ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Силсилаи инсофи точирон

Фархундаи Фурқатдухт, контроли махсуси «ЧР» дар бозорҳои шимоли Точикистон

15.10.2008. «ЧР»  Мо ваъда дода будем, ки набзи бозори шимоли Точикистонро  пайваста бароятон пешкаш менамоем. Бо вучуди он ки эҳтимолияти арзоншавии нархи колои ниёзи аввалия бо чунин коргузории фалач умуман нест, мо тасмим гирифтем, ки ин мавзуъро ҳар ду се руз дунболагирй менамоем. То вазъияти муташанничи нархгузории бозор ба эътидол намеояд, мо пайваста танҳо аз маводҳои талаботи ҳарруза ин чо хоҳем гуфт. То замоне, ки мақомоти «Точикматлубот» ва вазорати иқтисод, молия ва масъулини баландмақоми кишвар чиддан нархро танзим намекунанд, мо аз пахши пайвастаи ин гуфтор даст намекашем.

Инак, шумову нархи навои бозори вилояти Суғд. Худ пас аз мутолиа ин мавод муқоиса намоед, ки дар як ҳафта точирони мо нархи колои ниёзи аввалияро чи гуна пасту баланд  менамоянд.

Халтаи  орд тағйир наёфтааст, ҳамон нархи дафъаи гузашта 105 сомонй , равған низ инчунин нархаш чун пешин боқй мондааст -8 сомонй аст. Гушти гов мавқеи худро дар  15 сомонй нигоҳ дошта,  аммо хушбахтона гушти гусфанд ба 20 сомонй фаромадааст, ки аз пештара 2 сомонй арзон аст. Гушти мурғ 9 сомонию 50 дирам буд, ҳамин гуна монд. Аммо биринч бошад нархаш ҳар лаҳза мисли шабу руз тағйир ёфта меистад, агар ҳафтаи гузашта 5,50 сомонй буд, имруз 6 сомонй шудааст, ки агар ҳарруз мардуми точик 1000 кило биринч истеъмол кунанд, ба кисаи фурушандагони мо 500 сомонии муфтакак ворид мешавад. Мутаасифона макарон аз ҳафтаи гузашта 20 дирам қиммат шудааст, ба 3 сомонй гардан ёзонидааст.

Шакар нархаш тағйир наёфтааст, чун пештар 2,80 сомонй, қанди сафед бошад  бадбахтона 3 сомониву 50 дирам шудааст, ҳол он , ки ҳафтаи гузашта 3 сомонй буд. Агар ҳар ҳафта 50 дирам зиёд шудан гирад, вой бар ҳоли қандхурон. Бояд кудаконро бо ибораи «қанд хурй, касалии қанд мешавй» тарсонид. Вагарна қандфурушон аз ин хомушй илҳом гирифта, ҳар ҳафта болокорй 50 дирам ба қавле «зер» мекунанд. 

Сабзй хушбахтона аз нархи дируза 50 дирам арзон шудааст, яъне 1кг сабзй 1 сомонй, картошка мутаассифона ё хушбахтона нархаш тағйир наёфтааст- 1, 80 сомонӣ, пиёз ҳамон нархи ҳафтаи гузашта аз 1,50 то 2 сомонй аст. Карам низ  1, 50 сомонй буд, имруз низ ҳамон нарх. Помидор 1, 80 дирам буд, имруз аз дируза 20 дирам зиёд шудааст. Бодиринг бошад 2 сомонй буд, хушбахтона 1, 50 дирам шудааст.

Хушхабар! Анор аз нархи пешй қариб як баробар арзон шудааст, рузи гузашта 15 сомонй буд. Имруз бошад 8 сомонй шудааст. Аммо ангур 4 сомонй буд имруз бошад 6 сомонй шудааст.

Хабари бад барои дустдорони харбузаву тарбуз!  Тарбуз, ки рузи гузашта аз 5 сомонй то 15 сомонй буд, аммо имруз бошад аз 7 сомонй то 20 сомонй шудааст. Харбуза аз 8 то 20 сомонй буд имруз аз 7 то 25 сомонист.

Реклама

14.10.2008 - Posted by | Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: