ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Мочарову кашмакашҳои яке аз макотиби Хучанд

Дилошуби Тоҳириён, Назокати Иброҳим

Мо одат кардаем, ки ба кулли навоқиси худамон масъулин, ҳукумати кишвар ва ҳатто президенро айбдор намоем. Одат кардаем, ки ҳатто табдили бади обу ҳаворо аз дастандаркорон медонем. Одат кардаем, ки ҳатто ноомади корро аз мақомдорони кишвар бидонем. Мутаассифона дар вучуди мо ҳануз ҳуввияти эҳтиром хештан пайдо нашудааст. Пас мо алъон эҳтиром кардани худро наомухтаем.

Аз оғози соли хониш яку ним моҳ сипарй мегардад, аммо то ҳол зиёда аз 100 нафар хонандагони мактаби «Сонмин»)-и маркази вилояти Суғд дар ягон мактаб таҳсил надоранд. Аниқтараш, пас аз руйи қулфро дидани дари мактаб дар чустучуи мактаб ин су он су оворааанд. Бархе аз шогирдон хоҳиши ба дигар мактаб рафтанро надоранд. Онҳо интизоранд, ки мактабашон кай фаъолияташро аз сари нав оғоз мекунад. Ҳануз бар он боваранд, ки кай мактаб номаи чавози дубора (литсензия) мегирад. Аммо шуъбаи маорифи шаҳри Хучанд, идораи маорифи шимоли Точикистон ва ахиран вазорати маорифи кишвар ба ин бовари мактаббачагон чй гуна вокунише нишон хоҳанд дод?

Оғози фасли пойиз ва якумин рузи дониш буду муҳассилини мактаби овозадори «Сонмин» (алъон ва минбаъд «Файз»)  бо шодиву сурури беандоза таҳи дарвозаи мактаб чамъ омаданд. Аммо суруру шодмонии эшон, ки оғуши гарми модарони мактаб буд, якбора фурунишон шуд. Ба гуфте «тарбуз аз бағалашон афтид». Дари мактаб баста буд.

Пас аз он, ки муҳлати литсензияи (ичозатномаи пешбурди фаъолият)-и мактаби хусусии «Сонмин» ба поён расид, мактаб ҳамоно фаъолияти худро идома медод, то он даме, ки қарори прокурори шаҳр дар бораи бастани мактаб ба тасвиб нарасид. Рузи 1 сентябр ҳамон рузе,ки тамоми мактабҳои чумҳури рузи донишро чашн мегирифтанд саҳни мактаби Сонминро чеҳраҳои ғаму андуҳ печонида буд. Падару модарони бехабар аз баста шудани мактаб дасти кудакашонро  гирифта ба кучо бурдани фарзандашонро намедонистанд.

Тавре аз гуфти мактабдори «Файз» бармеояд, директор ва масъулини мактаб то имконияти мавчуда се руз пеш аз иди дониш  ба хонаи хонандагоне, ки телефонии дастй ва ё хонагй доштанд, занг зада хабардор карданд.

-Дар рузи дониш ду нафар кормандони ҳукумат аз масъулини мактаб маблағи чаримаро талаб мекарданд. Вақте ки мо аз баста шудани мактаб изҳори норизогй кардем. Онҳо дар чавоб «кордор набошед»  « фарзандатонро ба дигар мактаб баред!» мегуфтанд. Вақте мо дар саҳни мактаб меистодем аз телевизиони СМ-1 журналистон омада, ба навор мегирифтанд, инро дида он ду нафар корманди хукумат ба кучое ғайб заданд. Барои чй  ғайб заданд ба касе маълум нест,-гуфт зимни суҳбат Мавчигул Саидова модари хонанда.

Суоли матраҳ ин аст, ки аз муҳлати  литсензия  моҳҳои зиёд гузашт, вале чаро мактабро сари вакт набастанд?

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хучанд Мирзоаҳмад  Аҳмадзода бар он назар аст, ки фаъолияти мактаб қаблан соли гузашта қатъ гашта будааст.

 –Фаъолияти мактаб санаи 24 январи соли равон қатъ гашта буд. Аммо муваққатан то анчоми таҳсил ичозат дода шуд. Хонандагони мактаби мазкур бо фармони шуъбаи маориф дар мактаби 22-и шаҳри Хучанд имтиҳон супориданд. Мо масъулини мактабро чандин маротиба огоҳ кардем, аммо ҳамоно бенатича монд. Фаъолият намудани мактаб бе ичозатнома ғайриқонунист. Вақте ки соҳиби ичозатномаи нав мегарданд, метавонанд фаъолияташонро идома диҳанд. Ҳеч кас монеа намешавад.- гуфт оқои Аҳмадзода.

Дар ин ҳол директори мактаби мазкур Муқим Болтиев мегуяд:

-Охири моҳи январ амри прокурори шаҳр дар бораи боздошти мактаб  баромада буд, вале аз сабаби он ки хонандагон дар нимсолаи аввал қарор доштанд, мувакқатан мактаб то охири соли хониш фаъолият кард.

 Ва ҳоло номи «Сонмин» бардошта шуда ба чояш муассисаи таълимии  ғайридавлатии мактаби хусусии  «Файз» ба қайд гирифта шуд, ки муассисаш ба чои шаҳрванди Корея шаҳрванди Чумхурии Точикистон Иброҳимов Иброҳим Сангинович гардид.  27-уми августи соли 2008 бо ҳамин ном ба қайд гирифта шуд.

-Дар мактаби мо 340-400  нафар хонанда  таҳсил мекарданд ва 40 нафар муаллимон  фаъолият доштанд.  Мо баъдан ба тамоми мактабҳои шаҳри Хучанд дар бобати қабул кардани хонандагонамон маълумотнома фиристодем. Ҳоли ҳозир бошад қариб ҳамаи хонандагон чои таҳсили худро ёфтанд. Вале то ҳол маълум нест, ки мактаби «Файз» кай ба фаъолият шуруъ мекунад.  Маоши муаллимон бошад то ду моҳаи нимсолаи аввал пардохта мешавад. Мо кушиш мекунем, ки муаллимони мактабро ба дигар муассисаҳои таълимии шаҳр фиристем. –афзуд Муқим Болтиев.

Аз оғози соли хониш яку ним моҳ сипарй мегардад, аммо то ҳол зиёда аз 100 нафар хонандагони мактаби мазкур дар ягон мактаб таҳсил надоранд. Аниқтараш  дар чустучуи мактаб ин су он су оворааанд. Бархе аз шогирдон хоҳиши ба дигар мактаб рафтанро надоранд. Онҳо интизоранд, ки мактабашон кай фаъолияташро аз сари нав оғоз мекунад.

-Фарзандам аз таҳсил дур гардидааст. Ба дигар мактабҳо мурочиат кардам, аммо он эшон фарзандамро қабул накарданд. Чунки дар як синф 47 нафар мехондаасту илочи қабул кардани шогирди навро надоштанд,-мегуяд Сайёра яке аз волидони шогирди мактаб.

-Ман ҳайронам, ки ба масъалаҳои мактаб чаро хонандагон бояд чавоб диҳанд. Бигзор масъалаҳои надоштани литсенсияву қарздор будани мактабро масъулини мактаб ҳал кунанд. Кудакон чй гуноҳ доранд?-суоломез афзуданд тачаммуъи волидони дигар, ки пиромуни мактаб гаштугузор доштанд. 

-Се нафар фарзандонам дар ҳамин мактаб таҳсил доранду то ҳол дар чустучуи мактабе ҳастам, ки талаботи маро қонеъ гардонад. Мактабҳо бисёранд, лекин ин ё он камбудй доранд. Масалан мактаби Гёте  хуб, аммо чойгиршавиаш  ба талабот мувофиқ нест, муҳиташ носозгор аст. Мактаби 22 бошад ҳамон рузе, ки фарзандонамро бурданй будам, қутии ранг талаб карданд. Хулоса баҳонаҳо зиёданд,-бо таассуф ибро дошт Мавчигул Саидова модари хонанда. -Дар Точикистони ободу ором кормандони ҳукумат намонданд, ки хонандагон рузи аввали донишро чашн гиранд.- идома медиҳад масвсуф,- аз номи волидон чандин маротиба ба шуъбаи маорифи вилоят мурочиат намудем, лекин онҳо ичрои ин масъаларо ба ҳамдигар ҳавола мекунанд.

Аммо аз баста шудани мактаб на ҳама ғамгинанд. Як нафар модари хонандаи  собиқ мактаби «Сонмин», ки аз гуфтани номаш худдорй кард, мегуяд, ки баста шудани ин мактаб хело ба маврид аст, зеро  одоби либоспуши тамоман вайрон шуда, ба гуфти   хонандагонаш  худро соф ба ғарбиён монанд карда, аз одоби шарrиёна фарсахҳо  дур шуда буданд. Дар шуури хонандагон динҳои ба мо бегонаро чой мекарданд. Аз сабаби он, ки писарам сахт ба ин мактаб дил дода буд, наметавонистам уро аз ин чо гирам.  Чиҳати дигари хуби ин мактаб он аст, ки  фанҳои замонавb ва ба талаботи имрузаи мактаби чавобгу дар ин мактаб омузонида мешавад ва мутаххасисони соҳибдарачаву  боистеъдод  дарс мегуфтанд.

Аммо хилофи назари ин зан Солия Седова модаркалони дигар муҳассили ин мактуб мегшуяд, ки:

-Барои фарзандони мо аз давлати дигар омада мактаб бунёд мекунанд то онҳо соҳибмаълумот гарданд. Дар  ин мактаб таърихи динҳои дигар низ омузонида мешавад, вале ин маънои онро надорад, ки касеро мачбуран ба ягон дин талқин кунанд. То ҳол фарзандонамон шомили дигар дин нагардидаанд. Онҳо аз динҳои дигар бохабар мешаванд. Донишашонро васеъ мегардонанд магар ин ягон чиҳати бадий дорад? Баракс дар мактаби мазкур устодони ботачриба дарс мегуянд ва дар ончо барои хонандагон тамоми шароитҳо фароҳам буд. Ин ҳама гапҳои беҳуда аст, ки гуё мактаби «Сонмин» сабабгори тарғиби динҳои дигар бошад.

Басташавии мактабро аксарият бо се ҳолат шарҳ медиҳанд: Сабаби якумаш ин ки мактаб андози сесоларо пардохт накардааст. Дигар ин ки мувофиқи баъзе иттилоъ хонандагонро ба дини дигар тарғиб мекардаанд. Ва охирон муҳлати литсензияи пешбурди фаъолият ба охир расидааст.

Сардори идораи маорифи вилоят  С Чалолов бештар сабаби литсензия надоштани ин мактабро таъйид месозад:

 -Ҳоло мактаби ба номи «Файз» аз қайд нагузаштааст. Ягон муассисаи таълимй бе литсензия фаъолит бурда наметавонад. Ичрои ин корро мо ба масъулин  ин соҳа вогузор кардем. То он даме, ки мактаб фаъолияташро оғоз мекунад, хонандагон бояд ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Шояд баъзе аз омузгорон хонандагонро бовар кунонида бошанд, ки мактаб  рузхои наздик фаъолияташро боз давом медихад. Ё ин ки худи хонандагон хоҳиши ба дигар мактаб рафтанро надоранд. Мо ба тамоми мактабхо ичозатнома фиристодем, ки хонандагони ин мактабро қабул намоянд. Мо кушиш мекунем ин масъаларо хал кунем.

Аммо ҳангоме, ки волидони барои гирифтани ҳуччатҳои фарзандони хеш ба мактабдори «Сонмин» мурочиат карданд, эшонро боз як қатори дигар монеъҳои дигар пеш омадааст

-Ман фарзандамро  баъди баста шудани мактаби хусусии « Сонмин»  ба гимназияи 24 доданй шудам. Вақте барои гирифтани ҳуччати фарзандам ба мактаби «Сонмин» омадам гуфтанд, ки аввал пули таътилро супор  баъдан мо ҳуччатро медиҳем,-мегуяд модари хонанда Фарида Гулова.

Ду се нафар волидони дигар низ тасдиқ карданд, ки барои таътили фарзандашгон таътилпулй пардохта, баъдан ҳуччатҳояшон гирифтааанд.

-Оё дуруст аст, ки ба се  моҳи таътили тобистона  маблағи таҳсилро пардохт намуд?

-Мутлақо нодуруст ва ғайриқонунист, мегуяд — мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хучанд М. Аҳмадзода.- Масъулини мактаб наметавонанд аз мансаби худ суистифода кунанд. Ҳангоми мачбурй гирифтани маблағ, волидон метавонанд ба мо мурочиат кунанд, дар ин бобат мо ба онҳо ёрb медиҳем.

Аммо муовини директори Сонмин Рустам Мирхочаев ин нуктаро рад мекунад:

-Аксари волидон моро гунаҳгор мекунанд, ки гуё маблағашонро ба киссаамон мезанем. Он мактабҳое, ки ҳаққи таътили тобистонаро аз хонанда намеситонанд, онҳо маблағи 1соларо ба 9 моҳ тақсим кардаанд. Дар мо бошад, он ба 12 моҳ тақсим шудааст. Афзуд мавсуф.

Аммо суоли нокушода ҳамоно боқй мемонад: Чаро масъулин дар бораи ба тезй гирифтани ичозатнома саъй накарданд?

Реклама

13.10.2008 - Posted by | Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: