ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Шаҳду заҳри ҲИЧРАТ

Чура Юсуфй

Имрузҳо муҳочирони точик, ки кайҳо ба онон унвони паррандаҳои муҳочир ном ниҳодаем, села-села ба ватан баргаштан доранд. Бо баъзеи онон, ки нав аз «пайдо» омадаанд, суҳбатҳои хосае доштем дар бораи талхиҳову шириниҳои заҳмат дар диёри бегона, ки мехоҳем танҳо ду бардоштро аз ин мусоҳибаҳои чурналистй пешниҳоди хонандагони ин саҳифа кунем.

1.Оне, ки ҳунарманд аст, забону урфу одат ва қонунҳои кишвари ба он бо мақсади пайдои пули калон сафар кардаашро медонад, барои номусу нанги миллати хеш чавонмардона талош мекунад, дар намемонад.

Муҳочир М:

-Чанд сол боз дар Русия кор мекунам. Албатта, доимй не, мавсимй. Шукри Худо, ҳунари нағз дорам. Ба ҳар корфармо пеш аз оғози коре шартнома мебандем ва мувофиқи он музди худро меситонем. Азбаски забони русиро хуб медонам, намегузорам, ки таҳчоиҳо ману миллати маро таҳқир кунанд. Ба қарибй корфармои русе ба истеҳзои точикон аз чониби Галустяни косалеси гандахур шарик шуда, дар пеши ман магнитофонро «маяфон» талаффуз кард. Ба мулоиматй чиву кй будани миллати точикро фаҳмондамаш. Фаҳмид ва чун дид, ки мо воқеан бачаҳои ҳалолкор ҳастем, ибодати мусулмонии хешро ба чо меоварем, тасаввуроташ тамоман дигар шуд. Ваъда додааст, ки дар мавсими оянда ҳам бачаҳои гуруҳамонро, ки ҳунарманду худшиносанд, бо кори нағз таъмин мекунад. Маро алам мекунад, ки баъзе ҳаммиллатонамон дар Русия барои пули ночизе худро ба корҳои пасту сиёҳ мезананд ва обруи халқи бузургеро мерезонанд. Ба қавли Устод Рудакй: «ки дар пода яке бошад, ки говонро кунад рихин».

2.Оне, ки беҳунар аст ё ҳунарманд асту қонунҳои кишвари бегонаро эҳтиром намекунад, ё маблағи бо хуни дил ёфтаашро сарфи айшу нуш месозад, бо сари хаму ҳамёни холй бармегардад ва ё дар сафи БОМЖ-ҳо чой мегирад.

Муҳочир Н:

-Бо даъвати як ошнои деринам имсол гови калонеро фурухта, бори аввал ба мардикорй, ба Русия равон шудам. Ошноям дар аввалҳо меҳрубон буд, як чойи хуби кор ҳам ёфт. Дукаса нағз кор мекардем. Аммо вақте ки бори аввал моҳона гирифтем, ошноям арақи бисёр харид ва бо ҳамин ҳар рузу шаб масти лояқил буду на парвои кор дошту на бими бор. Ман чанд руз ба кор танҳо рафтам. Рузе корфармо, ки як чавонмарди ботақвои доғистонй буд, сабаби ба кор наомадани ошноямро пурсид, ман дуруғ гуфтам, ки бемор аст. Он мард ба аёдат омаду шарманда шудем. Хеле андуҳгин шуд ва бо таассуф гуфт, ки «ҳеч бовар намекунам, ки мусулмон чунин хукона нушад, ки худу Худоро фаромуш кунад». Бо ҳамин дигар коре наёфтем. Ман аз ҳамдиёриён пул қарз гирифтаму илоче карда, ба ватан баргаштам. Ошнои бадмасти сиёҳбахтам монд. Ба қавли худаш, барои у дигар на ёр даркор асту на диёр.

Ба қарибй тибқи ваъда бояд мулоқоти Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо намояндагони муҳочирони кории вилоят баргузор гардад. Мо бовар дорем, ки дар он вохурй бисёр мушкилоти марбут ба муҳочират мавриди баҳсу баррасй қарор хоҳанд гирифт. Бисёр мехостем, ки пиромуни худшиносй, нангу ор, диёнату чавонмардй ҳам гуфтугуи ошкорову муфид сурат бигирад.

Дар охир мехостам, таваччуҳи хонандаро ба як хабари умедворкунандае чалб созам, ки аз болоравии ҳисси худшиносию ҳақталошии мардикорони точик шаҳодат медиҳад. Муҳим он, ки дар ин амалиёти ҳақталошй ҳукумат ва созмонҳои чамъиятй пуштибони муҳочирон шудаанд.

Реклама

03.12.2008 - Posted by | Амният, Иқтисод, Тоҷикистон, Хабарҳои бурунмарзӣ

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: