ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Қадами номубораки Маҳмуд, ба қаъри дарё расад барояд дуд

Пойи номубораки Махмуд

Маҳмуд кй буд, кй шуд?

Чура ЮСУФЙ

03.10.2008. Айнан ҳамин руз ба қадами нотабарруки Маҳмуд ба шимоли Точикистон 10 сол пур мешавад. Ин қадами доғ ба сафҳаи таърихи точикон доғи дигаре овард. 10 сол пеш аз ин полковники мардуд Маҳмуд Худойбердиев ба Хучанд ва чанд шаҳру ноҳияи вилояти Суғд лашкар кашида буд. Ин ҳамла, ки аз хоки кишвари ҳамсоя сурат гирифта буд, чй пешина дошт ва чй пайомадҳо ба бор овард? Ҳоло ин афсари исёнй дар кучо ва дар хидмати кист? 

 

Маҳмуд Худойбердиев 18 октябри соли 1964 дар шаҳри Қурғонтеппа таваллуд шудааст. Падараш — точик, модараш — узбек. Маҳмуд омузишгоҳи ҳарбии фармондеҳии умумиқушунии Алмааторо хатм карда, дар чанги шуравию афғон ба сифати фармондеҳи баталёни иктишофй (разведка) иштирок намудааст. Сардори қаровули фахрии Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев буд, ки гуё барои қазоқ набуданаш баъдан уро аз ин вазифа сабукдуш кардаанд. Соли 1992 ба Точикистон баргашт ва бо рутбаи лейтенанти калон комиссари ҳарбии шаҳри Қурғонтеппа шуд. Ҳангоми даргириҳои Вахшонзамин аз дивизияи 201-уми артиши Русия, ки дар Қурғонтеппа чойгир буд, ҳамроҳи ихтиёриён чанд танкро гирифта, ба кумаки фронтихалқчиёни Сангак Сафаров расид. Баъди чанде у фармондеҳи бригадаи якуми тирандози вазорати дифоъи Точикистон таъин мешавад.

Ошубҳои аввалин

Дар Қурғонтеппа ҳамзамон бо бригадаи у инчунин бригадаи 11-уми тирандози вазорати дифоъ таҳти

Махмуд пеш аз мардуд шуданаш

Махмуд пеш аз мардуд шуданаш

 фармондеҳии Юнус Норбутаев амал мекард, ки байнашон барои таъсири нуфуз дар шаҳру вилоят задухурдҳои ошкору ниҳон сурат мегирифт. 17 сентябри соли 1995 Маҳмуд Худойбердиев бригадаи Норбутаевро комилан шикаст дод ва ҳокими мутлақи Қурғонтеппа гардид. Бригадааш техникаву муҳимоти беҳтарини чангй дошт ва акнун ҳукумати марказиро низ чандон писанд намекард. Тавре худ дар яке аз мусоҳибаҳояш ҳамон солҳо гуфта буд: «Дар бригадаи ман аскарону афсарон намояндагони 50 миллат ҳастанд. Ман бо фармони худ забони русиро забони расмй эълон кардаам. ҳамаи ҳуччатгузорй танҳо ба забони русист!»

Моҳи январи соли 1996 Маҳмуд Худойбердиев исён бардошта, посгоҳи Фахрободро бесилоҳ кард ва дар 10-15 километр дур аз Душанбе камин гирифт. Ибод Бойматов шаҳри Турсунзодаро ишғол кард ванияти ба Душанбе ҳучум кардан дошт. Генерал Мамадчонов дар Хучанд балво оғоз кард. ҳукумат, ки дар Тавилдара ва дигар минтақаҳои доғ бо оппозитсия мусаллаҳ даргири чанг буд, аз пайдоиши ин оппозитсияи «дохилй» ба воҳима афтод.

Бо балвогарон сари мизи музокирот нишастанд. Маҳмуд Худойбердиев чунин талабҳо дошт: вилояти Хатлон дубора ба вилоятҳои Кулобу Курғонтеппа тақсим карда, раиси вилояти Хатлон А. Салимов, муовини аввали Сарвазири чумҳурй М. Убайдуллоев, вазири мудофиа Ш. Хайруллоев, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Ш. Сабзов аз вазифа озод карда шаванд. ҳамчунин у хостори авфи умумии иштирокдорони задухурди моҳи сентябри соли 1995-и байни бригадааш ва бригадаи 11, ҳодисаҳои 25 январи соли 1996 дар Қурғонтеппа, Турсунзода, Шаҳринав, ҳисор ва Хучанд буд. М. Худойбердиев талаб кард, ки дар гуфтушуниди сулҳи точикон у ва дигар қумондонҳои собиқ Фронти халқй иштирок кунанд. Ҳукумат ичборан баъзе талаботи балвогаронро қабул кард. Тавре «Московский комсомолец» ҳамон вақтҳо навишта буд: «Аз ноилочй дар шароите, ки оппозитсия ба ҳучуми қатъй гузашта буд, ба қумондони Қурғонтеппа вазифаи фармондеҳи бригадаи алоҳидаи таъиноти махсус дар ҳайати горди президентиро доданд. Дуруст аст, ки чанговари шуҳратталабро мансаби командири бригада қонеъ намекард ва онро чаҳишгоҳе барои маснади вазири дифоъ ҳисоб менамуд. Агар фамилия ва як силсила робитаҳои дунболадори «узбекияш» дар шаҳрҳои Тошканду Самарқанд, ки аз онҳо президент Раҳмонов, бешак, хабар дошт, намебуданд.» («МК», 24.04.1996).

Ҳучум ба Турсунзода

5 январи соли 1997 полковник Маҳмуд Худойбердиев ба шаҳри Турсунзода ҳучум ва заводи алюминро ишғол кард ва гуруҳи сарбозони худро он чо гузошта, 10 январ ба Қурғонтеппа баргашт. Муҳаққиқи таърихи сулҳи точикон профессор Иброҳим Усмонов дар китоби «Сулҳнома»-аш (саҳ. 349-350) менависад:

«…Дар он рузҳо дар шаҳр (манзур Душанбест-Ч. Ю.) овозаҳои гуеногун паҳн гардида буданд. Аз чумла мегуфтанд, ки воқеаҳое, ки дар ноҳияи Турсунзода ба амал омада истодаанд, талоши байни точикон ва узбекон аст, дар он чо пули Абдуллочонов ва ҳукумати Узбекистон нақши калон дорад. Дар Турсунзода М. Худойбердиев ҳабиб Насруллоеву М. Солиевро чониби худ кашида бошад ҳам, халқ онҳоро дастгирй накард. Овоза буд, ки С. Мирзоев 30-40, Субҳон 25-30, ҳабиб 50-60, Малик то 200 аскар дорад. Шералй Мирзоев, ки раиси курғонтеппа шуданй ва Шер ҳам Худойбердиевро дастгирй мекунанд.

… Дар шаҳри Турсунзода ба муқобили Маҳмуд ба тарафдории ҳукумат Кали Қодир бархостааст.

Ёқуб, ки боз вазир шуданй, бо Маҳмуд бозй — бозй дорад. »

26 феврал бояд қумондонҳо М. Худойбердиев, Ё. Салимов, Ғ. Мирзоев, ҳ. Насруллоев ва Маҳадшариф Шарифов ҳамроҳи ҳайати ҳукуматй ба Маскав, ба гуфтушуниди сулҳ, ки масъалаҳои низомиро баррасй мекард, мерафтанд. Тавре И. Усмонов дар китоби мазкураш менигорад, он руз дар фурудгоҳ танҳо М. Шарифов ҳозир шуду халос.

Исён бо шарикии Ёқуб Салимов

Моҳи августи соли 1997 баъди имзои Созишномаи сулҳи точикон Маҳмуд Худойбердиев ва Ёқуб Салимов дар

Як гуши Каримов дар Точикистон Махмуд буд, дуввумин гуши у кист?

Як гуши Каримов дар Точикистон Махмуд буд, дуввумин гуши у кист?

Вахшу водии ҳисор боз исён бардоштанд. Барои пахши ошуб баробари неруҳои Ғаффор Мирзоеву Суҳроб Қосимов ҳукумат аз неруҳои оппозитсия низ истифода бурд ва исёнгарону сарваронашон парокандаву фирорй шуданд.

Маҳмуд Худойбердиевро дар Узбекистони ҳамсоя паноҳгоҳ доданд ва у тавонист дар шаҳраки низомие собиқ ҳаммаслаконашро гирд оварад ва пайти мувофиқ

мечуст.

ХУЧАНД, 4 ноябри соли 1998

Муаллимаи собиқадори хучандй Ойимнисо Турдибоева чун донистанд, ки банда доир ба 10-солагии ҳучуми Маҳмуд ба Хучанд маводе навиштаниам, лутфан дафтарчаи хотироти худро пешниҳод карданд. Номбурда дар шафати бинои раёсати амнияти миллй дар вилоят зиндагй мекарданду мекунанд, аз ин ру, хотироташон барои донистани авзои воқеии он шабу рузи мудҳиш аз аҳамият холй нест:

«Санаи 4 ноябри соли 1998, соатҳои 3-и пагоҳй як гуруҳи номаълум дар кучаи Камоли Хучандй тир кушода, бинои амнияти миллиро тирборон кард. Ин аҳвол шаби 5 ноябр давом кард. То соати 10-и пагоҳ якзайл тирпарронй шуда, аҳолиро ноором гардонид. Санаи 4 ноябр ба қалъа ҳучум карданд, баъд ду руз паи ҳам бинои идораи корҳои дохилиро тирборон карда, якчанд нафарро куштанд, аз хонаи Кооператор як нафарро парронданд. Дар шаби аввал бинои идораи корҳои дохилиро нобуд карданд, ба аҳолй маълум шуд, ки ин дастаи Маҳмуд Худойбердиев будааст. У хостааст, ки қасоси худро гирад. Дар чанги дар Душанбе шуда, хучандиҳо чй гуноҳ доштанд, ки шаҳри оромро ноором карданд?

Баъди ду руз тирборонкунии биноҳои кучаи Ленин ва Космонавтҳо сар шуд, одамон дар кучаҳо тир хурда, мачруҳ мешуданд. Армияи ҳукуматй бо сардории Ғаффор Мирзоев вориди шаҳри Хучанд шуда буданд. Баъзе сарбозон хонаҳоро ғорат карда, сару либоси мардони раҳгузарро кашида мегирифтанд, ороиши занону духтаронро бо яроқ таҳдид карда, аз гушу гардан ва ангуштонашон гирифта мерафтанд. Шукри он ки армияи Суҳроб омаду пас каме тинчй шуд. »

Ин ҳучуми чингизона ба вилояти Суғд талафоти зиёди чонию молй овард:

Бояд иқрор шуд, ки ин ҳучум як имтиҳони чиддие барои Сулҳи точикон ҳам буд. Бисёриҳо, аз чумла Маҳмуду тарроҳони ҳамлааш дар чумҳурии ҳамсоя ба оштии точикон бовар надоштанд ва бо ин ҳучум мехостанд боз кишвари моро тиккаву пора кунанд. Хушбахтона, ҳам ҳукумат ҳам оппозитсия дар муқобили душмани умумй муштаракан бархостанд ва онро саркуб карданд. Ман худ шоҳид будам, ки беш аз 400 нафар чавонмардони мастчоҳй сарфи назар аз ақидаҳои сиёсиашон чамъ шуда, ихтиёран бар зидди истилогарон чангиданй шуданд. Дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ чунин муҳофизони ихтиёрии Ватан кам набуданд ва ҳоло ки баъзан чавонон аз хизмати ҳарбй саркашй мекунанд, ин нишони кам будани ҳисси меҳанпарастй набояд бошад, балки сабабҳои дигар дорад, ки онро маҳз дар номаҳбубии артиш дар назари насли нав бояд чуст.

Иброҳим Усмонов барҳақ менависад, ки «ҳамкории ҳукумат ва оппозитсия бар асари воқеаи 4 ноябр мустаҳкамтар шуд, зеро қариб 500 нафар силоҳбадастони оппозитсия дар пахш кардани дастаҳои исёнгари М. Худойбердиев ба ҳукумат ёрй расонданд. Ба ақидаи оппозитсия ин ифодаи интегратсияи онҳо буд.»(китоби мазкур, саҳ. 476).

Маҳмуд кучост, чи кора аст?

Баъди шикаст Маҳмуд Худойбердиев ба чои омадааш баргашт ва то ду соли дигар хавфи ҳучуми дуборааш боқй буд. Баъдан дар атрофи номи у овозаҳо, асосан аз чониби кишвари ҳамсоя паҳн мешуданд. Яке аз овозаҳо ин буд, ки гуё ҳукумати Узбекистон ба у пешниҳод кардааст, ки ба Афғонистон рафта, ба муқобили Толибон чанг кунад. Аммо у рад кардааст ва аз чониби чонишинаш парронда шудааст. Овозаи дуюм он буд,ки гуё Худойбердиев дар садамаи автлмобилй ба ҳалокат расида бошад. Воқеаҳои Андичони Узбекистон (моҳи майи соли 2005) дубора номи Маҳмуд Худойбердиевро эҳё карданд. Дар баъзе расонаҳои ахбори хоричй маълумоте пайдо шуд, ки гуё тирборонкунии намоишгарони андичонй кори дастаи мусаллаҳи чазодиҳандаи Маҳмуд Худойбердиев будааст, ки ҳукумати кишвари ҳамсоя онро чун жандарм истифода мебурдааст. Дар ин бора чанде пеш собиқ корманди баландрутбаи хадамоти амнияти Узбекистон майор Икром Ёқубов, ки алҳол дар Лондон паноҳанда аст ба хабарнигорон гуфтааст, ки чосус ва ё чосуси дугона нест. Вай мегуяд, ки танҳо хоҳишаш баёни ҳақиқат асту бас. Яке аз маълумоти чолиби дигари додаи у марбут ба полковники ошубгар Маҳмуд Худойбердиев аст, ки уро дар Точикистон мавриди пайгарди қонун қарор додаанд. Ба иттилоъи Ёқубов, неруҳои таҳти фармондеҳии Худойбердиев барои қатли оми мардум дар Андичон сафарбар шуданд. ҳоло полковники ёғй, ба гуфтаи Икром Ёқубов, бахше аз неруҳои муҳофизгари элитаи Каримов ва духтарони уро раҳбарй мекунад. Яке аз вазифаҳои у таъмини шароити мусоиди сари қудрат овардани Гулнора Каримова аст, ки бояд чои падари 70-сола ва гирифтори саратонашро бигирад, мегуяд Ёқубов.(Аз суҳбат бо Радиои Озодй, 02. 09.08)

Бадтарин зиёне, ки ҳучуми Маҳмуд Худойбердиев ба чой гузошт, хеле тезутунд шудани муносибатҳои ду кишвари ҳамсояи Точикистону Узбекистон гардид, ки бо гузашти даҳ сол ҳам умеди беҳбудияш нест, ки нест.

Реклама

02.11.2008 - Posted by | Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: