ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Сабабгори бебарқй дар Мастчоҳ кист?

Абдуқодири Гелонй,  Фитрати Ҳикмат

17.11.2008. Мушкилоти барқ имруз дар ноҳияи Мастчоҳ яке аз муаммоҳое аст, ки кулли сокинони ин ноҳияро ба ташвиш овардааст. Баъди баромади аввалмақоми кишвар Эмомалй Раҳмон ҳангоми ба истифода додани агрегати 3-юми НОБ-и «Сангтуда» ва эълон намудани он, ки минбаъд барқ барои мардуми кишвар дар як шабонаруз 7-соат муайян шуд, ҳамаи мардуми кишвар ва, аз чумла сокинони Мастчоҳ ин чизро бо хушнудй истиқбол намуданд. Ин ба он хотир аст, ки зимистони гузашта мислаш дар 25-соли охир наомада буд, мардум хеле аз набуди барқ азият кашиданд ва дар миқёси кишвар аз сабаби маҳдудияти барқ тибқи иттилои баъзе расонаҳо зимистони гузашта 232 кудак аз сардии ҳаво ва нокифоя будани қувваи барқ чон ба Чаббор таслим карданд. Ва гуё яке аз ин тифлони маъсум, ки дар дохили зарфи шишагин нафаси сунъй мегирифт, бинобар қатъ шудани барқ ба ҳалокат расид.

Бино ба гуфти сардори шабакаҳои барқии ноҳияи Мастчоҳ Кароматулло Муллонаврузов имруз дар ноҳия 180 000 квт/с дар як шабонаруз сарф мешавад, ки ин аз тарафи Барқи тохик моҳи октябри соли чорй муайян шудааст. Аммо соатҳои барқие, ки аз чониби «Барқи точик» муайян шудааст имруз бо иллатҳои гуногун дар ноҳияи Мастчоҳ дар вақтҳои муайяншуда ба мардум сари вақт дода намешавад.

Як нафар сокини чамоати Палдораки ноҳия Фаридуни Шукур иддао пеш меорад, ки иллати ин бесару сомонй аз чониби кормандони шабакаҳои барқии ноҳия будааст:

Таи ду ҳафтаи охир муаммои камбуди барқ ба дилу чони ҳамаи сокинони ноҳия задааст. Шуруъ аз намози шом барқро мекушанд ва пас аз поси шаб, яъне соатҳои 22-ю 23-и шаб барқро медиҳанд, ки мо аз ин чиз дилбазан шудаем. Чизи дигар ин ки дар ҳолати хуби корй ва зуд-зуд таркиш дар подстансияҳо низ муаммои сарбаста барои мардум боқй мондааст. Ба унвони мисол ҳафтае қабл дар яке аз подстансияҳои чамоати «Палдорак» таркиш ба амал омад, ки боиси қатъ шудани барқ як чанд руз барои мо гардид. Ин гуна ҳолатҳо бештар дар рузҳои боронй ба вуқуъ мепайванданд, ки аз хунукназарии кормандони барқи ноҳия мебошад.

Воқеан гуфтаҳои мавсуф дар ноҳияи Мастчоҳ то андозае вучуд доранд, вале ба иллати чй ва аз чониби кй барқ зуд-зуд хомуш мешавад. Барои мардум рушан нест.

Аммо имруз қатъ шудани барқ барои бемористонҳо чй таъсироте хоҳад дошт? Чун ки дар ҳоли ҳозир, ки ҳаво ру ба сард шудан дорад, ва бидуни барқ фаъолияти бемористонҳо хеле ҳам душвор мешавад. Оё имруз бемористонҳои ноҳия бо барқи доимй таъминанд?

Манучеҳри Акрам як нафар чарроҳи бемористони ноҳия ва ҳамзамон сарвари Маркази ташаккулли тарзи ҳаёти солим дар ноҳия Мастчоҳ ин тавр мегуяд:

Шукри Худо дар бемористон боре нашудааст, ки беморони мо ҳангоми чарроҳй аз сабаби камбуди барқ ба муаммое мувочеҳ шуда бошанд, чун ки дар бемористони мо 4-то генератор мавчудаст, ки ҳангоми қатъ шудани барқ мо аз онҳо истифода мекунем. Ин генераторҳо вобаста карда шудаанд ба шуъбаҳои «Эҳё», «Бачагон», «Чарроҳй» ,«Амрози дохила» ва дигар шуъбаҳои зарурй. Бо ин генераторҳо ба барқ таъмин мекунем. Аммо ман як чизро бояд мутазаккир шавам, то он даме, ки дар шабакаҳои барқии ноҳия як зарра барқ агар бошад, дар бемористони мо барқ ҳаст. Раиси тозаинтихоби бемористон Авезова Гулбаҳор дар мавриди таъмини бемористон бо барқ бевосита бо кормандони барқии Чумҳурии Узбакистон шартнома бастаанд, то ки бемористони мо аз муаммои барқ раҳой ёбад.

Исмоил Чумаев сардухтари шуъбаи «Амрози дохила»-и бемористони мансуб ба бемористони «Чумъаев» аз он нигарон аст, ки бемористонашон имсол насбат ба соли гузашта аз чиҳати таъмини барқ танқисй мекашад. У мегуяд бемороне, ки мубталои бемориҳои гуногун ҳастанд ва чун ба бемористони мо меоянд, аз набуди барқ дар шабонгоҳон азият мекашанд:

-Таъмини барқ дар бемористони мо дар қиёс бо соли гузашта имсол хеле бад шудааст. Масалан, як ҳафтаи ахир бемористони мо аз чиҳати таъмини барқ танқисй кашид. Додану хомуш кардани барқ имруз дар ноҳия як меъёри муайян надорад. Барқро мо дар бемористон танҳо барои рушнои истифода мебарем ва дар сурати хомуш шудани барқ шабонгоҳ мо аз чароғҳои бобоиву аз рушанидиҳандаҳои чиной (фанарик) истифода мекунем, чун ки мо мисли дигар бемористонҳо генератор надорем. Ҳучраҳои бемористони мо имруз бо печкаҳо бо истифода аз ангишту ҳезум гарм мешаванд.

Воқеан зуд-зуд хомуш намудани барқ шомгоҳон мардумро нигарон кардааст, зеро аксари эшон, ки аз кор бармегарданд ва қисме мехоҳанд ба тамошои барномаҳои фароғатй ё ба мутолиаи рузномаву мачалла машғул шаванд, аз хомушии барқ дар соатҳои зарурй монеа ба ин шуғли мардум мешавад. Барқе, ки ба мардум медиҳанд, замонест, ки ҳама дар хоби нозанд.

Зоирбек Соҳибов як нафар китобфуруш низ аз назми интиқоли барқ норизо ҳаст.

-Ман як шахси фарҳангдуст аз субҳ то шом бо китобфурушй машғул ҳастам ва шомгоҳ, ки ба хона бармегардам ҳангоми мутолиаи китоб ва ё тановули таъом як бора барқро хомуш мекунанд, ки дар он торикии шаб бовар кунед асабҳои кас вайрон мешаванд. Ва ё бештар вақт дар нисфирузй барқро медиҳанд, ки он вақт ба касе лозим нест. Аммо ҳамин ки шаб ва ё субҳ шуд, яъне дар вақтҳои зарурй барқро хомуш мекунанд. Ман намедонам барои чй барқчиён талаботи мардумро ба назар намегиранд.

Аммо дар ҳамин ҳол Аҳрори Авазпур як тан аз коршиноси масоили минтақавй зуд-зуд хомуш кунии барқро ба иллати саҳлангории барқчиёни узбак медонад.

-Ҳукуматдорони Тошкант, ки барқи мо аз ин чумҳурии ҳамсоя вобастагии зиёд дорад, ахиран гуё бо сабаби таъмиру тармими стансияҳои барқй дар мавриди таъмини мардуми ноҳияи Мастчоҳ бо барқ таъхир намуда истодаанд. Ҳукуматдорони Тошкант мехоҳанд бадин васила нобоварии мардумро нисбати Ҳукумати кишвар ва чеҳраҳои аввалини он зиёд намоянд. Барқе, ки дар нисфишабй ба мардуми ноҳия медиҳанд, ҳеч зарурате надорад, чун ки ҳама мардум дар хобанд

Барои рушанй андохтан ба ин бесару сомониҳо мардум агар чунин андеша доранд, пас масъулин ба кадом фикр ризостанд? Дар ноҳия қисме бар онанд, ки ин мушкилот аз чониби кормандони барқи ноҳия вобастагй дорад ва иддаи дигари мардум андеша доранд, ки ин мушкилот ба чумҳурии ҳамсояи Узбакистон марбутаст. То кучо ин сару садоҳо чанбаи воқей доранд? Кароматулло Муллонаврузов сардори шабакаҳои барқии ноҳияи Мастчоҳ чунин гуфт:

-Аз соати 9-и руз то соати 17-и бегоҳ ва аз соати 21:00-и шаб то соати 6:00 субҳ бояд барқро хомуш кунем. Аз соати 6:00 субҳ то соати 9:00 руз ва аз соати 17:00 бегоҳ то соати 21:00 шаб бояд ба аҳолй барқ дода шавад. Сабаби тағйир ёфтани реча дар он аст, ки дар хатҳои баландшиддати барқие, ки аз Чумҳурии Узбакистон ба мо меоянд таъмиру тармим рафта истодааст. Ва аз ҳамин чост, ки мо дар вақташ ба мардум барқ дода наметавонам. Хати доимии барқи ноҳияи Мастчоҳ бо линаи баландшиддати 110 аз минтақаи Металургияи Чумҳурии Узбакистон гирифта мешавад. Аммо дар ноҳия бошад хати доимии барқ бештар ба бинои Суд ва бинои прокуратура, маркази диспансерй, Бонкҳо ва бинои Ҳукумату дидбонгоҳи БДА дода мешавад.

Акнун мувофиқи барқияи телефонии Барқи точик мо бояд аҳолиро бо 6-соат барқ таъмин кунем. Аз тарафи мо моҳи октябр 6 соатй пурра таъмин шуда буд. Боришоти зиёде, ки вақтҳои ахир ба амал омада буд, ба сари вақт додани барқ барои мардум таъсири манфй расонид.»

 Аммо бо ин ҳама зуд-зуд хомушкунии барқ мардум сабру тоқатро пеша карда, аз ҳукумати кишвар умеди калон доранд, вале Ҳукумати Узбакистон ва оқои Ислом Каримов бо ин рафтори худ чй мехоста бошад: Афзудани нобоварии мардум нисбати ҳукуматдорони кишвари Точикистон, тундии муносибат миёни халқҳои точику узбак ва ё…?

PS: Чунин аҳволи хунукназарии масъулини барқи маҳаллй дар дигар манотиқи кишвар низ хеле зуд ба чашм мерасад. Мо дар шумораҳои оянда кушиш мекунем, ки ба таври мунтазам аз ҳар навоҳй гузориш ва таҳлиле пешниҳод созем.

Реклама

18.11.2008 - Posted by | Иқтисод, Тоҷикистон, Хабарҳои бурунмарзӣ

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: