ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Ҳайфи маблағи зиёд

Муҳаммадназир Аҳмадов, махсус барои «ЧР»

Ё чаро озмуни чумҳуриявии «Осорҳо»-и беҳтарини мактабй бесамар гузашт

Осорхона худ аз худ ташкил намеёбад

21.10.2008. Иштироки кудакону наврасон дар кори осорхонаи мактабй имконият медиҳад, ки онҳо ба таъриху фарҳанг, ҳунармандй, косибй, урфу одат ва санъати миллии худро дарк намоянд, чисман худро обутоб диҳанд, чаҳонбиниашонро ғанй гардонанд.

Аз ин чо бармеояд, ки осорхона яке аз манбаъҳои муҳимтарини корҳои тарбиявй дар мактабҳои таҳсилоти умумй ва донишкадаҳои олии мамлакат ба шумор меравад. Осорхона худ аз худ ташкил намеёбад. Ин чо шахсони фидой , ташаббускору хайрхоҳ дар ташкил намудани он саҳмгузорй мекунанд, кори хайру бузурге ба нафъи диёри хеш аз худ боқй мегузоранд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои чумҳурй ба чунин шахсони чудогонаи фидой дучор шудан мумкин аст, ки лаҳзаҳои фориғ аз кори хеш дар чустучуи ин ё он мавзуи муҳими таърихй бо азму чазм куча ба куча, хона ба хона сафар мекунанду бо одамони насли калонсол-таърихи зинда вомехуранд ва бе ин роҳ саҳифаҳои фаромушгаштаи таърихиро равшан мегардонанд.

Солҳои 60-уми асри гузашта дар маркази вилояти Суғд стансияи туристии вилоятй таҳти сарварии Ёқуб Даниелов (руҳаш шод бод) амал мекард. Бо ташаббуси ин марди начиб қариб дар тамоми мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти имруза осорхонаҳои гуногун ташкил ёфта буданд. Он солҳо ин дастаҳо бо номи «Пайшиноси сурх» амал карда, бозёфтҳои зиёде ба даст меоварданд, ки дар осорхонаҳо то имруз нигоҳ дошта мешаванд. Оҳиста-оҳиста давомдиҳандагони ин кори хайр имруз ҳам дар баъзе мактабҳои чумҳурй амал мекунанд, ки ин як саҳифаи мукаммали таърихи халқамон мебошад. Мутаассифона аз солҳои 80-90-уми асри гузашта ба чои афзудани осорхонаҳо, қисме дар натичаи хунукназарона рафтор кардани сарварони мактабҳо аз байн рафтаанд ва экспонатҳои бешумори нодир низ мисли барф об шуданду на пай монду на ҳайдар ва касе аз роҳбарони соҳавии шаҳриву вилоятй ва ниҳоят дар сатҳи чумҳуриявй напурсид, ки чаро осорхона несту нобуд гашт.

Хушбахтона дар ҳазорсолаи дуюм боз ба роҳ мондани осорхона ру оварданд, ки имруз дари худро ба руи тамошобинон боз карда меоянд. Барои чоннок кардани кори ин осорхонаҳо аз соли 2001 сар карда, озмуни осорхонаҳои беҳтарини мактабй гузаронида мешавад. Қабл аз ҳама аҳамияти ин озмун аз он иборат мебошад, ки роҳбарон ва пайшиносони сурх ё экспедитсияи чумҳуриявии сайёҳй-кишваршиносии мактабиён «Точикистон -кишвари азизи ман» аз тачрибаи чустучуи ҳамдигар бохабар мегарданд.  

Кулоб хуб буд, Душанбе чй?

Хушбахтона озмуне охирҳои соли 2001 дар шаҳри Кулоб барпо шуда буд, хеле чолиби диққат буду дар сатҳи баланд гузашт. Ё худ ташкилкунандагон ба мақсади ба миён гузоштаи худ ноил гардида буданд. Таи як ҳафтаи гузаронидани ин озмун ҳар лаҳзаи он самаранок ташкил гардида, сайёҳони наврас тавонистанд ба чойҳои таърихии ин сарзамин шинос гарданд.

Мутаассифона экспедитсияи чорум, ки вай дар маркази чумҳуриявии таҳсилоти иловагй аз 10-12 дар шаҳри Душанбе барпо гардид аз лаҳзаҳои аввал то интиҳо бемақсад ва бемасъулиятонаю бесамар гузашт. Дар ягон чо ишора ба чашм намерасид., ки озмуни чумҳуриявии «осорхонаҳои беҳтарини мактабй» мегузарад. Тасаввур кунед, ки номоишшиносй бо экспонатҳои озмуни сайёҳии кишваршиносии мактаббачагон ҳамагй сй дақиқа давом кард ва қариб ду соат намояндагони осорхонаҳо дар бораи тачрибаи чустучуии худ ва кори амалиашон шинос шуданду халос. Яъне озмуни дар сатҳи чумҳуриявии экспедитсия ҳамагй дуним соат давом карду халос. Корҳои ташкилй бошад тамоман ба назар намерасид. Хуш аст, ки баъзе намояндагони шаҳру ноҳияҳо чун фолбин медонистанд, ки озмун бе мазмун мегузарад ба ин чорабинй наомада буданд. Мутассифона ба ғайр аз саҳни маркази таҳсилоти иловагй дигар чизеро надиданд. Ақалан мебоист барои пайшиносони наврас, ки аз дуру наздики кишварамон ба пойтахт омада буданд, экскурсия ташкил мекарданд.  

Ба пойтахт омадему нодида рафтем

Ачибаш дар он аст, ки ба пойтахт омаданду пойтахтро надида баргаштанд. Дар ин чо ноаҳлии кормандони маркази корҳои тарбиявиро нишон медиҳад. Хунукназарй ба чунин чорабинии муҳими тарбиявй ба дарачае буд, ки ақалан ҳайати ҳакамонро ба ғолибони экспедитсияи аз дуру наздик омада шинос накарданд. Хайати ҳакамон вобаста ба самтҳо экспонатҳои ҳозир кардаи мактаббачагон шинос шуданд, нақли шиносшудагонро шунавиданд. Мебоист онҳо аз руи якчанд самт ғолибони озмунро муайян мекарданд. Маъною мақсади озмун пеш аз ҳама аз ҳамин иборат аст. Сад афсус, ки ин нуқтаи муҳим низ ҳалли худро наёфт. Ё ҳайати ҳакамон одамони тасодуфй буданд, ки дар ин бора бемасъулиятона рафтор карданд. Кор ба дарчае расида буд, ки на ҳамаи иштирокдорони озмун чамъбастро интизор нашуда, дилсардона ба чойҳояшон рафта буданд. Фақат онҳое монда буданд, ки аз вилояти Суғду Бадахшон, Кулоб барин аз роҳи дур омада буданд. Ачибаш боз дар он буд, ки ба намояндагони боқимондаи ҳозир буда ҳиммат карда яктогй суратгирак ва ба баъзеҳо радиоча туҳфа карданд. Дар асри компютерй, гуё озмун дар қуллаи куҳ гузашта бошад, ифтихорномаҳоро дастй пур карданд. Беҳуда нагуфтаанд, ки об аз сараш лой. Танҳо ҳаминро пай бурдан мумкин буд, ки бо қавли бародарони рус гузаронидани чорабини «радий галочка» гузашт. Аз ин хусус бо чанд нафар кормандони маркази таҳсилоти иловагй норозигии хешро иброз доштам. Онҳо бо ишораи чашм фаҳмониданд, ки ин кори роҳбар аст, ана гапу мана гап.  

Агар аҳвол чунин аст, аз баҳри осорхона…

Намояндагони вазорат ва маркази таҳсилоти иловагии чумҳуриявй дар маҳалҳо шуда, кори таълиму тарбияро тафтиш мекунанду хеле сахт танқид мекунанд. Модом, ки дар марказ корҳои тарбиявй дар чунин сатҳ ба роҳ монда шуда бошад пас онҳо ҳуқуқи маънавие надоранд, ки ба оташи ташаббускорон оби сард пошанд. Ё дар маркази таҳсилоти иловагй одамони тасодуфие чамъ шудаанд, ки вазифаи худро тамоман сарфаҳм намераванд.

Мегуянд, ки борҳо номи ҳамин ташкилотро дигар карданд вале ҳеч не ки натичаи корашон назаррас гардад.

Дар вақти хайру хуш бо рафиқоне дар экспедитсияи чоруми сайёҳй-кишваршиносии «Точикистон-кишвари азизи ман» куллашон изҳори карданд, ки агар аҳвол чунин бошад дигар дар озмун мешуда иштирок нахоҳанд кард.

Хуллас ҳайфи маблағи зиёде ба воситаи самолёт ба Душанбе рафтему ба мақсади ба миён гузошта шуда нарасидем.

Ана барои чй дар вақти гузаронидани ин чорабинии муҳими чумҳуриявй , ки вай ба тарбияи насли навраси мо алоқаманд буд намояндагони газетаи «Омузгор» иштирок надошт, кормандони телевизион бошад мебоист пурра рафти чорабиниро барои мактабиён нишон медоданд. Онҳо як пайдо шуданду хунукназарона андаке ба навор гирифтанду халос. Вақте кори амалии мактабббачагонро ба хурду калон пешкаш намекунанд, магар танҳо бо қанд гуфтан даҳон ширин мешавад?

Advertisements

20.10.2008 - Posted by | Фарҳанг

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: