8 сомонй як дирам ҳам арзон намекунанд.

Биринч мутасифона ва хушбахтона нархаш дигар нашудааст 5, 50 сомонй буд, ҳамин гуна мондааст. Як кило макарон 3 сомонй буд, хушбахтона баъди интиқоди «Чароғи рузгор» 2, 80 шудааст. Умед аст, ки боз арзонтар мешавад. Гушти гову гушти гусфанд таъғир наёфтаанд, яъне гушти гов 15 сомонй гушти гусфанд 22 сомонй боқй мондааст. Гушти мурғ ҳамоно аз 9, 50 сомонй поёну боло нафаромадааст, ҳамин гуна тухм низ мавқеъи худро дар 50 дирам ва дар баъзе чойҳои беинсофона 60 дирам нигоҳ доштааст.

Ширинй:

Шакар як 2 сомонию 70 дирам буд, бадбахтона 10 дирам нарх зиёд шудааст. Тибқи таҳлилҳои ғайрирасмӣ агар дар як руз дар шимоли Точикистон мардум 10 тонна шакар харидорй намоянд, пас ба чиғилдони точирон муфтакак 1000 сомонй даромади иловагй ворид мешавад. «Офарин»-ашон! Қанди сафед нархаш тағйир наёфтааст яъне 3 сомонй буд, 3 сомонй монд.

Сабзавот;

Сабзй ҳамон нархи қаблй 1 сомонию 50 дирам. Картошка низ инчунин нархи дируза 1 сомонию 80 дирам, аммо нархи пиёз каме нигаронкунанда шудааст, аз 1 сомонй то 2-сомониро ташкил медиҳад, ки аз мушоҳидаи пешина андак руй ба қиматй овардааст.

Тармева:
Анор  13 сомонй буд, бе ягон истиҳола 15 сомонй, ангур 4-сомонй то 6 сомонй, себ 3 сомонию 50 дирам, харбуза аз 7-15 сомонй буд, боз бо ҳазор андуҳ имруз бояд гуйем, ки аз 8 то 20 сомонй гардан ёзонидааст. Тарбуз ҳам ҳамин гуна нисбати пештар 2-6 сомонй гаронтар шудааст. Яъне аз 5-сомонй то 15-сомонй.

Набзи бозори шимоли Точикистонро боз дар шумораҳои оянда мунтазир шавед.

Реклама

10.10.2008 - Posted by | Иқтисод

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: