ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

«Ман ба пахтачинй намеравам!!!»

          Дилошуби Тоҳириён    

Ман ба пахтачинй намеравам!!!

27.10.2008. Дар ҳоле ки донишчуёни дигар мамолик кашфи кайҳонро доранд ва донишчуи точик дар майдони пахта  қарор дорад, ман ба пахтачинй нахоҳам рафт!!! Дар ҳоле ки донишчуёни дигар кишварҳои чаҳон дар паси Интернет менишинаду аз хабарҳои чаҳонй хабардор мегарданд ва донишчуи точик дар чуяҳои пахта ҳаммомро фаромуш кардааст, ман ба пахта намеравам!!! Дар ҳоле ки донишчуҳои дастёбтарини кишварҳои ранги мо кучак барои поймол нагардидани ҳуқуқи худ кушиш мекунад ва донишчуи точик ба лабаш кулух молида, сари таъзим фуруд меорад, барои «азизон»-и ноазиз ман ба пахта нахоҳам рафт!!! Дар ҳоле ки донишчуёни дигар давлатҳо баъди хатми донишгоҳ соҳиби кори хубу маоши кофй мегарданд ва донишчуи точик муҳочири Русия мешавад, ман ба пахтачинй намеравам! Дар ҳоле ки дигар ҳамтоёни ман- донишчуёни дигар донишкадаҳои чаҳон рузи дарсии худро тарк намекунанд ва ба корфармоии устод чарима  мебанданд ва донишчуи точик чун ғулом дар саҳроҳои сард ду моҳу даҳ руз (70-рузи меҳнати зарбдор) меҳнати ичборй мекунад ва аз омузиш дур мемонад, ман ба пахтачинй нахоҳам рафт!!!

Агар Рудакиро-донишчуи мадрасаро ҳокими давр Сомонй ба пахта мебурд мо ҳам таассуби  сардафтарамон мекардем аз баски об аз сарчашмаамон лой нест мо ба пахта  нахоҳем рафт!!! Ин ҳуқуқи ман аст, ки қонунгузории кишвар баоям фарҳам овардааст.

Нимаи аввали октябр баъди чуфти якум мо аз устоди донишгоҳамон чавоб гирифта, ба редаксияи «Вароруд» омадем, зеро аз кишвари Ҳулланд ба ҳафтаномаи «Вароруд» оғои Мерсел ташриф оварда буд. (Зимнан, бояд қайд кунам, ки дар заминаи ҳафтанома «мактаби журналистии Вароруд» амал мекунад ва хеле нафарони дастёби олами журналистикаи вилоят ва ҳатто баъзан чумҳурй аз ин мактаб гузаштаанд). Ҳадафи ин мард ба мо-журналистони чавон дар доираи сохтани рузнома ва саҳифабандию тарзи гузоштани расму омодаи мавод дар рузнома маълумоти мушаххасе доданй буд. Бадбахтона бошад ё хушбахтона бошад, ки он руз мо аз навиштани аризаи «ба пахтачинй меравем?»-и факулта иштирок карда натавонистем.

Дар дохили танаффуси дарси «Вароруд» ҳамкурсам Акбар Очилов занг зада ба ман расонид, ки бояд ба зудй факулта оям. «Тезтар биё, чорум курсҳоро ҳам ба пахта мебурдаанд ва моро ҳоло мачбур мекунанд, ки бояд ариза нависем.

-Барои чй ариза бояд навишт?-пурсидам аз у

-Намедонам, шояд, ки боварии моро, ки оё ба пахтачинй меравем ё не тавассути аризаамон маълум намоянд.

-Дар ариза чи навиштан даркор будааст?

 -Ҳамин чо биё, баъд мефаҳмй, мазмуни хамаи аризахо қариб, ки якранг.

Бо у хайрухуш намуда, ҳайрон шудам давоми дарсро гуш кунам ва ё ба суи факулт…? Ҳар чй бодо, бод, гуён бо меҳмоне, ки аз ҳамин қадар роҳи дур барои омузонидани чизе баҳри донишчуи точик омадааст, давоми дарсро гуш кардам.  Вақте ба меҳмон дар бораи ба пахтачинй бурдани донишчуи ғуломи точик ҳарф задем, у табассум намуда сар чунбонд, ки дар ин бора у хабардор аст.  Донишчуи точик бо пахтааш ба чаҳон машҳур шудааст-дия гуфтему ба факулта баргаштем. Донишчуёни  сарсону саргардон, ки казармаҳои буи заҳу сардии ҳавои пагоҳии пахтачиниро хуб медонистанд,  чинҳои пешониашонро чамъ намуда, «боз пахта-мй» гуён норозигй мекарданд.

Як нафар аз донишчуи шинос иброз намуд, ки моро ба мачлисгоҳ чамъ намуданду  масъалаи муҳими чамъоварии пахтаро фаҳмониданд ва гуфтанд, ки бе навиштани ариза аз мачлисоҳ касе берун по наниҳад (дар факултаи суханшиносии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров).

-Дар болои сарам муаллиме истода буд ва мачбур мекард, ки ариза нависам ва рафтан ё нарафтанамро дар  он чо орам. Мазмуни аризаи ман чунин буд: «Агар ман дар маъракаи ду ҳафтаинаи пахтачинй иштирок накунам маро аз факулта хорич кунед» (ин албатта тибқи диктаи муаллимони донишгоҳ).

Гумон накардам, ки у чунин навишта бошад, зеро духтари часур буд. Вале гуфт, ки устодони бисёр арчманд дар наздамон ҳузур доштанд,  шарм дошта, навиштаму аммо рафтанам ба гумон аст, зеро бародарам ҳам дар пахта аст, модарам танҳост.  Ба гуфти у,-  имсол ин масъаларо сахт қапидаанд ва метарсам, ки агар наравам маро хорич кунанд, зеро исботашон ҳаст, ки худам ариза навиштаам— давом медиҳад.  Ман ҳайрон мондам, чунки ман ҳам алъон донишчуям, ариза нависем ё не? Зеро ба гуфти бисёриҳо бо онҳое ки ариза нанавиштаанд суҳбати чиддй дар пеш будааст. Аҳд кардам, ки ҳарчй  мекарда бошанд, кунанд, ман ҳукуқҳои худро медонам.  Дигаре гуфт: «агар пахта наравй всё равно қасосашонро мегиранд, ҳозир не вақти санчишу имтиҳонҳо ҳамин хел мекунанд, ки худат мазза карда мешинй, лучши  то сонй сарама дард кунонида шиштана ҳозир рафта қарзи фарзандии худамро мекунаму халос» 

Як нафар донишчуйи факултаи  филология,  ки аз гуфтани номаш худдорй намуд, шароити пахтаро гарон арзёбй кард. Ба гуфти у дар хочагии деҳқонии Шукруллоеви ноҳияи Зафаробод донишчуён аз оби ошомиданй танқисй мекашанд ва хурду хурокҳо хам ба талабот чавобгуй нест. 

-Аз ҳисоби пахтаи чидаи мо ҳар руз барои хурду хурок  аз ҳар як донишчуй  ба ҳисоби 7 сомонй маблаг мегиранд. Як нафар духтар бемор шуд ва аз муаллиме, ки мутассадии мо буд, хоҳиш кардем, ки уро чавоб диҳад вале муаллим рад намуда, гуфт ки пагоҳ духтурро меорам. Чун пагоҳ шуд аз духтур ягон дарак нашуд, -илова мекунад мавсуф.

Пас ба он донишчуёне, ки аз пахта ба хона бо худ бемориро меоранд, кй чавоб хоҳад гуфт? Ва аз насли мо-ояндагон танҳо маризон тавлид меёбанду бас.

Мо низ мефаҳмем, ки пахта ин бойигарии давлат аст, ва ҳар чй тезтар чамоварии он барои манфиати худамон хоҳад буд. Аммо, вазифаи донишчуй хондан аст ё чамоварии пахта? Қарзи фарзандии мову шумо ин дар факулта нишастан ва омухтани илм аст, агар моро ба чои донишгоҳ ба хизмати ватан мефиристод он гоҳ қарзи ватан он буд. Чаро баҳри дифои хуқуқҳои хеш чидду чаҳд намекунем ва санги лаънату миннати устодони қадрдонро бар душ бори гарон мегирем.  Ман боварии комил дорам, ки баъди дарчи ин матлаб сарзанишҳои зиёде хоҳам шунид бо калимаҳои «намакро хурда ба намакдон туф кардй, ҳеч чиз намедонистй паррончакат кардем, акнун аз худ рафтй-а, тирмизакча ….» Ва шояд аз номи донишчуйи бенасиб ҳам шавам. Ҳар чй бодо, бод!

Ошкоро мегуям, ман шахсан як сол дар пахтачинй бемор шудам ва баъди пахтачинй 15 руз дар бемористон хобидам, ки то ба ҳануз гоҳ-гоҳ дард азиятам медиҳад.

Як нафар хабарнигори радиои «Озодй»  ки дусти қарин аст, мегуяд, ки ба ректорат занг задам ва аз Мингбоев пурсидам, ки чаро донишчуёни курси чорумро ба муҳлати 2 хафта ба пахта мебарем гуфта, вале аз ду ҳафта гузашту хоҳиши баргардон карданро надоред?  Аммо ба чояш  тамоман чавоби дигар гирифтааст. «Шумо далел надоред»-гуфтааст, Мингбоев-чонишини ректори ДДХ.

Дар қонунҳои кишвар меҳнати ичбори манъ гардида, ҳатто хилофи қонун арзёбй мегардад. Аз як нафар устод пурсед, ки «чаро ба пахта мебаранд?» мегуяд, ки фармон аз болост, ректор инро фармони болоии дигар мегуяд. Пас фармони кист, шояд СММ бошад ?! Кй ба саволҳои мо чавоб хоҳад гуфт? Факулта, ректорат  ё сарчашмаҳои болой, ё СММ…???

Ёддошти сардабир: Дилошуби Тоҳириён алъон донишчуйи соли чоруми риштаи рузноманигории донишгоҳи Хучанд аст. Ҳамзамон хабарнигори «ЧР» мебошад. У низ як танест, ки ичборан уро ба навиштани ариза барои пахтачинии «хоҳишй» водор кардаанд. Ҳарчанд хоҳиш кардам, ки навиштаашро бо ин гуна ба интишор надиҳам, аммо исрор кард. Дар «ЧР» озодии сухан тибқи Сарқонун кишвар ва қонуни ЧТ «Дар бораи матбуот ва дигар ВАО» арзиши олй дорад. Мо низ натавонистем, ки рад созем.

Реклама

27.10.2008 - Posted by | Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: