ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Суғд: Худкушй афзудааст

Бидуни шарҳ

Бидуни шарҳ

Чура Юсуфй

 

Дар даҳ моҳи соли равон дар вилояти Суғд 188 ҳодисаи худкушй ва суиқасд ба он сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16 ҳодиса зиёд мебошад. Аз ин 143 ҳолат худкушй буда, 45 ҳолат суиқасд ба худкушй мебошад. Хулоса, 16 худкушй нисбат ба ҳамин давраи порсола зиёд шудааст, кибоиси нигаронй аст.

1. Рақамҳои ташвишовар

Ин масъалаи ташвишовар мавриди гуфтугуи чиддй дар чаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд қарор гирифт.

Муовини прокурори вилоят, мушовири адлияи дарачаи якум Муҳаббат Урунова маъруза карда, бо таассуф қайд намуд, ки:

-Дар як худи ноҳияи Ашт дар ин муддат 25 ҳодисаи худкушй ё суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки 13 %-и чунин ҳодисаҳоро дар миқёси вилоят ташкил медиҳад. Дар шаҳру ноҳияҳои Б. Ғафуров, Истаравшан, Ч. Расулов, Ғончй, Спитамен ҳам чунин ҳолат чой дорад.

Аз маъруза боз дигар рақамҳои ташвишоварро овардан мумкин аст.

136 ҳолати бо роҳи худовезй даст задан ба худкушй ё суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки 72,3 %-и чамъи чунин ҳодисаҳо мебошад.

Дар 152 ҳолат шахсони бекор, дар 17 ҳолат хонандагони мактаб худро қурбон ё қасд ба чон кардаанд. 58 ҳодиса (30, 8 %) дар шаҳрҳо, 130 ҳодиса (69, 2 %) дар чамоатҳои шаҳраку деҳот, 169 ҳолат дар манзили истиқоматй (ҳучра, оғилхона, анборхона), 18 ҳодиса дар чойҳои чамъиятй (куча) содир шудаанд. Беш аз ҳама шахсони аз 25 то 45-сола (86 нафар ё 45, 7 %), аз 14 то 25-сола (83 нафар, ё 44, 1 %) даст ба худкушй ё суиқасд ба он задаанд. 101 нафар мард ва 87 нафар зан ин роҳи ҳузнангезро интихоб кардаанд.

2. Сабабҳо, баҳонаҳо, аломатҳо

Сабабҳои асосии   даст ба ин амали номатлуб задани шаҳрвандон, гуфт Муҳаббат Урунова, муноқишаҳои оилавй, бемориҳои руҳй, майзадагй, вазниниии шароити оилавй ва ғайра мебошанд. Дар 88 ҳолат, ё 46,8 % сабабҳои худкушй ва даст задан ба он муайян карда нашудаанд. Нофаҳмй дар оила, зудранчй ва ғайра сабабҳои асосии ба ин амали номатлуб даст задани ноболиғон гардидааст.

Маълум шуд, ки аломатҳои зоҳирии майл намудан ба худкушй асосан дар эътибор надодан ба намуди зоҳирй, чиркинии сару либос, ғамгинй, тундгуй, шикваву нола, беэътиной, сустй ва ё аз ҳад зиёд серҳаракатй, ғазаб, тарсу ваҳми беасос, ноумедй, руҳафтодагй ва зудранчй зуҳур меёбад.

3. Чиноят кадом аст?

Худкушй ё суиқасд ба он ҳануз чиноят нест, ҳарчанд дар тамоми динҳои дунё он сахт маҳкум шудааст. Аммо ба худкушй расондан чиноят мебошад.

Масалан, прокуратураи шаҳри Хучанд дар бораи ҳодисаи ба худкушй расондани Э. Содиқова нисбати амакаш Ю. Содиқов 23.07.2008 бо моддаи 109, қисми 1 КЧ Чумҳурии Точикистон парвандаи чиноятй оғоз намуд. Зимни гузаронидани тафтишоти пешакй муайян гардид, ки Ю. Содиқов аз соли 2006 инчониб дар асоси бадбинй ва баҳси молу мулк духтари бародараш Э. Содиқоваро мунтазам таҳқир карда, бо муомилаи бераҳмона ва ҳақоратҳои қабеҳ шаъну шарафашро паст мезадааст.

Э. Содиқова аз таъна ва маломатҳои мунтазам ва беасоси амакаш суиқасди худкушй карда, аз бозор як шиша сиркои 73 %-а харида, ба хона оварда, истеъмол кардааст. Дар натичаи сари вақт расондани ёрии тиббй номбурда аз марг начот дода шудааст. Прокуратура гуноҳи Ю. Содиқовро бо далелҳои вачҳнок ба исбот расонд ва суд 23.09.2008 уро маҳкум кард.

4. Амри хушдоман: «Худатро овез!»

Сокини деҳаи Уртақишлоқи чамоати Саразми ноҳияи Панчакент М. Ботурова (соли таваллудаш 1987) бо сокини деҳаи Рачабалии ҳамин ноҳия Ш. Маматқулов соли 2006 хонадор шуда, зиндагии якчоя ба сар мебурданд. Хушдомани у, яъне модари шавҳараш — У. Урунова мунтазам обрую эътиборашро паст мезад. Санаи 15.12.2007 тахминан соати 19.00 вақте бо сабаби нигоҳубини кудак М. Ботирова таги говҳоро тоза намекунад, хушдоманаш уро бо суханони қабеҳ дашном дода, ба чое, ки говҳо баста шуда буданд, бурда, тоза кардани таги онҳоро фармуда, лату куб мекунад.

Хушдоман У. Урунова ба ин кирдорҳои чинояткоронаи худ қонеъ нагардида,  М. Ботироваро бо истифодаи зурй ба дохили оғилхона ворид намуда, ба у ресмонро дода, «худро овез» гуфтааст. М. Ботирова аз ин муносибати хушдоман даст ба худкушй зада, худро дар сутуни оғилхона меовезад. Аз ин кор шавҳараш воқиф шуда, уро аз марг начот медиҳад.

Прокуратураи шаҳри Панчакент хушдомани бераҳм У. Уруноваро ба чавобгарии чиноятй кашид ва суд уро маҳкум намуд.

5.Беморони руҳй ва худкушй

Муовини прокурори вилоят М. Урунова бо таассуф гуфт, ки теъдоди ҳодисаҳои даст ба худкушй задани гирифторони бемории руҳй дар ин давра 30 нафар (15, 9 %)-ро ташкил дод, ки нисбат ба даҳ моҳи соли гузашта 14 нафар зиёд аст.

 Омузиши интихобй нишон дод, ки табобати беморони руҳй дар марҳилаи авчгирии беморй дар сатҳи зарурй ба роҳ монда нашудааст. На ҳамаи шахсони гирифтори ин беморй дар қайди диспансерҳоянд. Фаъолияти масъулини идораи тандурустии вилоят дар ин самт ба талабот чавобгу набуда, на ҳамаи чораҳои дахлдор баҳри пешгирии ҳодисаҳои минбаъд даст ба худкушй назадани ин қабил шаҳрвандон андешида шудаанд.

6. Натичаи баръакс

Каме бештар аз як сол, аниқтараш 14-16 ноябри порсол Президенти кишвар Эмомалй Раҳмон зимни сафараш ба вилояти Суғд таваччуҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилоятро маҳз ба пешгирии афзоиши худкушиву кушиши ба худкушй чалб карда буд. Аммо рақамҳои ташвишовари мазкур далолат мекунанд, ки тадбирҳои андешидаи мақомот натичаи баръакс додаанд.

Сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакй дар мақомоти Прокуратураи генералии Чумҳурии Точикистон Абдурасул Холмуродов, ки дар ин чаласа иштирок дошт, дар оғози суханаш маҳз ҳамин нуктаро таъкид кард:

-Чорабиниҳои марбут ба масъалаи худкушй андешида дар чанубу марказ ба камшавии ин зуҳуроти номатлуб мусоидат карданд. Чаро дар вилояти Суғд таъсир нарасонданд? 188 нафар қотили чони худ шудаанду ҳамагй 15-16 парвандаи чиной боз шудааст.

Прокурори вилоят, раиси Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, мушовири адлияи дарачаи якум Хайрулло Саидов аз ҳозирони чаласа борҳо тақозо кард, ки барои ислоҳи вазъ пешниҳодоти мушаххас иброз кунанд ва масъулони шаҳру навоҳй, идораҳои вилоятй ба саволҳо то андозае посух доданд. 

6.Чй бояд кард?

Аз чумла, пешниҳод шуд, ки барои пешгирии хушунати хонаводагй дар мактабҳо таълими низоъшиносй (конфликтология) чорй карда шавад, часади ҳамаи ононе, ки худкушй кардаанд, сарфи назар аз муқобилати хешовандон аз ташхиси мукаммали тиббию анатомй гузаронда шавад, беморҳои руҳй пурра ба қайд гирифта шаванд ва ғайра.

PS:Ба андешаи мо муҳимтарин пешниҳод дар бораи таъсиси як маркази таҳқиқоти масъалаҳои худкушй буд, ки аз чониби раиси Шурои уламои дини вилояти Суғд Ҳочй Ҳусайн Мусозода ба миён гузошта шуд. Хуб мебуд, ин марказ аз коршиносони варзидаи сиёсат, ҳуқуқ, иқтисод, дин, равонпизишкй ва дигар соҳаҳои дахлдор иборат бошад ва ҳар зуҳуроти худкушй ва даст задан ба онро то хурдтарин чузъиёт биёмузад ва натичаҳои корашро ҳар семоҳа ба аҳли чомеа арза дорад.

Реклама

04.12.2008 - Posted by | Амният, Навидҳо, Тоҷикистон

4 комментария »

  1. Можно поставить вопрос и годами выслушивать невразумительные ответы) Статье респект

    комментарий от Моцарт | 07.12.2008

  2. Это действительно в точку!!! Другими словами и не скажешь! 🙂

    комментарий от Бах | 07.12.2008

  3. Интересно, но все же хотелось бы побольше узнать об этом. Понравилась статья!:-)

    комментарий от Knimbsmirm | 10.12.2008

  4. Выши посты как всегда на высоте

    комментарий от WOMAN | 11.12.2008


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: