ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Мо ҳануз андар хами як кучаем…Милоди Суханорое дар Торнигористони точик

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт, Мо ҳануз андар хами як кучаем…

Набиюллоҳи Суннатӣ

31.10.2008. Дар ҳоле, ки Кумитаи чавонон, сайёҳӣ ва варзиши устондории Суғдмарз сомонаи (сайт) вижаи худро надорад, бо оне, ки Идораи фарҳанги вилоят умуман аз сомонаву сомонадорӣ нашъае набурдааст, дар кишварҳои дигар на фақат чунин нуқоту ниҳоди давлатӣ, балки ҳар як адибу рузноманигор ва шахсони мутасаддӣ сомонаву веблогҳои худро доростанд. Ҳарчанд соле қабл раиси кумитаи чавонон, сайёҳӣ ва варзиши вилояти Суғд ваъдаи таъсиси сайт ва як рузнома карда буд, аммо аз он ваъда то ба ичро фарқест, зи замин  то ба сурайё. Адибу шоирони мо аз мафҳуми веблог фарсахҳо дуранд, сухани адибони мо ҳануз ҳам коғазист, мисли дигарон кайҳонӣ нашудааст.

Дируз бо шоири шинохтаи точик Ромиқ (Қимориддин Насимов) яке аз ҳамнишастҳои қарини устоди шодравон Лоиқ суҳбате доштам (мо дустони қаринем. Н.С). Анқариб яке аз мачмуъаҳои охирини устод Ромиқ «Атри маъно»-яш аз чоп баромад. Ҳайфи мо барин миллати фарзонаи шеързод, ки ин гуна мачмуъаи зебову хонданӣ бо теъдоди 100 нусха (!) руйи интишорро дид. Ҳамгунаи Ромиқ шоирони зиёдеро метавон ном бурд, ки китобҳои арзишманди эшон (ба баробари ин мутассифона дигар қатори бешумори кутубе низ мунташир мешаванд, ки дар фачсаройиву шахсиятпарастӣ ҳамто надоранд) бо садаку дусадак адад чоп мешаванд. Яъне дойираи хонандаи эшон ҳамон саду дусад нафар ҳасту халос. Чойи нолаву шеван аст, шармамон бод! Ба мо-точикон сухани кайҳонӣ намерасад, мо донишу улуми технолужи веблогсозиву торнамохониву торнамонигорӣ надорем.

Бо ин ҳама шикваҳои осмонкаф имруз дар Торнигористони точик веблоги Суханорое дигар, бо номи Андар хами як куча милод ёфт. Соҳиби торнамо устоди беминнату сахтгиру меҳрубони камина Чура Юсуфианд. Бо сарсухани нависандаи фарҳехтаи точик-Мирзо Шакурзода оғоз ёфтааст. Хоҳиш мекунам ба ин линк сар бизанед, он чо аз шаъшаъааву накҳати бодаи гулранги човидонӣ баҳравар шавед. Риндонагиҳои Мавлавиву Шамси Табрезиро бо чашми ҳол бубинед, беҳтарин таронаҳои ишқиро он чо бихонед.

Ба шеъру мақолоти камина устод Юсуфӣ ҳамаруз машварату маслаҳатро дареғ намедорад, дили фариштахуе дорад, хисоли маъсумона чун кудаки беғашу табассуми зебои настаранона дорад. Шеъри у низ монои худаш аст, маъсумона, фариштахувона, настаранона ва ҳатман риндона. Марҳабо ба Олами риндиҳои Мавлавй . Шиори устод Юсуфӣ «Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт, Мо ҳануз андар хами як кучаем». Агар завқе аз ин «Андар хами як кучаем»  мехоҳед бардошт, пас марҳабо: http://sukhanoro.blogspot.com/ .

Тавре худи устод Юсуфӣ мегуянд, «Ё Ҳу».

Реклама

30.10.2008 - Posted by | Фарҳанг

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: