ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Чй ҳол дорй муҳочир? Ба диққати сафири ЧТ дар Русия Абдулмачид Достиев ва сафири РФ дар ЧТ Рамазон Абдулатифов

Р.Абдулатифов: Мӯҳтарам Достиев чй кор мекунем, масъала чигил ку?

  Набиюллоҳи Суннатй

01.11.2008. Дар аксари хабаргузориҳои сайтиву моҳвораии Русия замоне калимаи точику Точикистон ёфт мешаванд, ки ҳатман паҳлуйи ин калимот ҳарфи «героин», «наркобарон», «дуздиву ғоратгарй», «куштори муҳочири точик» ва ғайра каломҳо ҳастанд, ки дили касро ба фишор меовараду асабро хароб.

Ба сомонаи компониёи google.com сар бизанед ва дар бахши чустучуйҳои он точик ё Точикистон бинвисед, ба ин гуфтор имон хоҳед овард. Номи миллати моро ба чуз ин калимот ба дигар таҳаввулоти чаҳонй муносиб намедонанд. Аммо воқеъияти кор ин аст, ки мо чунинем охир…

Пас ба сархати хабарҳо менигарам: Санаи 31.10.2008 дар ноҳияи Орчоникидзеи устони Екатеринбург шаҳрванди Точикистон Сафарбек Музаффаров бо чурми қаллобиву сохтакории асъори русй 5 солу 9 моҳ аз озодй маҳрум гардид. Мавсуф дар колонияи низомаш сахт аз чониби суди ин ноҳия маҳкум гардид. Уро бо иттиҳоми сохтакории 5,500 рубли русй мучрим ҳисобиданд.

Шарҳи «ЧР»: Шаҳрванди Точикистон Сафарбек Музаффаров агар чиҳози пулбарорй медошт, бо панчу ним ҳазоракаки русй (муодили 632 сомонй) ба даст намеафтод. Ақли комил низ ба он бовар мекунад, ки агар у ин гуна заводчаи пулсозй медошт, шояд бо як ду миллиард рубл ба даст меуфтод. Ин ҳам як намуди фишор ва иттиҳоми навбатй алайҳи точикон дар Русиёст.

Хабари дигар: Санаи 31.10.2008 суди вилоятии вилояти Новосибирск ҳашт нафар сартарошидаҳои фашистгарои русро ба чурми кушторҳои ваҳшонияти точикон ва дигар милалҳои сиёҳмуй мучрим дониста ба се нафари нажодпарастон аз 4,5 то 6 сол маҳрум аз озодиро муносиб дониста ба панч нафари эшон ҳабси шартии набаромадан аз макони зистро мувофиқ донист. Ҳамзамон дар толори суд чй тавр як нафар точикро 18 корд зада ба қатл расонидани ин гуруҳ ҳам аз чониби худи маҳкумшудагон ва аз чониби судя иброз гардид.

Шарҳи «ЧР»: Муҳтарам Абдумачид Достиев ва Рамазон Абдулатифов! гуруҳи ҳаштнафарае, ки чандин сол бо ваҳшонияту куштору ғоратгарй ном баровардаанд, наход аз 4 то 6 сол аз озодй маҳрум гарданд? Судяи муҳтарамаи суди вилояти Новосибирск Татяна Шахова сабуктарин чазоро раво дид, ки ин як намуди пуштибонии масъулини ниҳодҳои давлати Русия аз скинхедҳоро нишон медиҳад. Ҳол он ки сардори ин гуруҳи муташаккил Михаил Родошкевич бо баҳонаи дар бемористони руҳй қарор доштан, аз баррасии судй барканор ва аз чанголи қонунҳои «оҳанин»-и РФ осонанакак раҳид.

Чанобон сафирон, шумо намояндагони миллати худ дар ҳузури дигар кишваред. Ин гуна найрангҳои ниҳодҳои давлатии Русия бори аввал нест. Ва мутмаинем, ки бори охирин ҳам нест. Хуни точикон солҳои ЧБВ ин қадар дар ғалабаи Русия алайҳи Олмон рехт, ки ингуна то ба ҳол мерезад.  Мағзи гап ин ки то ниҳодҳои давлатии русия пуштибонии махсуси пинҳонй аз скинхедҳоро накунанд, ин гуна номаъқулиҳо ҳеч гоҳ сар намезанад. Пас курсии ҳар дуи шумо ба кадом халқи оддй кумаке кардааст?

Реклама

31.10.2008 - Posted by | Хабарҳои бурунмарзӣ

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: