ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Таҳқир-тамаллуқи Асадулло Раҳмонов ба президент

"Симо"-е, ки азнавсозияш мебояд

Набиюллоҳи Суннатй

Агар хоҳед, ки бар ҳадар рафтани умратонро воқеан бо чашми сар бингаред, пас марҳамат ба барномаҳои ТВ «Шабакаи аввал»!!!

Шоми якшанбе хостам каме бошад ҳам барои рафъи рузҳои корй аз барномаҳои телевизюн баҳра бигирам. Чунон «баҳра» гирифтам, ки ангораш дар боқй умрам минбаъд нахоҳам дид.

Инак хонандаи азиз, мехоҳам он чй дидам, ин чо биёварам: Худ қазоват кун, ки ту низ ба чойи ман мебудй ба худ чй мегирифтй. Аз ростй ин навиштор наҳ задани заҳмати ҳамтоёни худ нест, балки…

Телемаркет (тарчумаи таҳтуллафзияш «бозори телевизюнй»). Бо пасту баландиву номуназзамии садо. Дар дигар симоҳои чаҳонй, дур наравем дар телевизюни Қирғизистон ё Русия сифати рекломҳои он қадар баланданд, ки итминон дорам рекломдиҳанда низ аз маблағи додааш розй мешавад. Зеро дар сурати баланд будани сифати реклом ва тарзи пешкаш намудани он аз чониби тамошобинон ва муштариён талабгорони зиёд пайдо хоҳад шуд. Аммо дар ба қавле «Телебозор»-и Шабакаи аввал шак дорам, ки бо чунин рекломи пастсифат муштариёни рекломдиҳандагонро зиёд гардонад. Чунки садои  аввалтари реклом паст ва сонитар тадричан садои онро метавон ташхис дод, ки чй гап ин чо рафта истодааст.  Бо он ки рекломҳои тарчумашудаи масолеҳи комилан бозорнохар, намедонам кадом нозукии касбияти кормандони техникии ин шабакаи пурҳангомаро нишон медиҳад.

Пешгуйи барномаи «Шаҳдрез», ки қафомондатарин мудерни соҳаи телевизюн аст, ҳамҳамаҳои гуруҳи эчодии «Симо», ки умуман дархури завқи ягон бинанда нест, намедонам ва боз намедонам, ки ин ҳамтоёни ман аз худу барномаҳои худ чй метарошанд? Комил Холов танҳо араторест, ки аз гиру мону барномарезиҳояш маълум, ки аз нозукиҳои касби журналистй бархурдор нест. Танҳо ровие беш нест, ки зебандаи барандаи барномаҳои консертй дар толорҳои пойтахт аст. Дилошуб Исматй низ бо барномаи шомгоҳи якшанбегии худ умуман маълум нест, ки ҳадафи у чист? У Комилро ба мо муаррифй кард ва ё барномаашро ё худашро, барнома низ наҳве ба пешгуй ва ё худ анонси пучу фаче монанд буд. Гоҳ аз роғу гоҳе аз боғ. Натавонистам ташхис бидиҳам, ки Дилошуб Исматй чиро мехоҳад дар чавҳари барномаи таҳиякардааш ба намоиш гузорад.

Ахиран, чанд ҳарфе бобати клипҳои омода ва пешкашнамудаи ин шабака:

«Бародарам, бародари ба чону дил баробарам», шеъри Муъмин Қаноат. Қаблан ин суруд дар арсаи шуравй бидуни клип ва ё пасманзара (фон) намоиш дода мешуд. Алъон бошад дар пасманзараи ин суруди шуравй мебинй, ки президенти кишвар Эмомалй Раҳмон сари қабри бародараш аст. Суруди «Ватан» «Қасам» низ бе иштироки президент Раҳмон нест. Минчумла суруди «Модар» низ дуо гирифтани президент Э.Раҳмон аз модараш паси фони ин суруд аст.

Хонандаи азиз, дар кучо дидед, ки кормандони телевизион нисбати президенташон ин қадар хандахаришро раво дида бошанд? Итминон дорам, ки ин чо хоҳиши президент дар иштироки клипҳо умуман дида намешавад, балки тамаллуқи шахсияттарошии кормандони шабакаи аввал аз президент аст, ки ба чуз тамаллуқ чизе дигар ба чашм барнамехурад.

Муҳтарам Асадулло Раҳмонов, ИН БА ЧУЗ ТАҲҚИР НИСБАТИ ПРЕЗИДЕНТ ДИГАР ЧИЗЕ НЕСТ!!! Бе шумо ҳам тамоми халқи худой медонад, ки Эмомалй Раҳмон барои миллати точик хидмате кардааст. Дар ба ҳам овардани ду нируи мухолиф худ коре буд басанда ва ба унвони қаҳрамони Точикистон сазовор гаштани у баландтарин мақомест, ки ба клипҳои шумо-муҳтарам  Асадулло Раҳмонов, президент ниёзманд нест. Дил бисёр мехоҳад, ки шумо раиси муҳтарам Асадулло Раҳмонов як бор ақаллан аз муҳити точиконаи худ берунтар оед, бубинед, ки дар дигар телевизюнҳои дунё чй гуна клипро месозанд, чй гуна ба мардум пешкаш мекунанд, чй гуна дар он клипҳо умуман президенташон ширкат намеварзад. Магар шарматон намеояд, ки навори харбузаро бардошта ҳаво додани президентро ба клип ҳамроҳ кунед ва ичозаи пешкаш ба мардумро шахсан шумо имзо намоед. Бале шахсан шумо!!! Ин таҳқири руйирост ва хидмати хирсонаи шумо ва телевизиони Шабакаи аввал нисбати нахустчеҳраи кишвар ва кулли мардуми Точикистон аст. Ҳарчанд шумо агар пиндоштед, ки ҳузури президент худро «нағз» карда нишон диҳед, аммо дониста бошед, ки ин хилофи касбият аст.

Ин чанд гуфтораке буд, ки дар навбати аввал ба наҳви хеле соддаву умумй гуфтем. Иншооллоҳ дафъаҳои оянда шохистар сари ин масъала хоҳем печид.

Реклама

12.10.2008 - Posted by | Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: