ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Пахтаро бар Рудакй зам мекунам, кунчора ҳосил мешавад

Набиюллоҳи Суннатй, Дилошуби Тоҳириён

Замоне Рудакиро маҳрум аз биноияш карда, аз дарбор рондем. Инак, боз ба қадри устод расидем, мучассамаи Рудакй дар дили Точикистон — шаҳри Душанбе қомат афрохт. Ҳама чой мучассамаи рудакиборон гашт Намедонам чандин миллионҳо масруфи бучаи кишварамон шуд. Дар пешоруйи ҳукумати вилояти Суғд низ ҳайкали Рудакй қомат афрухт.  Ҳамин тавр тантанҳо бахшида ба 1150-солагии Одамушшуаро Рудакй дар  қаламрави кишвар шуруъ ва ба итмом расид.

Ҳарчанд ки барои ин мучассамасозиҳо маблағи камак сарф намешавад, мо ифтихор мекунем, ки Рудакии оламгир дорем. Рудакие, ки бо дабираи (хатти) порсй менавишту мехонд. Ёдовар мешавем, ки амир Исмоили Сомонй тамоми шукуҳу шаҳомат ва дастовардҳои худро дар заминаи эътиқод ба хулафои араб ва хатти порсии арабиасос ба миён овард. Маҳз Имом-ал-Бухорй буд, ки дар Саҳеҳи Бухорй овард:

«Забони аҳли биҳишт арабй ва форсист». Агар забони аҳли биҳишт форсист, магар ин ифтихори мо нест, дар қиёси он як зумра чанобон миллати точикро пайваста бо ин кушишҳояшон аз дабираи порсии ниёкон чудо сохтанианд. (Дар ин зимн ба баромадҳои устоди арчманд Иброҳими Усмон дар матубот бингаред).

Бо вучуди харчи даҳчанд доштани мучассамасозй мо ризостем, ки ин пайкараҳову нимпайкараҳо аз ҳуввияти миллй ривоят кунанд. Вале ҳақиқат ин аст, ки бо тайёрии нокофй ба зимистони дар пеш истода, то обила пайдо кардани кафи дастҳо кафкубй мекунем, ки мо Рудакй дорем. Рудакии хатти сирилликро умуман намешинохта. Ҳарчанд соли таҳсил оғоз гардидааст, вале муҳассилин бо умеди омодагй ба ифтитоҳи ҳайкали Рудакй ва иди Истиқлолият дар машқҳо (маршировкаҳо) ширкат карданд. Боз мо розй ҳастем, танҳо ба як хотир: Ин ҳам ҳуввияти миллии мост. Мо Рудакй дорем охир, бо он ки бе дабираи рудакиёнаем.

Толибилмони макотиби таҳсилоти умумиву олй ба хотири ин ҳуввият дар ҳавои пахташукуфони охири тобистону оғози тирамоҳ аллакай як чанд шеърҳои тамринй ба Рудакиву набераҳояш ва ниҳолаки пахтаро аз бар кардаанд. Чунки тибқи анъаноти солҳои қабл ин шуру валвалаи идона то рузи 9 сентябр давом кард. Пас аз он донишчуён дари муассисаҳои тиббиро барои дарёфти ҳуччати тиббй, ки бо ифодаи ВКК маъмул аст, охурча карданд. Ин буд, ки бахши аъзами донишчуён ба чуяҳои пахта раҳнамун гаштанд ва он чо «дарси зиндагй» хоҳанд омухт. Бахши кучаке, ки дор донишгоҳҳо монда ба таҳсил мучаввиз буданд, ҳамакнун дар арафаи ба пахтачинй сафарбар намудан қарор доранд. Дар донишкадаҳои олии шимоли Точикистон боқимонда донишчуёнро ичборан ба он водор кардаанд, то ариза бинвисанд ва дар аризаҳояшон зикр кунанд, ки гуё эшон ба хотири кумак ба марди деҳқон хоҳиши ба пахтачинй рафтан доранд. Яъне «бо хоҳиши худашон»!!! Дар сурати вожгуна ба онҳо ҳангоми имтиҳону санчиш «проблема» пайдо мешудааст. Пахта низ ҳуввияту бойигарии мост. Аз он ки донишчу бояд дар панч сол семоҳй ба пахтачинй равад, метавон бо ҳисоби оддй зарб зад ва дарёфт, ки тули ин панч сол у 1 солу 3 моҳ аз донишкадаи олии чуяки пахта низ дарс меомухтааст. Пас аз ин панч сол як сол таътили тобистона, ҳамагй донишчуёни Точикистон 2 солу 9 моҳ дарс меомухтаанду халос. Боз агар аз ин маршировкаҳоро тарҳи арифметикй кунем, мешавад дувуним соли пурраи таҳсил.  Суол ба бесаводии насли чавон шояд аз ин нукта руйи об барояд. Ин ҳам шинохту ифтихору ҳуввияти миллист, мо то обилакафони дастҳо кафкубй мекунем.

Тавре коршиноси масоили иқтисодй Манучеҳр Раҳимов мегуяд, ба як ҳектор замин аз тухмиву обу барқу соляркаву хишова, чеканкаву култиватсияу нуриҳои минералй, нармкуниву шурзанй ва  боқй харочоти дигар расо 3353 сомонй масраф мегаштааст, ки дар қиёси ба ҳар ҳектор 15-20 сентнерй руёнидани ҳосили пахта ҳам харочотро пушонида наметавонад. Дар ҳоле ки аз 20 сентнер ҳосил 650 кг пахтаи нахи тоза, ки арзишаш 1200 доллари ИМА-ро дар бар мегирад, муодили 780 доллар ё худ 2675 сомонй мешавад.

Коршиноси дигари соҳаи кишварзй Мирзо Мирзоев бар он аст, ки аз ин 1100 кг чигит, ки 154 кг равғани тозаи сифати олй гирифтан мумкин будааст, ки аз ин ҳам 30 фисад ҳақи зовути равғанкашй гирифта мешудааст. Дар охир баъди чамъу тарҳи ин низ 719 сомонй ба даст меомадааст, ки барои ҳаққи чидану амният ва бурдану овардани донишчуён масраф мешавад. Танҳо ба мо фоидаи соф кунчора мемондааст, ки зинда бод, пахтачинй, зинда бод кунчора, ҳуввияти миллй, обилаи кафи дастони марди деҳқон! Кафкубии беохири давраи шуравиёна!

Боз Рудакии оламгир. Мутаассуф, дар муқаддасоти миллй — пули сомонии мо акси Рудакй дида намешавад. Тавре як дустам бо ҳазл иброз медорад, шояд акси Рудакй дар пули 1150 сомонй барояд? Як чиз мояи ачиб аст, ки агар Рудакй дар васфи пахта ягон манзума эчод мекард, ин чашни 1150-солагй бо тантана то пағаи охирин, то моҳи январ дар чуяҳои пахта таҳсили донишчуён мегузашт.

 

 

Реклама

13.10.2008 - Posted by | Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: