ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Чанги беамон бо ҳарфи точикй Шурои бадеиро шаҳид кард?

Намунаи фарҳанги миллии мо!

Намунаи фарҳанги миллии мо!

Нимшухй вале чиддй

 

Набиюллоҳи Суннатй. Агар дар Точикистон Шурои бадей гуфтанй корхона, ташкилот «допустим» филиалчаи ягон корхонача мебуд, дар бозори Панчшанбе дар растаи фитафурушон диске бо номи «Сиротахои точик» ба фуруш бароварда намешуд. Бовар намекунед? Марҳамат ба растаи фитафурушони Хучандшаҳр!

Шомгоҳ буду гардон-гардон ғарқи андешаҳои худ нишаста будам. Як дуст ва бародарам занг зад.

-Дар фонди луғавии точик калимаи «Сиротахо» ҳаст,-аз он суйи телефон мегуфт ҳамсуҳбатам.

Ман ҳам ҳадаҳа айнаки як чашмаш шикастаро ба болои фуки биниам гузошта, Фарҳанги ду чилдаи забони точикй, «Мунтахаб-ул-луғот», «Ғиёсуллуғот» ва ҳатто «Пиёз-ул-луғот»-у «Ришаханд-ул-луғот»-ро варақ задам. Аммо ин гуна калима ёфт нашуд. Танҳо дар луғати русй-точикй «сирота» чунин тафсир шудааст: Ятим, бекасу куй, бепадару модар, сағира ва ғ.

Пиҳҳҳ, хандидам, ҳамсуҳбатам «ҳа» гуфт.

-Шурои бадеиро мурд гуфта мардуми бедаҳан ҳангома мекарданд, бовар надоштам. Аммо баъди тафсири «Ятимҳои эстрадаи точик» воқеан бовар кардам, ки ин гуна Шуро аз дор-ул-бебарқй ба дор-ул-хокғарқй реҳлат карда будааст.

Дарҳол ману дустам дар худи суҳбати телефонй як ду фотиҳаи ғафс хондему ба арвоҳи марҳум бахшидем ва дар охир ба қавли устод Чура Юсуфй «чояш чангал шавад»-гуён даст ба дуо бардоштем.

Биёед ҳамроҳ ба пушту пеши ин диск назар меафканем. Хуш ки бошад, ана дар поёнаш студияи «Видео-Чашма» навишта шудааст. Аз чанд масъул тавассути телефон пурсидем, ки студияи «Видео-Чашма» гуфтанй студияро медонед. Лекин ба қавли рузномаи «СССР» УВЫ. Наёфтем. Ҳеч кас намедонистааст. Ҳатто зор монад ҳамин диск дар ягон чояш на нишонии корхона на телефону на имейлаш. Охир, майлаш-дияэ, ба қавли Носир-ако Раҳимов. Инро асри 21 мегуянд, асри техникаву пешравй. Пешравиро бинед, ки дар шурои бадеии вилояти Суғд (намедонам воқеан чунин шуро бошад ё не, ё худ соли ҳазору нуҳсаду гушнагй риҳлат карда бошад?), корхонаи давлатии фаръии кино ва видеои вилояти Суғд  ва идораи фарҳанги вилоят як бор сари чунин «сиротахо»-ро сила намекунанд. Як бор лутф карда аз ҳоли чунин корхоначаҳои замбуруғи баъди боронй назар намекунанд. Наход мо дар эстрадаи точик Бахроми Гафури  (!) дошта бошем? Ё худ Садриддин Начмиддин. Ҳарчанд чунин ҳофизонро кофтам, наёфтам. Ба дустам Садриддини Начмиддин занг зада пурсидам, ки оё Бахроми Гафури ва Садридин Начмиддинро мешиносад? У ҳам китф дарҳам кашид. Пайдост Бахрому Начмиддин намешинохтааст.

Дар чунин корхоначаҳо ҳатто ҳуруфи сирилликасоси точикй вучуд надорад! Ана ин пешравй! Гуё студияи (агар ба студия гуфтан мувофиқ бошад) «Видео-Чашма» бо ҳарфҳои точикии «ҳ, ч, й, ӯ ва… » қаҳрй бошад. Ё тавре мегуянд бо ҳуруфи точикй «ЧАНГИ БЕАМОН» эълон дошта бошад. Боре дар яке аз чунин «студияҳои худру» ба чойи «ҳар калла» «хар калла» чоп шуда буд. Ёбеду гиред асри пешравию техникиро. Хайр ба қавле гапи дуввум дарачаро мемонем ба як кунч.

Охир дисктафтишкунакҳо чашми гузарову бино доранд-ку. Се моҳ қабл дар ноҳияи Конибдом ягон диски муғойири миллият наёфтем гуфта, баъзе журналистонро ба дуруғчй муттаҳам карданд. Ҳамзамон варақ-варақ сияҳнома навишта шуд. Дар таги навиштаҳо ғарам-ғарам имзоҳои табаррук гузошта шуд. Ку бинем, ин дафъа чунин соҳибчашмҳо ин гуна ятимҳоро, э узр, «сирота»-ҳои эстрадаи точикро мебинанд ё не?

Агар чунин рафтор дар кишварҳои ранги мо пешрафта сурат гирад, ба худо ба ҳар як муйи сафеди ришам қасам, ки худи ҳофизон ҳам шурои бадей ва ҳам чунин студияҳоро ба ковокии дарахт бароварда мемонданд. Ё «заранее» чанозаашонро тавассути чаримабандии судй мехонданд.

Реклама

03.12.2008 - Posted by | Фарҳанг

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: