ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

«Агар садсола гардам ҳам…» ё вой бар ҳоли маориф

Муҳаммадназар Аҳмадов, махсус барои «ЧР»

Дар байни мардум мегардам. Суханони пуралами муаллимонро оид ба руз то руз беқадр шуданашон мешунавам. Барги хазонгашта қадр дораду мо не. Машаққати ихтисосамонро ба инобат гирифта, бесабаб инженери руҳии инсон нагуфтаанд. Чамъият равшангари ҳаёти фарзанди худро дар симои муаллим мебинад ва бо эҳтироми зиёд тақдирашро ба у месупорад. Ягон кор дар руи замин ба заҳмати кори муаллимй баробар шуда наметавонад.

Танҳо муаллим бо сабру тоқаташ метавонад ба 25-30 нафар кудаки шуху саркаш бо меҳру вафои беандозаи худ аз дасти нозуки онҳо дошта, нависондану хонданро ёд диҳад. Қобилияти фаҳмиши ҳар кадоме ва хислатҳояшон ҳархела, ба нозу нуз, зуд сар хам намекунанд, вале у ба мақсади дар назди худ гузоштааш мушарраф мешавад. Чучаи мурғ тухмро кафонда, рост суи дон мешитобаду муаллим бо душворй насли одамро ақл меомузонаду саводнок мекунонад. Ҳамаи ин заҳмати уро бузургон аз давраи хеле қадим то рузҳои мо мушоҳида карда, пас гуфтаанд, ки «меҳри устод аз падар беш аст». Ҳама — шоҳу гадо аз дасти устод таълиму тарбия гирифта буду мегирад, вале касе ёд надорад, ки гуяд,–муаллим буд, ки маро ба роҳи дуздй, ришвахорй, фиребгарй, бемеҳрй, чаллодй, тачовузкорию дилозорй ҳидоят карда буд. Ҳамеша акси ин гуфтаҳоро аз қаъри дили шаффофаш аз синфи аввал то тамом кардани мактаб аз даҳони муаллим мешунавиданду мешунаванд. Хароб гаштани асаби омузгор, бой додани саломатиаш аз мушкилоти кору вазифаи у вобаста аст.

Вазифаи чонии муаллим дар назди чамъият аз кори самараноки сифати таълиму тарбия иборат мебошад. Гоҳ-гоҳ симои устодонам Ҳочй Саидов, Бобочон Чураев, Лутфй Каримов, Бисултон Қодирова, Fаффор Расулов, Берта Соломоновна Локшина, руҳашон шод бод, Точдорхон Эшонова, Ҳалима Раҳимова баринҳо мисли лентаи кино аз пеши назарам мегузаранд. Ҳамаи онҳоро чеҳраашон шод буду бо нафақаи хизмати худ қариб аҳли оилаашонро таъмин мекарданд. Қариб ки дар пешонаи онҳо ожанг наменамуд. Ба симои муаллими имруз менигарам, ба назар менамояд, ки чеҳраи онҳое, ки пеш ба нафақа баромада буданд, чавонтар буда, дар пешониашон қариб ки очанг наменамуд.

Дар он солҳо ба ғайр аз ичрои бошарафи кори омузгорй мо бемалол ба корҳои чамъиятии баруихатгирии аҳолй, агитаторй ва ба худомузй ҳам машғул мешудем. Ин чо мехоҳам аз иштироки муаллимон дар  чамъоварии «тиллои сафед», ки бе чуну чаро боигарии давлату халқ ба шумор мерафт, ёдовар шавам. Равғану кунчора, шулхаву пахта ва матои аз пахта бофта ё духташударо аз фурушгоҳҳои давлатй бо нархи хеле арзон дастрас мекардем. Бе миннат ба пахтазор мерафтем, барои он, ки моликияти давлат буд, яъне халқро давлату давлатро халқ мефаҳмидем. Муаллимон ва дигар хашарчиён бо хуроки хушсифату арзон таъмин буданду дар охири руз музди пахтачинй мегирифтанд. Бо автобус ба сари замин мебурданду меоварданд. Аз роҳбари аввал сар карда, то мудирони шуъбаҳо, раиси колхоз, агроном, саркор дар ҳаққи ёрдамчиён ғамхорй зоҳир мекарданд. Як пои роҳбарияти вилоят ҳамеша дар пахтазор буд. Бегоҳ консерт ё кино намоиш медоданд…

Ҳамин тавр боз ба шавқу ҳавас, меҳри беандоза ба вазифаи бошарафи хеш бо тайёрии ҳамарафа, бо масъулияти баланд касби омузгориро идома медодем.

Намедонам давраи гузариши мо боз чанд соли дигарро дарбар мегирад. Кудаки дар нахустин соли истиқлол таваллудшуда соҳиби фарзанд ҳам шуд, лекин мо ҳоло ҳам давраи гузариш мегуем. Одамони тасодуфию булҳавас соҳиби фабрикаву завод ва замин шуданд. Касеро парвое нест, ки онҳоро кй соҳиб шуд. У дар бораи кори деҳқонй тасаввуроте дорад ё на. Замин модари ғамхору мушфиқ буду ҳаст. Вале имруз он ҳам мисли одамони майзадаву наркоман аз беқувватй аз ҳосил додан маҳрум гашт. Соҳибони замин ҳатто ҳаққи заминро наҳангмонанд дам кашиданд. Акнун даъво мекунанд, ки замини камҳосил моро қарздор кард, муфлис шудем. Агар илочаш мешуд, онро ба суд медоданд.

Дар замин пахта шукуфта интизори чинанда мебошад. Саволе бармеояд, ки чаро деҳқон бо заҳмати беандозаву арақи чабин расондаи пахтаро худаш ҳавсалаи чидан надорад? Зеро ғуломдорон, қориишкамбаҳои навбаромад ба деҳқон ба ивази меҳнаташ бояду шояд ҳақгузорй накарданду намекунанд, вале тафтишгарон қудраташон намерасад, ки сирри ин гуна наҳангҳои ҳаққи деҳқонхурро фош кунанд.

Имсол ҳам боз шиори «Ҳафтод рузи зарбдор дар пахтазор!» эълон карданд. Ачабо, акнун пахта пахтаи умумихалқй нест. Пас барои кй ва барои чй ҳашари умумихалқй эълон карданд?

Акнун муаллимон — шахсони маълумоти олидор, сиёсатро мефаҳмидагй, дурандеш маоши хеле калон мегиранд. Гуё онҳо аз ташаббуси ватандустонаи донишчуён руҳ гирифта, бо ҳамовозии гарму чушон тарафдор шуданд. Як қисмашон дар майдонҳои ҳосили «рекордй» доштаи Зафарободу як қисмашон дар ноҳияи Ашт бо дили гарм пахта чиданд. Мегуянд, ки ин гуна омузгорон ватандуст, саховатпеша, дасткушод ва ёрдамчии беминнати деҳқони хокпош ба шумор мераванд. Бовар кунед, ин гуфтаҳо то як андоза чон доранд. Магар онҳо саховатманд нестанд, ки ҳамроҳи худ хурокашонро мегиранд, зеро медонанд, ки лаззати таоми соҳибкорон чй тавр аст, микроавтобусҳоро бо ҳамон маоши соли равон хеле зиёдшудаи худ киро карда, ба сари воти замини пахтазор мераванд. Ҳамдигарро бо ҳамин роҳ иваз мекунанд. Магар қадр кардани муаллим ва сарбаландии у дар замони мо аз ин хам баландтар шуда метавонад?

Fамхорй ба дарачае расид, ки соли равон маоши муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумй ҳашт-бист сомонй баланд шуд. Ҳой мардум дониста монед, ки маоши муаллимон муфтакак зиёд нашудааст. Шумо ҳам устоди чигарбанди хешро ин қадар иллату миннат накунед. Медонед бо кадом роҳ маошашонро зиёд карданд. Инсофдорон ставкаи кории онҳоро дар як ҳафта ба чои шонздаҳ соат ҳаждаҳ соат карданд. Яъне аз ҳисоби ду соат бештар кор кардан музди меҳнаташон ҳашт-бист сомонй зиёд шуд. Ҳай-ҳай…

Ин қадар зиёд шудани маош онҳоро дарди сар кард. Фикру хаёл мекарданд, ки ин маблағро чй тавр ва дар кучо бояд сарф кунанд. Мегуянд, ки девор сурохй дорад, сурохй муш. Ҳамин миш-миш ба гуши корчаллонҳо расиду мушкилашонро осон кард. Акнун парахае аз ҳамон маоши баландшудаи худро ба микроавтобусҳо сарф мекунанду пахтаи заминдоронро чида ду даст пеши бар карда мегуянд: –Акаи соҳибкор то тавонистем ба шумо ёрдами хоксоронаи худро расонидем. Аз намакдонатон намак хурдем. Умед дорем, ки розй мешавед.

Шумо хаёл накунед, ки бо ҳамин иллату миннати маошро зиёд кардагиҳо кам шуд. Ин қадар тушбераро хом нашуморед. Ҳамин қадар комиссия зиёд шудаву мактаб ба мактаб сафар карда, муаллимонро аз сурохии сузан мегузаронидагй шуданд, ки дилашон боз ҳам ба касби пурифтихори омузгорй «гармтару доғтар» шуда истодааст. Магар баланд бардоштани обрую эътибори муаллими халқро аз ин бештар дар ягон давру замоне дида будед ё шунида?

–Э ман яке аз онҳо мебудам, кайҳо дар даст сатилу чоруб гирифта, дар Русия кучарубй мекардам. Бай, бай, бай… қадру қимати муаллими халқ ин қадар «баланд» будаасту… ба сабру тоқат ва асабҳои оҳанинат қоил, муаллими асри бисту як!-гуфт як шогирдам, ки дар се соли мардикорй дар Русия ҳам соҳиби хона шудаасту ҳам мошин.

Агар шоир Неъмат Шариф дар ҳаёт мебуданд, қадрношиносии муаллими имрузаро дида мегуфтанд, ки шеъри дар васфи заҳматҳои бешумори омузгор эчодкардаашон «Агар садсола гардам ҳам, фаромушаш нахоҳам кард» кайҳо моҳияташро гум карда будааст.

Реклама

17.11.2008 - Posted by | Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: