ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Ай шоири аробакаш аз Амрико биё!

Бозор Собири мо! Аз мост, на бо мост...

Бозор Собири мо! Аз мост, на бо мост...

Набиюллоҳи Суннатй

70 сол қабл айнан ҳамин руз шоири номвару фарҳехтаи точик Бозор Собир тифли 6 руза шуда буд. Он лаҳза у намедонист, ки пас аз 70 сол зодрузашро на дар Файзобод, балки дар ғурбат пешвоз хоҳад гирифт. Он лаҳза у ҳатто дарк намекард, ки замоне шоири маъруф мешаваду паси панчара менишинад ва аз он чо рост суйи Русияву Ирон ва баъдтар он суйи уқёнус зист ихтиёр мекунад. У намедонист, ки намедонист. Намедонист, ки замоне, яъне имруз мақомоти Точикистон зодрузи шоирро дар ватан чашн намегиранд.

Иттифоқи Нависандагони Точикистон гуфтаанд, ки 70-солагии шоирро баҳори оянда дар Душанбе тачлил хоҳанд кард. Дардо ва ачабо, дар синни 71-солагй мо баъд 70-солагии Бозорро тачлил мегирем.

Танҳо ба муносибати  70-солагиии  Бозор Собир,  уро дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» табрик карда, порае аз осораш пешкаши хонандагон гардидааст. Ин дар ҳолест, ки нашрияҳои мустақили Точикистон дар як соли ахир бахшида ба 70-солагии Бозор Собир матолиби зиёде ба нашр расонида, аз мақомоти Точикистон дархост карданд, ки аз зодрузи у ба таври расмй тачлил карда шавад. Тавре аз Вазорати фарҳанги Точикистон иброз доштаанд, ҳукумати Точикистон ҳеч барномаеро чиҳати тачлили 70 -солагии Бозор Собир дар даст надоштааст. Навишта ва мусоҳибаи ахири Бозор Собир дар нашрияи мустақили «Нигоҳ» аксари қишри рушанфикри чомеаро ба қавле «рутурш» сохт. У Точикистони кунуниро ватан наномид. У ба қавли худи у танҳо Точикистони советиро ватан меҳисобад. Аксари коршиносон бар онанд, ки маҳз ҳамин гуфтаи Бозор боис шуд, ки уро билкулл мақомоти Точикистон шумтар дид. Ва гуё шонсе, ки барои тачлилаш дар Точикистон дошт, аз даст дод.

Аммо бо вучуд Бозор дар он суйи уқёнус 70 солагиашро чашн гирифт. Шояд ба соғар пури оби дидаи талх рехт ба ёди Точикистон то охирин қатра нушбод кард. Ҳарчанд мегуяд, у Точикистони кунуниро намепазирад, аммо дили у ҳар лаҳза бо ёди ватан метапад. Аз навиштааш пайдост, ки у инро ба гардан гирифтан намехоҳад, аммо ҳувайдост, ки маҳз чаро ба нашрияи Точикистон менависад. Не, не, Бозор аз мо буд, аз мо хоҳад монд. Шоире, ки чорбайтиаш катибаи санги мазори шоиртарин шоири асри 20-Нодири Нодирпур ҳакокй шудааст, чй гуна мешавад, ки мо аз у «отказ» кунем? Бо он ҳама девонагиҳояш Бозор ва ашъору шахсияти у зебост. Бо он ҳама парадоксҳояш у Бозор аст. Арзишмандтарин ва камарзиштарин Бозори мост.

Бо ин ҳама

Ба дил гуфтам, ки Ҳоқонй дареғогуйи ман бошад,

Дареғо худ шудам охир, дареғогуйи Ҳоқонй.

Дунё бевафост, намехоҳам, ки у соли оянда бимирад. Дил намехоҳад. Аммо бо ҳаёт машварат нашояд. Бо ҳазор дард хоҳам гуфт …Ва аминам, ки у рузе моро тарк мегуяд. Итминон дорам, ки пас аз марги у мо ҳатман барояш ҳатто дар нашрияҳои расмй низ марсияҳо мегуйем. Ҳатман дар фироқаш зор-зор талх гиря хоҳем кард. Барояш пайкараву нимпайкара хоҳем сохт. Кучаҳои моро пас аз марги у номи у оро хоҳад дод. Он вақт ба чаҳон боз шиор хоҳем зад, ки Бозор Собир-шоири номвари точик! Аламо! Ҳайф, ки бидуни узру шарм мо пас як соле 70-солагии уро чашн хоҳем гирифт. Агар ин рост аст, ба инаш ҳам шукр.

Ин чо ман барои устод Бозор тақриз ва зиндагиномае нигоштанй нестам. Шеъри «Забони модарй»-и у бас буд, ки дигар мисраъе эчод накунад. Ва у ҳамин гуна озод, маъруфтар аз маъруфҳо хоҳад буду монд.

Зинда бошй устод, шод бошу дер зй!

Реклама

26.11.2008 - Posted by | Навидҳо, Тоҷикистон, Фарҳанг

3 комментария »

  1. Отличная статья.Респект автору.

    комментарий от Evgen80 | 19.12.2008

  2. Давно искал подобный блог, спасибо администрации за него

    комментарий от Elvis | 21.04.2009

  3. Сад пора шуданд сад бор, чун об ба хар суе!!!!!!!!!!!!!!!!!Боз омада пайвастанд, чун об ба як чуйе!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!Бечо шуданд аз чойе, аммо на ба вайрони!!!!!!!!!!!!!!!!!!!Девори Бухоро буд, Исмоили Сомони!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!Барои чи мо Точикон адабиёту фарханги кадиму бой доем ва хамеша ифтихор мекунем аз он, лекин ба кадри Адибону Бузургони хеш намерасем, вакто ки аз дунё рихлат намуданд, шахрхову хиёбонхоро ба номи онхо мегузорем. Чунин Бузургвор мисли устод Бозор Собир дар як аср шояд як ё ду нафар зода шавад… Кадри чунин Бузургворонро надонистан ин як шармандагии калон аст баори давлати сохибистиклоли Точикистон. Мардумони гайри Точик, ки устод Бозор Собирро мешиносанд ва аз холи у бохабаранд, на танхо хукуматдорони моро балки, хаммаи миллати Точикро механданд …

    комментарий от Patriot | 23.04.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: