ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

«Аз ағба фуромадум, шудам дамкутаҳ»

Алии   Фаридун, мусофир, махсус барои «ЧР»

13.11.2008.  Боришоти барф тайи як ҳафтаи охир дар  ағбаи  Шаҳристон ба аҳолии водии Зарафшону ронандагону мусофирони хатсайри Хучанд-Душанбе мушкилоти зиёдеро ба бор овард. Бори дигар исбот гардид, масъулини вазорати нақлиёт ва комуникатсияи  чумҳурй ва сохторҳои ин ниҳод дар вилояти Суғд наметавонанд, дар ҳудуди 20 км роҳро аз барф тоза намуда, мушкилоти мардумро дар ин ағба осон намоянд.Ошкор бояд гуфт, ки  маҳз бепарвой ва бемасъулиятии Идораи истифодабарии роҳҳои вилояти Суғд ва чанд коргари ин ниҳод, ки нигоҳубинии  роҳи ағба ба души онҳост, боиси пайдо шудани ранч ва то чое садамаи нақлиётй дар ағба мегардад.

Шояд масъулини Идораи истифодабарии роҳҳои вилояти Суғд то оғози истифодабарии нақби Шаҳристон корҳои таъмиру тармимро дар ағба фаромуш карда бошанд.Ду адад трактори ба ағба вобаста намудаи Идораи истифодабарии роҳҳои вилояти Суғд, ки ҳар ду ҳам аз даври Дақёнус мондаанд, на танҳо мушкилоти ронандагону мусофиронро осон намегардонанд, балки соатҳо ронандагону мусофиронро дар ҳолати ногувори сарди ағба нигоҳ медоранд.  

1.Гадоёни ағбаи  Шаҳристон

Бино ба гуфти аксари ронандагон танҳо рузҳои боришоти барфи зиёд чанд нафар кормандони  Идораи истифодабарии роҳҳои вилояти Суғд дар ноҳияҳои Шаҳристону Айнй ба чои ба роҳ пошидани қуму намак ба гадоии руирост машғуланд. Барои  пошидани қуму намак, ки вазифаи онҳост, аз ҳар ронанда беибо маблағ талаб менамоянд. Ин ҳолат, яъне гадоии кормандони Идораи истофодабарии роҳҳои вилояти Суғд дар ноҳияҳои Шаҳристону Айнй  шояд моро нигарон кунад, ки Идораи истофодабарии роҳҳои вилояти Суғд  дар ноҳияҳои Шаҳристону Айнй кормандони худро дар ағба бо маошу либосу хуроки гарм таъмин намесозад? Зеро кас ҳолати роҳсозони ноҳияҳои Шаҳристону Айниро дар ағбаи Шаҳристон  мебинаду раҳмаш меояд ва бовар мекунад, ки онҳо писарони «угай»-и вазорати  нақлиёт ва комуникатсияи  чумҳурй  мебошанд. 

Агар ин ҳолат чой надошта бошад, пас чаро вазорати  нақлиёт ва комуникатсияи  чумҳурй  наметавонад дар мавсими зимистон барои рафъи мушкилот дар ағбаи   Шаҳристон як адад булдозери нави ҳозиразамон ва нақлиёти барфрубиро вобаста намояд? 

Оё  мушкилоту сарсониҳои ронандагон ва садамаҳои  рузафзуни нақлиётй дар ағбаи Шаҳристон масъулини вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи кишварро ба ягон хулосаи даркорй намеоранд?

2.Марг дар ағба

 Бино ба иттилои хабаргузории сомонаи  «Asiaplus.tj»  танҳо дар соли равон дар ағбаи  Шаҳристон 6 садамаи нақлиётй рух додааст, ки бар асари он 7 тан ҳалок гардида, 11 нафари дигар чароҳатҳои чисмонй бардоштаанд. Махсусан, дар санаи 7.11.2008  дар километри 150-уми шоҳроҳи Хучанд-Душанбе дар ағбаи  Шаҳристон сангрезиши сахт боиси сарозер шудани автомошинаи тамғаи «Урал-357» ба чуқурии  80 метр ва ҳалокати ронандаи он сокини 24-солаи чамоати Лангари ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ Абдулло  Қувватов гардид. Оё ин ҳодисаҳо Ҳукумати чумҳурй  ва  вазорати  нақлиёт ва комуникатсияро ба изтироб намеоранд?  

3. Иқдоми хуби  БДА

Аммо бо ин ҳама бемасъулиятии масъулини истифодабарии  роҳҳои  навоҳии Шаҳристону Айнй   дар тартиботи шоҳроҳи  Хучанд-Душанбе  мақомоти БДА-и РКД-и вилояти Суғд андак назаррас аст. Аз чумла, сардори БДА  РКД-и вилояти Суғд полковники  милитсия М.Каримов ба очонсии  «Asiaplus» итилоъ додааст, ки бар асари боридани барфи зиёд воситаҳои  нақлиёт метавонанд танҳо дар як самт ҳаракат кунанд, ки ин боиси дар як чой чамъ гаштани шумораи зиёди мошинҳо гаштааст.Хадамоти хизматрасонии роҳ сузишвории кофй надоранд, ки сари вақт  ва зуд роҳро аз барф тоза созанд ва аз ин ру зарур аст,ки ҳаракати нақлиёт ба танзим дароварда шавад. Ман дар як вақт ба кормандони  БДА  РКД-и вилояти Суғд  минатдории худро  барои чунин ғамхориашон  ба воситаи  «ЧР» баён менамоям.  

Реклама

13.11.2008 - Posted by | Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: