ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

ЧАШМАКИ МАН, ЧАШМАКИ ТУ…

d0b1d0b0d180d0ba

Муҳтарам, Ш.Самиев, мо дар ғами барқ ғарқем!

04.11.2008.Пагоҳ, 5 ноябр чарха ё худ агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии Сангтуда-1 ба истифода дода хоҳад шуд. Оё сокинони деҳоти вилояти Суғд иқтидори онро эҳсос хоҳанд кард? Раиси ширкати «Барқи точик» Шарифхон Самиев эълон  дошта буд, ки баъди вуруди барқи Туркманистон ба аҳолии деҳоти кишвар 2 соат зиёдтар дода мешавад, яъне мардуми деҳот дар як шабонаруз 8 соат руйи барқро хоҳанд дид. Барқи туркман омад, иқтидори Сангтуда ҳам зиёд мешавад.

Мо тасмим гирифтем, ки аз вазъи барқрасонй дар баъзе ноҳияҳои Суғд дар рузҳои нахустини моҳи ноябр иттилоъ пайдо кунем. Инак, гузоришҳои хабарнигорони мо:

Мастчоҳ, чамоати Мастчоҳ:

2 ноябр. Субҳ. Аз соати 5.30 то соати 6.20 барқ буд. Ногаҳон хомуш шуд. Аз 6.40 то 7.50 буд. Чамъ субҳона 120 дақиқа, ё  2 соат барқ доданд. Бегоҳ. 17.20 – 18.30 барқ буд. Боз аз соати 19.45 то 20.30 барқ доданд.Чамъ шабона 115 дақиқа, ё 5 дақиқа кам 2 соат барқ доданд. Ва чамъулчамъ сокинони чамоат 2-уми ноябр қариб 4 соат барқ гирифтанд.         

Рузҳои дигари аввали моҳи ноябр ҳам вазъият чунин буд. Сокинонро дар як вақти муайян надодани барқ ба ғазаб меоварад, зеро наметавонанд корҳои ба барқ марбуташонро анчом бидиҳанд.

-Чунин тартибу низомро дар ҳақи худ таҳқир мешуморем. Магар имкон нест, ки барқро дар як вақти муайян диҳанд ва бо хомуш кардану даргиронданҳои ногаҳонй, яъне, бо «Чашмаки ман, чашмаки ту» асабҳои мардумро хароб накунанд?-мегуяд сокини ин чамоат Муҳаммадшариф Атобуллоев.

Исфара, чамоати Чоркуҳ: Барқро саҳар 2 соат ва бегоҳ 2-уву ним соат, чамъ 4-у ним соат медиҳанд. Мардум бештар ба дастгоҳҳои барқзои чиной ва истоҳҳои худсози хурди барқй эътимод доранд.

Ашт, шаҳраки Гулшан: Сокинони шаҳрак дар як шабонаруз то 5-5,5 соат бо барқ таъмин ҳастанд.Бовар доранд, ки баъди ба кор даромадани агрегати сеюми Сангтуда-1 масъулони барқ як-ду соат барқро зиёд мекунанд.

Зафаробод, шаҳраки «Ҳаёти нав»: Саҳарй аз соати 6 то 8 ва бегоҳй аз соати 18 то 21, чамъ 5 соат ба мардум барқ медиҳанд. Масъулони барқ ин речаро қатъй риоя мекунанд ва мардум одат карда истодаанд. Ба ичро ваъдаи муҳтарам Шарифхон Самиев дар бораи 2 соат зиёд кардани барқ баъзеҳо шубҳа доранд. 

Мо ин мавзуъро пайгирй хоҳем кард.

Реклама

04.11.2008 - Posted by | Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: