ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Ё ҳосили пахта хоҳ ё таҳсили мо…

Абдуқодири Абдуқаҳҳор

Ахиран 8-уми ноябри соли равон тақрибан соати 9-и шаб донишчуёни макотиби олии вилоят аз маъракаи пахтачинй баргаштанд. Бояд гуфт, ки тайи 50 руз онҳо дар баъзе ноҳияҳои пахтакор ба чамъоварии «тиллои сафед» машғул буданд.

Он шабе, ки донишчуёнро  меоварданд, дар назди туйхонаи «Раҳимй» манзараи мудҳише буд, зеро донишчуёни пахтачин дар ҳавои шамолу боронй бо кулвори пур аз либосҳову бистарҳои аз чангу хоки «казармаҳо» олуда, дунболи таксиҳо сарсону саргардон буданд. Ба гуфти бисёре аз донишчуён онҳо дар ин шаби сарди боронй умед доштанд, ки аз чониби раёсати донишгоҳҳо барои ба манзил расониданаш мошинҳои махсусе чудо мекунанд, аммо ин гумонашон ботил баромад. Зеро дар таърихи донишгоҳҳо то кунун ин ҳодиса иттифоқ наафтодааст.

 Аксарияти онон бо пули ночизи аз пахтачинй овардаи худ такси киро карда, то манзилашон расиданд. Он шаб як нафар донишчудухтари факултаи филологияи точики ДДХ Парвина Азизхонова,  ки касе ба пешвозаш наомада буд, дар он торикии шаб  зор зор гиря мекард, ки чаро касе ба мо аҳамият намедиҳад ва як нафар ҳамсабақаш уро тасалло дод ва гуфт, ки мо танҳо дар маъракаи пахта зарур будем ва аммо акнун ҳеч қадре надорем.

Тули 50 руз ҳаёти донишчуён дар пахтазор чй тавр гузашт? Як нафар донишчу, ки бо сабабҳои маълум нахост номаш зикр шавад, ин тавр гуфт: 

«Барои ҳама инсонҳо тозагй аввалиндарача аст, аммо барои мо, донишчуён, ин сарфи назар карда шуд, зеро тули 50 руз ақаллан боре ҳам моро ба ҳаммом набурданд. Мо чандин бор ба устодон дар ин хусус суҳбат кардем, аммо эшон пайваста як суханро мегуфтанд: «Аз боло ичозат намедиҳанд». Ман то ҳоло ҳайронам, ки «боло» кучо бошад. Шояд устод ваҳйи осмониро  дар назар доштанд?».

Ба ин минвол донишчуён дар ин муддат ба қавле баданашон бо об қаҳрй буд, ки касе ёрои оштй доданашонро намекард. Суоли матраҳ ин чо ин аст, модоме ки чунин аст, пас дар ҳолатҳои зарурй, махсусан духтарон чй кор мекарданд? Абдуманнон, як нафар донишчу дар ин маврид мегуяд: «Мо, донишчуписарон, дар ин гуна мавридҳо аз усули нав истифода мекардем, яъне шабҳои маҳтобй дар таги ягон дарахти мувофиқ шустушу мекардем, аммо бечора донишчудухтарон як ҳоли хело ҳам хароб доштанд, ки чуз худи эшон касе ин вазъро намедонист.»

 Дар ин маврид донишчуписарон дар ин мавсим пешсаф буданд, зеро онҳо кушишу талаб карданд, то як бор сару танашон оби ҳаммомро бинад ва ба ин муваффақ ҳам гаштанд.

Ба андешаи як донишчуи дигар ба қавле барои онҳо ҳаммом проблема набуд, чунки ҳар вақте касе оббозй кардан мехост, як сатил оби гармро гирифта, ба кунче ё ба зери дарахте пинҳон шуда, оббозй мекард.

Мушкилоти дигаре, ки донишчуёни пахтачин доштанд, ин хуб таъмин набудан бо чои хоб буд, зеро аксари чавонписарон дар бошишгоҳҳо дар руи замин, бидуни кату палос бистарҳои худро партофта, хоб мекардаанд. Як нафар донишчу, ки аз зикр кардани номи хеш худддорй намуд, дар ин маврид ин тавр мегуяд:  «Аз рузе ки моро ба пахтачинй оварданд, то охирон рузи пахтачинй мо дар руи хок курпаҳои худро партофта хоб мекардем, аслан ин гуна бошишгоҳҳо барои хобу хури чорво мувофиқ буданд, на барои одамон. Замин намдор буд ва аз он доим буи рутубат ба димоғ мерасид. Қариб як моҳ мешавад, ки миёнам дард мекунад. Акнун намедонам аз сабаби дар руи намй хоб карданам бошад ва ё чизи дигар. Ба ҳар ҳол ба духтур мурочиат карданам даркор.»

Дар аввали мавсими пахтачинй танҳо донишчуёни курсҳои якуму дуюм ва сеюмро чалб карда буданд. Аммо санаи 11-уми октябри соли равон дар факултаи филологияи точик Мавлонова Мутриба, ноиби декан донишчуёни курсҳои чорумро мачбур намудааст, ки шумо бояд ба дасти худ ариза нависед, ки ман ба хоҳиши худ ба пахта меравам. Ва чумлаи охирини ариза  чунин аст. «Дар сурати нарафтан ба пахта маро аз донишгоҳ хорич кунед.» Маҳз ҳамин чумла гуё метавонистааст дар мавридҳои зарурй масъулини факултаро аз чавобгарй озод кунад.

Албатта, ин чо гуноҳи муаллимаи муҳтарама нест, зеро он касро ҳам шояд аз мақомоти болотар водор карда бошанд, зеро чунин аризанависии ихтиёрй-мачбурй дар дигар факултаҳои ДДХ ҳам будааст.

Ситоди ақибгоҳ

Ситоди ақибгоҳ дар замони салтанати Сталин барои барқарор кардани харобаҳои баъди чанг амал мекард. Аммо чун дар мавсимҳои гузашта имсол  ситоди ақибгоҳи донишгоҳҳо на барои рафъи харобаҳои дар пахта ба амал омада, балки барои хароб намудани кисаи донишчуён таъсис шуда буд. Яъне, он донишчуёне, ки дар маъракаи пахтачинй иштирок намекунанд ва ё бемор ҳастанд (ба истиснои ВКК-дорон), бо маблағи 60- 80 сомонй мачбуран ба нашрияҳои ҳукуматй обуна мешаванд. Ин дар ҳолест, ки фисади зиёди донишчуён шавқу рағбат ба нашрияҳои давриро надоранд. Дар сурати саркашии донишчуе аз пардохти маблағи обуна ҳатман дар мавридҳои зарурй (супоридани санчишу имтиҳонҳо) устодон адабашонро хоҳанд дод.

Донишчу ва «макарон»

Донишчуён бо шунидани вожаи «макарон» чун барги бед меларзанд, чаро ки дар мавсими пахта қариб ҳар руз таъоме аз ин маҳсулоти ордй мехурданд, ки дар таркибаш гушт гуфтанй чиз вучуд надошт. Ҳангоми тановули хурок донишчу чун моҳигир дар зарфи макарон танҳо дар чустучуи картошка буду халос.Худо хайри волидонро диҳад, ки гоҳ-гоҳе ба дидани фарзандони худ мераванд ва табиист, ки ҳатман бо кулбори пур аз анвоъи хурданй. Дар сурати омадани волидони ягон донишчу ба дидори фарзанд ҳатман дигар ҳамсабақони у низ аз хурданиҳо бархурдор мешаванд. Субҳгоҳон  маскаю қаймоқу чойи ВЕТТА-ро, ки қисми зиёди донишчуён дар хонаҳои худ тановул мекарданд, дар пахтачинй бо хлеби туруш ва оби занголуди фарсахҳо дур аз вожаи санитариву гигиенй мубаддал карданд.

 Дар ҳамин замина замони дар пахта будани донишчуён як гуруҳи вижае аз чониби созмони ҳуқуқшиносони чавони «АМПАРО» ва як нафар корманди радиои «Озодй» ба ноҳияҳои Ашту  Зафаробод бо мақсади назарсанчй ва пурсиш рафтанд, то бидонанд, ки донишчуён то кадом андоза мехоҳанд дар маъракаи пахта ширкат карда бошанд. Аммо ба гуфтаи Волида Иброҳимова, як тан аз корманди ин созмон, ҳангоми рафтан ба ноҳияи Ашт онҳо  ба бархурди шадиди устодони ДДҲБСТ дучор шудаанд. У мегуяд: «Ҳангоме ки мо мехостем бо донишчуёни факултаи ҳуқуқшиносй суҳбат кунем, декани ҳамин факулта  Ахмедов Н. И.  нагузошт, ки мо дар миёни донишчуён пурсиш худро гузаронем.  У ба мо гуфт, ки агар  хоҳед, ман ба шумо мегуям, ки донишчуён чй ҳол доранд.»

 Ибодати Неъматзода, хабарнигори радиои «Озодй», ки ин гуруҳро ҳамроҳй мекард, андешаашро ба таври зайл иброз намуд: «Вақте ки ман хостам бошишгоҳи донишчуёнро аксбардорй кунам, Ахмедов Н.И ба назди мо омада, моро аз бошишгоҳ ронда, чунин гуфт: «Равед аз ин чо, ман шумо барин шогирдони зиёд дорам, ки дар мақомотҳои қудратй кор мекунанд, ки агар занг занам, коратон чатоқ мешавад.»

Донишчуён баргаштанд

Воқеан, баргаштани донишчуён аз пахта ба баргаштани ғарибе ба ватан шабоҳат дорад. Ҳар ғарибе, ки ба ватан бармегардад, ҳатман армуғоне ба худ меорад. Аммо донишчуён чй армуғоне ба худ оварданд?  Яке меъдадард, дигаре подарду саввумй миёндардро оварданд. Чаро ки дар ҳавои сард дар болои хоки намдор ва шароити бади санитариву гигиенй ба сар бурдан натичааш ҳамин аст. Чизи аз ҳама нигаронкунанда ин аст, ки саломатии донишчудухтарон, ки оянда бояд унвони модариро ҳам ба худ гиранд, бад мешавад.

Хуб он низомномаи таълимие, ки  вазорати маориф ва донишгоҳҳо қаблан тарҳрезй кардабуданд, чй мешавад? Оқои Абдучаббор Раҳмонов вазири маориф оё ба ин рузгори талхи донишчуён боре  сари андеша қарор мегигифта бошад? Ин суолест, ки ҳама сола донишчуён интизори посухи хубе аз вазири маориф ҳастанд. Имсол низ чун ҳарсола бурру дуз намуда, соли таҳсилро хотима медиҳанд.Тавре як шоири навқалами факултаи суханшиносй, ки номашро махфй медорад, чунин байте гуфтааст:

Модар-Ватано, шунав ту оҳи дили мо,

Ё ҳосили пахта хоҳ, ё таҳсили мо.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилоъи сомонаи интернетии АКИ Пресс Рустам Усмонов, мудири шуъбаи илм ва мактабҳои олии МИҲД вилояти Суғд гуфтааст, ки ҳаштуним ҳазор нафар донишчу дар давоми 44 руз даҳуним ҳазор тонна пахта чамоварй намудаанд..

Ёддошти сардабир: Воқеан, 14 ноябр муаллифи ин мақола Абдуқодир 22-сола мешавад. Ба ин навроҳи чодаи пурпечутоб ва то чое хатарноки рузноманигорй маҳорату часорат ва садоқату саодат таманно дорем. Умед аст, ки минбаъд ҳам навиштаҳои Абдуқодир саҳифаҳои ҳафтаномаи мо, дигар нашрияҳои кишвар ва хоричаро гул мекунонанд.

Реклама

12.11.2008 - Posted by | Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: