ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Пулҳои лениндори шуравиро Амонатбонк чй гуна бармегардонад: 100000 : 100 : 1000 = 1?

Ёдат ба хайр бод пулҳои шуравӣ…

Чура ЮСУФЙ

ё сад ҳазор суми шуравй як сомонй аст?Баъди чопи мақолае дар Вароруд бо яке аз муддаиёни боинсофона баргардондани амонатҳои дар замони шуравй пасандоз кардаи мардуми Точикистон Бобомалик Зоиров вохурдам. Миннатдорй изҳор кард ва гуфт, ки кош рузе расаду ҳақ ба ҳақдор қарор гирад, пулҳои амонат ба соҳибонашон ё меросхурони онон баргардонда шаванд.

Воқифони ҳол гуфтанд, ки ҳам маблағҳои бо пули шуравии барориши соли 1961, ҳам пасандозҳои бо пули соли 1993-и Руссия ва ҳам бо рубли точикй гузошта тибқи қарори ҳукумат бозгардонда шуда истодаанд. Азбаски аксарияти кулли ин маблағҳо дар «Амонатбонк» пасандоз шудаанд, корафтодагон метавонанд пулҳои худро бигиранд. Бовар намекунед? Ана, дина дар куча муаллими нафақахури газетахонеро дидам, ки аз суи яке аз бахшҳои «Амонатбонк» меомад ва хеле ошуфтаву парешон менамуд.

Муаллим аз баҳри пул баромад…

-Ҳа, бахайр, устод, аз кучо меоеду ба кучо равонаед?

-Аз бонк меоям. Набераам, ки шукраш, аз интернет бохабар аст, дар ҳамон сайт, мегуед, ё сомонаи «Азия плюс» хондааст, ки «Амонатбонк» пасандозҳои пеширо бармегардондааст. Аз он суи дарё 70 дирам роҳкиро дода, омадаму…

-О, маблағро гирифта бошед, чаро ғамгинед?-пурсидам аз муаллим.

-Ростй, дар бонк мувофиқи ҳуччату санадҳои бисёре ба ман ҳақиқати ҳолро фаҳмонданду ба қавле оби хунук аз сарам рехт. Банда, ки чанд сол боз мавчудияти он пасандозҳои барбодрафтаро фаромуш карда будам, аламам боз тоза шуд. Медонед, дафтарчаи амонатии 200000-и ман чй қадар сомонй мешудааст?

-Не-ку. Шояд 2000 ё 200 сомонй шуда бошад?

— Ҳе, бародари ширин, ақаллан 20 сомонй ҳам мешуд, он қадар алам намекард. Медонед, тарзи ҳисобу китоб чй хел будааст? Ана ҳамон 200000-ро ба 1200-и коэффитсиент тақсим мекардаед, ки 166, 6 рубли точикии соли 1995 мешудааст. Инро, биёед яклухт карда, 117 ҳисоб кунем, ба 11 зарб мезадаем. Ҳосил-1137. Ҳамин рақам, яъне 117-ро ба 1000 боз тақсим мекунем =183, яъне 1 сомонию 80 дирам мешавад он 200000.

-Пулро гирифтед, охир?

-Алам кард, сахт алам кард, дигар чизе нагуфта, баромада рафтам. Чй ҳам мегуфтам, охир кормандони бонк ҳам аз пеши худ ин масъалаи душвортар аз масъалаҳои математикаи олиро фикр карда набаровардаанд. Аз онҳое бояд гила кард, ки дар сатҳҳои боло чунин қарор қабул кардаанд. Ба фикрам, вакилони халқи ҳама зинаҳо бояд ба ҳалли ин масъала иқдоми чиддй кунанд.

Пулҳои соҳибдори бесоҳиб

 Монанди ин муаллим, ки аз баҳри пасандозаш бо норозигй бошад ҳам гузашт, дар шаҳри Хучанд, вилояти Суғд ва умуман, чумҳурй чанд нафар бошанд?

Як нафар коршиноси соҳаи молия, ки нахост номаш зикр шавад, чунин гуфт:

-Барои осон шудани фаҳмиши ин муаммо онро чунин баён кардан мумкин аст:100000 суми шуравиро аввал ба 100-и коэффитсиент тақсим карда, онро боз ба 1000 тақсим мекунем, баробар мешавад ба 1 сомонй. 100000 рубли соли 1993-и Русияро ба 1200-и коэффитсиент тақсим карда, ба 11 зарб мезанем, ки 917 рубли точикии соли 1995 ҳосил мешавад. Ин 917-ро ба 1000 тақсим кунем, ҳосил мешавад 0, 92 сомонй, яъне, 92 дирам. Ба тахмини ман, агар дар шаҳри Хучанд 100000 нафар ба ҳисоби миёна бо чунин ҳисоб 50 дирамй дошта бошанд, 50 ҳазор сомонй мешавад, ки ками дар кам мисли ин муаллим онро гирифтанй ҳастанд…

Дархост ва пешниҳод

Масъалаи дар сатҳи вилояту чумҳурй чй қадар будани ин маблағҳои соҳибдори бесоҳибро бигзор масъулони бонкдории кишвар ҳал кунанд ва ба мардум бифаҳмонанд. Умуман, тақдири маблағҳои халқ кори ҳазлу бозй нест ва мебояд онро агар намояндагонаш ҳал карда натавонанд, худ бо роҳи референдум ҳал кунад…

Реклама

21.10.2008 - Posted by | Иқтисод

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: