ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Замини президентй

Пешниҳоди рузноманигор ба Президент

Чура ЮСУФЙ  

Соли 1995 барои мардуми точик яке аз душвортарин солҳои таърихи навини халқи Точикистон буд. Чанги харобиовари таҳмилии шаҳрвандй беамон идома дошт ва тавре ки раҳматии падарам мегуфтанд, чанг наҳсест, ки аз пай наҳсиҳои дигаре, чун қаҳтиву гуруснагй меоварад. Ва доим таъкид мекарданд, ки хонаро ҳеч гоҳ бе гандум ё ақаллан бе чуворимакка намонем. Аммо ғалладонагиҳоро дар кучо корем, ки дар ҳамаи заминҳои беҳтарини собиқ колхозамон ПАХТАЧОН яккаҳукмрон буду ба ғайри ғузапоя ба деҳқони бечора ва умуман, мардуми деҳот чизе намерасид.

Ёдам ҳаст, вақте ба воситаи ойинаи нилгун Фармони Президенти мамлакатро дар бораи ба аҳолии деҳот ва шаҳракҳо чудо кардани 50 ҳазор гектар замин эълон карданд, бисёриҳоро бовар наомад. «Наход ки дар Точикистони бе ин ҳам камзамин давлат ба чунин иқдом даст занад?» — ба худ ва дигарон савол медоданд мардум.

Баъд замин тақсим шуд ва ба мардум гуфтанд, ки «Марҳамат, бигиреду гандум ва ҳар зироати дилхоҳатонро бикоред!» Ба хонаводаи мо, ки 8 нафар будем, 0,15 гектар, ё деҳқонвор гуем, 15 сотих замин расид. Гандуми навъи «Санзар» коридем, ки хеле серҳосил будааст. Қариб як тонна гандум гирифтем, инчунин коҳи бисёре, ки бими гуруснагиро аз мо дур кард. Чун гандумро баробари пухтанаш дастй дарав карда будем, зуд бо маслиҳати падари худораҳматй чуворимаккаи навъи «Омск», ки хеле зудрас будааст, коридем ва ба ғайри баргу пояаш қариб 2 тонна дон гирифтему дар паяш боз гандум коридем. Яъне ҳамон замине, ки акнун пурра ба ихтиёри мо дода шуда буд, мувофиқи ранчамон ганч дод ва ҳоло ҳам як гушаи рузгорамонро мекашонад.

Панч сол боз ба хотири риояи киштгардон дар он юнучқа мекоридем ва ҳар сол панч дарав мегирифтем. Як ҳафта пеш бо 80 сомонй онро шудгор кардем. Худо ҳаворо диҳад, дар он гандум мекорем, ки тухмияшро аз бародарони узбек харидаем. Азбаски ҳар зимистон ба ин замин пору медаровардем, иншооллоҳ, ҳосили хуб хоҳад дод.

Дар деҳаи мо аксарият аз замин, хусусан, аз замини президентй чунин самарабахш истифода мебаранд ва онҳо бандаро на танҳо чун шоиру рузноманигор, балки муҳимтар аз ҳама чун деҳқону чорводор ҳам эътироф мекунанд. Барои ҳамин банда наметавонам, махсусан, дар масъалаи тақдири замин хомуш биистам.      

Махсусан, вақте ки бо тақозои касби рузноманигорй ба бисёр ноҳияҳои кишвар сафар мекунаму мебинам, ки дар баъзе минтақаҳо заминҳо, махсусан, заминҳои президентй хору зор, бе кишту кор мондаанд, дилам ғамбор мегардад. Охир инҳо беҳтарин заминҳо ҳастанд, ки Шумо, муҳтарам Президент, бо умед ба мардум дода будед…Якеро соҳиби аз дигар ҳисоб сершудааш тарк кардаасту дар дигаре навточики сарватманд бустонсаро сохтааст, садҳо гектар замини чанд сол пеш рузидиҳанда бо баҳонаҳои гуногун: камбуди об, норасоии маблағ барои шудгору кишту коркарду тухмй ва ғайра бекор хобидаанд. Агар ин заминҳо забон медоштанд, албатта, ба ҳафт пушти соҳибони ношукрашон ва масъулони бетамиз дуруду сано намефиристоданд.

   Шумо ҳам чун мани деҳқонзода ин масъаларо нағз медонед ва  соле қабл, 15 сентябри соли 2007 дар як мачлиси Ҳукумат, ки баъди якбора 1, 5-2 баробар гарон шудани нархи орд баргузор шуда буд, таъкид кардед, ки заминҳои президентй аз дасти касоне, ки ба қадрашон намерасанд, кашида гирифта шаванд. Ва ин супоришро оё масъулон, пеш аз ҳама намояндагонатон дар вилоятҳову шаҳру навоҳй ва кумитаҳои замин, ки қаҳрамонҳои асосии Очонсии назорати молиявй ва мубориза бо коррупсия гаштаанд, ичро карданд?

Бино бар ин чунин ПЕШНИҲОД дорам: дар ҳамин зимистон комиссияи босалоҳият тамоми заминҳои президентиро амиқан, холисанлиллоҳ, бисанчад ва аниқ кунад, ки дар саросари кишвар чй миқдоре аз онҳо ва чаро аз истифода берун мондаанд, то дар аввали баҳор қисматашонро ба дасти ашхоси заминпарвари боинсоф бидиҳем.

Реклама

12.11.2008 - Posted by | Иқтисод

3 комментария »

  1. ПЕШНИҲОД дорам: дар ҳамин зимистон комиссияи босалоҳият тамоми заминҳои президентиро амиқан, холисанлиллоҳ, бисанчад ва аниқ кунад, ки …

    Домулло Ҷӯра Юсуфӣ. Шумо нанавиштед, ки ба ин комиссия киҳо бояд дохил шаванд. Агар ба он ҳукуматиён дохил шаванд, пас донед, ки ин тоифа «холисанлиллоҳ»-ро намедонанд.
    Дигар инки заминҳои Тоҷикистон замини президентӣ нестанд (як бор холисанлиллоҳ фикр кунед). Заминҳои Тоҷикистон моли тамоми мардауми кишвар мебошад.

    Лутфан, дар бораи он нависед, ки пули миллат ба чӣ сарф мешавад ва оё ин дуруст аст. Тоҷикистон бо ин президент ба куҷо равона аст?

    Бо дуруд, Илҳом.

    комментарий от Илҳом | 19.11.2008

  2. Ташаккур, бародар Илхом! Пешниходоти шумо ба мо маъкул шуданд ва иншооллох дар навиштахои оянда онхоро ба инобат хохем гирифт. Худо ёру мададгоратон бод!

    комментарий от Чура Юсуфи | 26.11.2008

  3. Выражаю искреннюю признательность создателям сайта tojikona.wordpress.com за проделанную работу.

    C уважением, лесбиянка Аврора

    комментарий от WetGirl | 06.12.2008


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: