ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Чаҳор сабаби гаронии нарх

Аюбчон Эгамов, иқтисодшинос, махсус барои «ЧР»

30.10.2008 Ба ин саволи муҳимми руз бисёре аз иқтисодчиён, коршиносон фикрҳои худро гуфтаанд. Бархе аз иқтисодчиён дар он назар ҳастанд, ки гаронии нарх ин набудани истеҳсолоти худй аст. Албатта, ин сабаб шуда метавонад, лекин мо дар мисоли бисёре аз мамлакатҳо дида метавонем, ки ин омил на дар ҳама гуна ҳолат дуруст аст. Мисоле меорем аз навиштаҳои рузномаи «Нигоҳ» (№31, 23 октябри 2008): «Нони орди қазоқй дар Точикистон 1 сомониву дар Афғонистон 50 дирам…» Чи хеле ки медонем, сатҳи маҳсулоти дохилй дар Афғонистон аз мо бадтар аст, ки беҳ нест. Дигарон сабаб меоранд, ки мо фарҳанги савдогарй надорем, ин ҳам ба фикри мо бо пуррагй дуруст нест. Зеро аз таърих маълум аст, ки бисёре аз шаҳру навоҳии мо дар «Роҳи Абрешим»-е, ки роҳи асосии пайвандгари Шарқу Ғарб ҳисоб мешуд, роҳе, ки муҳаррик (мотор)-и рушди савдои қитъа буд, чойгир шудаанд. Бозордонй дар хуни мо чойгир аст ва фарҳанги қадима дорад. Пас чй сабаб аст, ки мо нархҳои гарон дорем? Мо фикр мекунем, ки ин воқеият сабаби ягона надорад! Мачмуи сабабҳое вучуд доранд, ки гаронии нархро дар Точикистон ба вучуд овардааст.

1. Коррупсия

Ба наздикй бо як чураам дар кучаҳои Душанбе сайру гашт доштему у аз шумораи зиёди мошинҳои қиммати хоричй ба ҳайрат меомад. У, ки худ мошинфурушй оддй буд ва барои фоидаи 100 ё 200 доллари амрикой, бо як азобу хавфи ҳаёт дар як моҳ ду бор аз Хучанд ба Душанбе мошин мебурд, ибрози ақида кард, ки ин ҳама аз ҳисоби «гера» (ҳероин) аст. Ман дар чавоб гуфтам: «Не, дустам. Ту кутоҳ фикр мекунй! Бисёрии ин асосан аз ҳисоби «взятка» (ришва) аст». 

Барои фаҳмидани таъсири ин омил ба гаронии нарх як мисол меорам. Ҳолати якум: рафиқи соҳибкори шумо хоҳиш мекунад, ки уро бо ҳамсинфатон, ки дар ягон ташкилот мансабдор аст, шинос намоед, ё дар ягон қаҳвахона ҳамроҳ бишинед ва бар ивазаш у (соҳибкор) ба шумо 100 доллар мукофот медиҳад. Ё ин, ки Шумо бе ягон меҳнат аз куча 100 доллар ёфтед. Ҳолати дуюм: Шумо моҳи дароз меҳнат кардед, бо интирозии дароз 100 доллар маош гирифтед. Ана акнун худ фикр кунед, ки Шумо дар ҳолати якум пули ёфтаатонро чй хел сарф мекунеду пули бо меҳнати ҳалол ёфтаатонро чй хел? Ба пули осон ёфта вақти харид маҳсулоти аз ҳама қимматашро (босифаташро) мехаред. Бо пули меҳнатй бошад ҳар як чизро бо савдои қавй ва ҳадди имкон арзонро мехаред. Мо бояд иқрор шавем, ки қисми зиёди аҳолй дар Точикистон аз ҳисоби ришва зиндагй мекунад! Ин маънои он дорад, ки маҳсулоти босифат бо кадом нархе набошад, аз тарафи харидори «пули бе дарди миён» дошта харида мешавад. Дар ин ҳолат қонуни иқтисодиёт кор мекунад, яъне талабот ҳаст, таклифот ҳам мешавад. Талабот, ки боло рафт – нарх гарон мешавад!

Дар ҳама сатҳ ришваситонй вучуд дорад. Мо фикр мекунем, ки яке аз сабабҳои асосии гаронии нарх ҳамин омил мебошад.

2. «Фишори маъмурй»

Ба арзиши ҳамаи молҳое, ки хоҳ дар дохил хоҳ дар хорич истеҳсол шудааст, фоизи калони «фишори маъмурй» зам мешавад. Ба ақидаи баъзе аз соҳибкорон ва коршиносон он на кам аз 50%-и арзиши аслии маҳсулотро ташкил медиҳад.  Ба ин дохил мешавад бочу андоз, нархи сертификату литсензия, ришва, масрафҳои гуногун дар ободонии шаҳру навоҳй (дар бисёр ҳолатҳо шинондани дарахтон, гул, бетонфарши роҳгузарҳо ва ғайра бар души соҳибкорон бор карда мешавад). Албатта, соҳибкор маблағи сарфшударо ба арзиши маҳсулоти худ мешиканад. Бояд як чизро таъкид кунем, ки дар ин ҳолат истеҳсоли маҳсулот дар кишвар барои соҳибкор бесамар мешавад. Мисол мегирем: аз ҳама маҳсулоти дар фасли зимистон «бозоргир» шамъ мебошад. Агар шумо хоҳед, ки тачҳизот ва ашёи хом оварда онро истеҳсол кунед, маҳсулоти шумо аз шамъе, ки аз Чин ворид карда мешавад, қимматтар «меғалтад». Мисоли дигар: зиёда аз 50% обҳои Осиёи Миёна дар Точикистон тавлид меёбаду оби дар зарфҳои пластикй фурухта мешуда (бе газ) на кам аз як сомонй барои як литр аст. Дар ҳамин ҳолат мушоҳида кардан мумкин аст, ки об аз хорича ворид карда мешавад! Яъне дар дигар давлатҳои ҳамсоя мисол Узбекистон об арзонтар аст.

3. Бекорй

Бекорй ва маоши кам дар бисёре аз корхонаҳои давлатй низ сабаби гаронии нарх шуда метавонад. Зеро барои аҳолй ғайр аз хариду фуруш дигар машғулият нест. Теъдоди зиёди соҳибкорон маҳз бо савдо машғул ҳастанд. Маҳсулот аз истеҳсолкунанда то харидор ба воситаи «якчанд даст» меояд. Албатта, ҳама «фоизи» худро мегузорад. Дар шаҳру деҳоти мо сари ҳар як қадам ягон дуконча ё миз монда савдо мекунанд. Агар савдогарони бозори Панчшанберо пурсон шавед, маълум мегардад, ки бисёре аз онҳо аввал дар ягон чой кор мекардаанд ва аз маоши паст тарки касб карда, ба «харидуфурушй» гузаштаанд. Мисол, онҳо дар як руз камаш 10 сомонй фоида гиранд, дар як моҳ 300 сомонй мешавад, ки дар кам корхонаҳо чунин маош вучуд дорад. Аз ин чо бармеояд, ки фурушандаи яклухтфуруш (оптовик) ҳама вақт харидор дорад (чаканафуруш). Ҳоло манбаи рузгузаронии қисми зиёди аҳолй ин чаканафурушй мебошад.

4. Олигополия

Яъне дар Точикистон воридоти маҳсулоти ниёзи аввал дар минтақаҳо байни «монополистон» тақсим шудааст. Мисол гандумро ба Суғд як гуруҳ ва шакарро гуруҳи дигар ворид мекунад. Рақобати нархй вучуд надорад. Агар ягон шахси тасодуфй якчанд вагон маҳсулот ворид кунад, он аз тарафи монополист харида гирифта мешавад (барои поён нафуровардани нарх). Гуфтан мумкин аст, ки нархи маҳсулотро на қонуни «талабот-нарх» аниқ мекунад, балки худи соҳибкор! Албатта, инро аниқ кардан душвор аст ва барои пешгирии он бояд давлат худ мол ворид кунад ва бо соҳибкорон рақобат пайдо намояд.

Аниқ кардани сабабҳои гаронии нарх дар мамлакати мо кори меҳнатталаб буда, таҳқиқи чуқурро талаб мекунад. Дар охир гуфтан мумкин аст, ки мо на ҳамаи сабабҳоро руи коғаз овардем. Ба гаронии нарх дигар омилҳо низ таъсир мерасонад, мисол: фоизи қарзии бонкҳо, арзиши асъори миллй, гардиши пул ва ғайра. Лекин 4 сабабе, ки дар ин мақола оварда шудааст, фикр мекунем, ки сабабҳои калидй мебошанд.

Реклама

29.10.2008 - Posted by | Иқтисод

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: