ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Гушти гови марговар дар Суғд?

Шашлики говда биё, бача!

Набиюллоҳи Суннатй 

16.10.2008. -Як моҳи ахир ба якборагй мардуми Исфарамарзи шимоли  Точикистон ба назди қассобхонаҳо кам ташриф меоварданд. Ҳич кас мачол ва часорати харидани гушти говро намекард Гушти гусфанд ба як борагй аз ин пешомад илҳом гирифта ба 22 ва дар баъзе манотиқи ноҳияи Исфара  ба 24 сомонй дакка хурд. Сабаб чй буд?

Тибқи иттилоъи ғайрирасмй дар чамоати Кулқанди ноҳияи Исфара 1 нафар ва дар деҳаи Шуртанг ҳамин ноҳия 1 тан бо сирояти бемории моли калони шохдор фавтидаанд. Аммо инро масъулини соҳаи тибби ноҳияи Исфара рад карданд. Бо вучуди ин мардум хеле кам аз гушти гов ва аксарият хеле боэҳтиётона истеъмол менамоянд. Ба ин хотир дар бозори шаҳри Исфара ва паҳнои он анқариб сихкабоби гушти гов дида намешавад.

Абдуҳамид Раҳматов, сардори раёсати назорати давлатии бойтории ноҳияи Исфара дар он назар аст, ки дар шаҳри Исфара бемории сухтанй ҳоло ба қайд гирифта нашудаааст.

-Беморй метавонад тавассути обу ҳаво аз чумҳурии ҳамсоя ба минтақаи мо гузарад,-мегуяд оқои Раҳматов.- Аз ин ру барои пешгирй эмкунии саросарй гузаронида истодаем. Ҳамчунин забҳи чорво дар комбинати гушт муттамарказонида шудааст. Маҳсулотҳои гуштй пас аз ташхиси пурра ва гирифтани сертификат сипас ба фуруш бароварда мешавад. Маҳсулотҳои ширй низ аз ташхиси пурра гузаронида мешаванд. Дар санчишгоҳи бойторй телефони боварй амал мекунад, то ки мардум бемалол аз маслиҳати мутахассисон бархурдор бошанд. Ҳамчунин ба соати 6 пагоҳй то соати 23-и шаб мутахассисони бойторй навбатдорй мекунанд.

Андарин ҳол як тан сокини ноҳияи Кулқанд, ки аз гуфтани номаш худдорй варзид, даъвои оқои Раҳматовро комилан такзиб мекунад ва иддаои онро дорад, ки воқеан аз маҳаллаи эшон гуё як тан бо ин иллат фавтида бошад.

-Ин даъвои масъулин комилан дуруғ аст. Барои мисол, бригадири рақами 11-и хочагии ба номи Мукаррамови деҳаи Кулқанд аз ҳамин беморй фавтид.

Мо ному насаби марди фавтидаро аз ин чавон пурсон шудем. Аммо у ё баҳона кард ва ё худ воқеан намедонистааст, насаби ун мардро барои мо нокушода монд. Аммо таҳқиқгари ин масъала-Осимчон Носиров, ҳамтои мо, ки бо супориши вижаи «ЧР» ба ин деҳа раҳнамун шуда буд, ин масъаларо комилан кушод. Тибқи таҳқиқоти журналистии Осимчон Носиров марди фавтида Уктамчон Қобилови 43 сола буда, воқеан бригадири рақами 11 будааст.

-Марҳум ҳамзамон қассобй ҳам мекард,-мегуяд Осимчон. Вақто, ки моли калони шохдори ҳамсояаш касал мешавад ва уро даъват мекунад, у молро забҳ мекунад ва худ аз хуни бемори гов сироят ёфта баъди 3 рузи ин воқеа мемирад.

Писари марҳум Умарчони 21 сола, ки ҳузури падар буд, аз падар сироят меёбад. Умарчон мегуяд:

-Ман дарҳол табобат гирифтам, ман дар руйи дастҳоям ангезаи ин бемориро мушоҳида кардам, ки воқеан ман низ мубталои ин бемории марговар шуда будам.

Писари дигари марҳум-Инъомчон бо андуҳ мегуяд, ки падарашро дуст медошт.

-Падарам-Уктамчон ба аҳли маҳалла кори савоб мекард, ба эшон ёрмандй менамуд. Мутаассифона у ба хотири он ки гови ҳамсоя ҳаром намирад, забҳ кард, бадбахтона аз гов сироят ёфта мурд.Аммо масъулини тиб ва бойтории ноҳияи Исфара бо кушиши зиёд аз мусоҳиба бо журналистон баҳоначуи мекарданд ва будубоши чунин касалиро дар Исфарамарз рад намуданд. Онҳо иддао доранд, ки танҳо нишонаҳои ин касалй дар ноҳия пайдо шудаву касе аз ин беморй нафавтидааст. Гуё аз марзи Қирғизистон ин беморй ба Точикистон омада бошад.

Ба ин хотир рузи 4 уми октябри соли равон бо ибиткори назорати давлатии санитарй эпидемологии чумҳурй Самариддин Алиев, сардухтурй назоратй-давлатии санитарй-эпидемологии вилоят Абдухолиқ Давлатшоев дар шаҳри Исфара мизи мудаввар доир гардид. Дар он намояндаҳо аз чониби Чумҳурии Қирғизистон низ иштирок доштанд. Дар мизи мудаввар на танҳо масъалаи бемории сухтанй, балки тамоми касилиҳои сирояткунанда баррасй гардид. Аммо ҳамон пурсиши оё дар Исфара чунин бемории сухтанй вучуд дорад, бепосух монд.

Ҳамакнун масъулин ин сирро намекушоянд ва кушоданй ҳам нестанд. Аммо халқ кур нест. Дар поёнтари деҳаи Кулқанд 14 гови аз ин беморй ҳароммурда ҳаст, ки он шабу руз базмгоҳи сагони дайдуст. Пас даҳшат ин аст, ки оё минбаъд интиқолгари беминнати ин касалии марговар дар сартосари минтақа оё чунин сагҳои дайду намешаванд?

Реклама

16.10.2008 - Posted by | Амният

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: