ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Хучанд: Ҳочатхонаи ҳочатбарор ку?

Баҳодури Носирзод

26.11.2008. Шояд ба хонандаи азиз, чархише пиромуни ин масъала хандаовар тобад. Аммо дар асл, ҳочатхона яке аз муҳимотест, ки шаҳрро зебову тоза нигоҳ медорад. Вагарна, пиромуни хонаҳои баландошёна… Дар маркази шаҳри Хучанд, ки варо ҳамагон чун Универмаг мешиносанд, яке аз чойҳои серодамтар  ба ҳисоб меравад барои қазои ҳочат ягон ҳочатхонаи таъмиршудаи чамъиятй вучуд надорад.

Шаҳри Хучанд яке бузургтарин шаҳрҳои Точикистон  пас аз шаҳри Душанбе пойтахти  кишвар буда, аз чиҳати мавқеи чойгиршавй  дар шимоли Точикистон  ҳамчун маркази вилояти Суғд шинохта мешавад. Ва мо суханро ба дарозо намекашем ва ба дур ҳам назар намеафканем. Дар ин замони нав ба як мушкилоти рақами 1 ҳам гўем ба фикри мо саҳв намешавад, айнан дар ҳамин мавзеъ дучор мешавед, ки  ин ҳам бошад набудани ҳочатхонаи чамъиятй дар «Универмаг»-и шаҳри Хучанд мебошад. Дар асл вучуд дорад, танҳо дар дохили боғи фарҳанг ва фароғатй ба номи  Камоли Хучандй, ки дар девори он бо ранги  сурх «формула»-е навишта шудааст, ки он чунин аст: «Туалет М.- 25д». Вале касир надошт, ки «25 д»-и дар формула бударо соҳиб шавад.  Ё шояд ҳарфи «М», ки дар формула буд маънои онро дошта бошад, ки «25 дирам муҳим аст»? Агар мо гўем, ки ҳочатхона танҳо барои мардон буд, хато мекунем, тавре мушоҳида намудем даромадгоҳи марду зан як чо буд. Мо бо чашми сар дидем, ки дар назди дари ҳочатхона ҳам мардон ва ҳам занон навбат мепоиданд. Дар назди осорхонаи таърихии вилояти Суғд як ҳочатхонаи дигаре қарор дорад, ки аз чаҳор чўбу як палаткаи сабз  иборат буду халос, ки ин ба ҳолатҳои санитарй-гигиенй чавогў нест. Як қадам дуртар аз он аниқтараш дар пушти он чуқурие вучуд дорад. Ба корафтодагон маслиҳат медиҳем, ки ҳангоми наздик шудан ба ин ҳочатхона эҳтиёткор бошанд, ки ба ногоҳ ба чуқурии «кони тилло» фуру нараванд. Аз рўи пурсиш бо роҳгузарҳо ба мо маълум шуд, ки ҳочатхонаи чаҳорчўба танҳо барои коргарҳои даромадгоҳи боғи фарҳангй ва фароғатии ба номи Камоли Хучандй будааст, ки онҳо алъон дар он чо ба кор машғуланд. Воқеан, чунин як ҳочатхонаи чаҳорчўба, ки дар назди як осорхонаи бузурги таърихй воқеъ аст нисбат ба »Универмаг», ки аз ду истгоҳи калон ва як кохи консертй, ки «Маркази чавонон» ном дорад беҳтар аст. Агар масъулини ин соҳа тасмим бигиранд ва дар назди  истгоҳ, ки бо номи  «Универмаг» маъруф аст як ҳочатхонаи чамъиятй бунёд намоянд, кори хайр мешавад. Набудани ҳочатхона  дар  «Универмаг» яке аз муаммоҳое аст, ки  ҳама рўза гирди забони омма аст ва хусусан дар фасли зимистон , ки эҳтиёчоти  мардум ба ҳочатхона зиёд мешавад. Масалан зимистони гузашта, ки хеле сард омада буд, бисёр шахсонеро медидем, ки вориди китобхонаи вилоятии ба номи Тошхуча Асирй мешуданд. Гумон мекардем, ки ин нафарон  дар ин ҳавои сарду тоқатнопазир баҳри омўзиши илму дониш мераванд,  баъдан  маълум гашт, ки онҳо на барои илмомўзй балки барои  қазои ҳочат ба ҳочатхонаи  дохили  китобхона мерафтааанд.  Доир ба ин мавзўъ як нафар донишчў, ки худро Рустам номгузорй кард, ба мо чунин гуфт:

— Ман дар Универмаг боре барои  қазои ҳочат мачбур шудам ба нақлиёти мусофиркаш нишаста сўи ҳочатхонаи бозори Панчшанбе равон шудам ва азбаски чои кории ман дар  наздикии Универмаг буд, мачбур будам, ки боз ба корхона баргардам. Дар асл чунин ҳам шуд ва чамъулчамъ 1 сомониву 50 дирам барои барои як ҳочатхона рафтан харч  намудам. Дар ҳоле ки даромаднокии мо ба зиндагй кифоягй намекунад!

Ёддошти сардабир:

Тасаввур кардан ҳам мушкил нест, ки агар мусофире дар ҳавои сард мунтазири маршрутка дар истгоҳ биистад ва агар қазои ҳочат варо танг созад, ба таври бояду шояд бовар кардан мумкин, ки ба таги купрук хоҳад шитофт.

Дар як нишаст масъулини шаҳрдории шаҳри Хучанд иброз доштанд, ки дар роҳи зеризаминии ба нақша гирифта шуда, ин масъала ҳалли худро хоҳад ёфт. Мо низ мунтазирем, ки сохтмони  роҳи зери заминй тезтар оғоз ёбаду ҳамзамон сохтмони иншооти ҳаётан муҳим-яъне ҳочатхона тезтар дарашро ба руйи ниёзмандон боз кунад.

Реклама

26.11.2008 - Posted by | Амният, Иқтисод, Навидҳо, Тоҷикистон, Фарҳанг

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: