ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Суғд, аҳзобу барқу газ

Чура ЮСУФЙ

Чумъабой Ниёзов

Чумъабой Ниёзов

18.11.2008. Чумъабой Ниёзов – яке аз пешвоёни Ҳизби демократи Точикистон дар гузориши худ оид ба таъмини аҳолии Суғд бо барқу газ чунин баён дошт, ки чун дар бораи норасоии ин ду василаи зиндагй сухан равад, аксарият ба самти кишвари ҳамсоя ишора мекунанд. Гуё дар ҳама ҳолат чониби Узбекистон гунаҳгор аст, ки ҳар вақте хоҳад, барқу газ медиҳаду нахоҳад, намедиҳад.

-Аммо вазъият акси ин ҳол будааст, — гуфт номбурда дар маҳфили машваратии ҳизбҳои сиёсй, ки 18-уми ноябри соли равон дар Хучанд баргузор гардид.-Аксар вақт барқу газ бо айби масъулони соҳаҳои мазкур ба аҳолй дастрас намешаванд. Агар тачҳизоти зеристгоҳҳо ва хатҳои ҳавоию заминии интиқоли барқ, ки аз соли 1960 инчониб вучуд доранд, тачдид нашаванд, таъминоти барқ беҳ намегардад.

Ба ақидаи у, симу ноқилҳо ва зеристгоҳҳо шиддати баландро, ки асосан дар фасли зимистон, бино ба мақсади гарм кардану таъом пухтан истифода шудани барқ, намебардоранд ва зуд-зуд ба садама дучор мешаванд. Дар Хучанд ва дигар шаҳрҳои калони Суғд газ дар як шабонаруз танҳо 3 соат дода мешавад, ки қариб ним соаташ ҳавои холист. Масъулони соҳаро пайдо кардан душвор аст. Аҳолй 98 %-и ҳаққи барқро пардохт кардааст. Пули газ ҳам 50-100 сомонй пешпардохт шудааст.

Сипас аъзои маҳфил, роҳбарону намояндагони созмонҳои вилоятии ҳизбҳои сиёсй, ба ғайр аз Ҳизби аграрй дар муҳокимаи ин масъалаи муҳимтарини ҳаёти имрузи чомеа фаъолона ширкат карданд.p10100381

Мудири шуъбаи энергетика ва саноати МИҲД вилояти Суғд Содиқ Рустамов, яке аз масъулони барқрасонии вилоят Инъомчон Сангинов ба саволҳои бисёри аҳли маҳфил чавоб дода, таъкид карданд, ки таъмини барқ танҳо аз масъулон вобаста нест. Онҳо аз сарварони аҳзоб хоҳиш карданд, мардумро ба сарфаю сариштакорй дар истифодаи неруи барқ даъват намоянд.

Азбаски таъминоти барқ дар ноҳияи Мастчоҳ вазнинтарин аст, мо аз муҳтарам Содиқ Рустамов ин масъаларо пурсон шудем. У гуфт, ки мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз вазъият огоҳ аст ва ҳамин ҳафта муовини аввали Раиси вилоят Шакарбек Самадов бо масъулони барқи Узбекистон суҳбат кард. Маълум гардид, ки яке аз неругоҳҳои кишвари ҳамсоя носоз будааст, ки Мастчоҳ аз он барқ мегирифтааст  ва бино бар ин таъминоти ин ноҳия то ҳол ба низоми муайян надаромадааст.

-То охири ҳафта ин мушкили мардуми Мастчоҳ ҳал хоҳад шуд, -изҳор дошт С. Рустамов.

Инъомчон Сангинов ба саволи мо дар бораи қатъ шудани барқ дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Хучанд посух дод, ки сокинони Хучанд аз меъёр хеле зиёд барқ гирифта истодаанд, ки зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқол тоб намеоваранд. Ҳамчунин мо наметавонем аз ҳисоби дигар шаҳру ноҳияҳо ба маркази вилоят барқ диҳем. Бо ҳамин сабаб дар баъзе маҳаллаҳо барқро бо усули веерй муваққатан хомуш мекунем, мо ҳам инро намехоҳем, вале алҳол илочи дигаре нест.

Хотиррасон мекунем, ки маҳфили мазкур ҳар моҳ як маротиба бо баррасии масоили доғи руз бо дастгирии САҲА баргузор мегардад.

Ёддошти сардабир: Масъалаи барқ одатан ҳар фасли сармо мавриди бардорузани кулли маҳофили кишвар мегардад. Аз ин ру дар шимоли Точикистон, ки зимистон қабл бо шадидтарин сардии 25 соли ахир ва ҳадди баландтарин қуллаи маҳдудкунии барқ мувочеҳ шуда буд, дар оғози сармофасли имсол кулли ақшори паҳнои Суғд мехоҳанд асоро дар рушонй бизананд. Аммо вақт нишон хоҳад дод, ки ин гуна баҳсҳо то чй андоза ба вазъи таъмини мардум бо газу барқ таъсир мерасонад. Мо ин масъаларо дунболагирй хоҳем кард.

Реклама

18.11.2008 - Posted by | Навидҳо, Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: