ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Оғози зимистон- анчоми шодиҳои мардум

Набиюллоҳи Суннатй

Мушоҳида кардан мушкил нест, ки ин боду ҳавои тирамоҳ нисбатан паст омада, дар саҳроҳо ҳосил низ назаррас нест. Бар замми ин маҳдудкунии барқ аз якумин рузи фасли пойиз бар сари мардум рехт, ки аллакай буйи зимистон мекард. Ва аз ҳама муҳим, набудани қароргоҳи муайян дар нархгузории бозорҳои кишвар бошандагони Точикистонро ба куйи нигаронй овардааст, ки бахши аксари анчоми шодиҳои мардум маҳсуб меёбад.

Точикистон: Нарх аз Русия ҳам гаронтар аст, ё худ қурби баланду нархи аз он ҳам баландтар

Инак, пас аз гирумони Русияву Гурчистон, ки Амрико чонибдори Саакашвилиро кард, ба таври сунъй ва андак фишор қурби рубли русй ба якборагй фаромад. Аз ин хотир асъори миллии боқи кишварҳои узви ИДМ низ ба таври мадду чазри баҳри иқтисодй болотар рафт. Андар ин ҳол давлатҳое, ки андак истеҳолоти бозорхар ва иқтисодиёти муназзам доштанд, аз туфони берабти иқтисодй эмин монданд. Аммо кишваракҳое, ки нав миёни худро дар арафаи росткунй қарор доранд, амдан миёни иқтисодии эшон шикаста гардид. Дар ин росто аз қатори чунин кишваракҳо Точикистон истисно нест. Фисади зиёди бучаи кишварро, ки маболиғи муҳочирин ташкил медиҳад, худ нишонаи он аст, ки Точикистон бидуни Русия алъон ва шояд асрҳои дигар буда наметавонад. Ин аст, ки мо вобаставу побастаи иқтисодиёт ва молиёти Русияем. Далели қотеъ ин аст, ки дар мадду чазри қурби рубли Русия асъори миллй-сомонй бетавофут намонд. Агар дар назар қурби сомонй дар як моҳ охир аз 100 рубли русй=14,7 сомонй ба 100=11,6 сомонй гуё баланд гардид, мутаассифона нобуди истеҳсолоти дохилй ба он оварда расонид, ки ин пешомад на бар нафъ, балки бар зарари кисаи мардум шуд. Агар қаблан, ба 100 сомонй як пакет хариди олй мекардед, имруз ба 500 сомонй ҳам наметавонед. Оқибати чунин баландшавии сунъиро коршиносон асафбор мебинанд. Як тан хешованди наздики муаллифи ин сатрҳо , ки дар муҳочирати меҳнатии Русия қарор дорад, иброз медорад, ки нархҳои масолеҳи ниёзи аввалия дар Русия нисбат ба Точикистон хеле паст аст. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки чунин «баландшавй»-и қурби сомонй ба манфиати кор нест, зеро то нархгузории бозор ба интизом намеояд, ба мо баландшавии сомонй кумак намекунад.

Хабари хуб: «Барқи Точик» речаи барқро 2 соат зиёд мекунад, аммо…

Раиси ширкати давлатии “Барқи Точик Шарифхон Самиев, дар як нишасти хабарй дар Душанбе эълон кардааст, ки шуруъ аз ноябри соли равон, бо сабаби  воридоти нируи барқ аз Туркманистон маҳдудияти мавчуда ба аҳолй коҳиш дода хоҳад шуд. Яъне барқ 2 соат зиёд интиқол мегардад. Самиев гуфтааст, ки ба 8 соат дар шабонаруз расондани речаи тавзеъи нируи барқ ба мардум дар назар гирифта шудааст. Раҳбари ширкати “Барқи Точик” ҳамчунин хабар дод, ки чархаи севвуми ниругоҳи аввали Сангтуда дар ҳафтаи нахустини моҳи ноябр ба кор андохта хоҳад шуд ва ҳамаро итминони хотир дод, ки мавриди баҳрабардории бештар қарор гирифтани ин ниругоҳ низ ба вазъи интиқоли нируи барқ ба аҳолй ва корхонаҳо таъсири мусбат хоҳад гузошт.

Ачибии кор дар он аст, ки мардум аз чунин пешомад итминон надоранд, ки барқ воқеан бештар мунтақил мешавад. Зеро, оқои Самиев дар мусоҳибаи қаблиаш, ки бо «Азия Плюс» гуфта буд, ки вазъияти барқи имсол нигаронкунанда аст. Ҳар чй пеш омад, хуш омад, агар ибтикори «Барқи Точик» нисбатан бештар додани барқ бошад, мо қарсаки бардавоми коммунистона мезанем. Аммо…

Барқзои чинй (движок), ки бо лақаби «Сангтуда-3» маъруф аст, ҳамакнун мавриди бештари истифодаи умум қарор гирифтааст. Анқариб хонае нест, ки (манзур деҳот) «Сангтуда-3» надошта бошад. Барқи беминнат! Мутаассифона, садои гушхароши барқзои чинй, ки садои онро ба руйи ин коғаз тасвир ва ё рехта намешавад, масъалаи дигар аст. Коршиносони соҳаи тиб бар он назаранд, ки садо ҳар қадар баланд ва ба таври мудовим ба гуш расад, корношоям шудани садопардаҳои қувваи сомеъа ба ҳам меояд. Гузашта аз ин майнаҳо хароб, асабҳо ҳамеша кунд хоҳанд монд. Дар мавриди ин ки бо сухтани садҳои ҳазор тонна шамъу таппакча дар чаҳон чойи аввалро ишғол кардаем, дигар чизе нагуфтаву иловае намекунем.

Суоли бепосух ба чойи охирсухан

Ҳар сол чун анъана муҳочирони точик дар фасли зимистон аз Русия ба зодгоҳ бармегаштанд. Аммо ин зимистони дар пеш истода ҳолати вожгунаро пеши руй овардааст, ки дар навбат истода гирифтани шиносномаҳои хоричй ва хариди чиптаҳои ҳавопаймову қатораҳои самти Русия, худ гувоҳи он аст, ки аҳолии Точикистон аз будаш бештар руй ба муҳочират овардааст. Аксарият оилаҳоеро медонам, ки ҳатто зану фарзандони худро ҳамроҳ бурданд. Ба вижа ин аҳвол дар ноҳияи Исфара ва паҳнои Конибодом бештар ба чашм мерасад. Агар яке дар зимистон шароити комилан тоқатшикани газу барқро сабаб орад, дигаре шароити иқтисодиро бад арзёбй мекунад. Ин аст, ки мардум ба таври психикй вазъияти душвори пешомада аз андоза бештар душвортар қабул кардаанд. Суоли нокушода барои аҳолй ин аст: Давраи гузариш кай хотима меёбад? Аслан давраи гузариш чанд сол аст? Кай мо низ мисли дигар кишварҳои пешрафта кишвари садақадеҳ мешавем? Анқариб 18 сол мешавад, ки мо худро бо ҳарфи «давраи гузариш» тасалло медиҳем. 18 солагй синни балоғат аст. Агар чунин аст, пурсиши мантиқан дурусти «оё мо ба балоғат расидаем?» бо хотимаи давраи гузариш, кай ба ҳам меоянд? Худованд доност.

28.10.2008 Posted by | Иқтисод | Оставьте комментарий