ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Муборакбоди милоду марги СССР

Набиюллоҳи СуннатйКартинка 7 из 6247

Метавон ба натичае расид, ки барои бори дигар бедор кардани тараҳҳуму лутфу меҳрубонии Русия нисбати халқи точик, таърихро зарур аст, ки боз дигарбора Олмон ба Русия бояд ҳамлавар бишавад. Дар он сурат боз кумаки Точикистону дигар чумҳуриҳои кучак зарур мешаваду чун гузашта боз меҳри собиқ «бародарони понздаҳгона» эҳё ва эъмор мегардад.

Саввумин даҳаи моҳи декабр рузҳои ба қавле «долу зарби» ташкилёбии бузургтарин кишвари чаҳон-СССР аст. Ҳаштоду шаш сол қабл дар харитаи чаҳон калонтарин давлати дунё-СССР пайдо ва ҳамзамон 18 сол қабл ин давлати ба қавли Иосиф Чугиашвили «фанонопазир» суқут ва инчунин ба марги муфочо мувочеҳ шуд. Ин милоду марги як давлати бузугро ба асри ХХI табрику муборакбод мегуйем. Ёдаш ба хайр бод он рузҳо, ки бебозгашт тули 70 сол шаҳидаш кардем.

Таърих гувоҳ аст, имруз халқи русро ба миллати точик тараҳҳуме нест. Аммо вақте ба қафо менигаред, мебинед, ки тули таърихи точик ягон халқе ба мисли рус ба халқи точик беҳтарин ҳомй ва беҳтарин дусту бародар набудааст. Тули 70 сол ин лутфу меҳрабонии Руси кабирро Точикистон фаромуш намекунад. Ба вижа Русия баъди қурбониҳои Точикистону точикистониён дар ЧБВ барои ғалабаи Русия алайҳи фашизми Олмон Точикистонро яке аз чумҳуриҳои қарин ва беҳтарин дусти хеш қабул ва ҳамзамон чун як бародари кучак сари моро сила намуд. Инак, чй шуду чй монд, ки ба якбора қураи гарми меҳри Русия ба Точикистон хомушу сард гардид.

Салоҳиддин Азизови 20-сола низ шаби 5-ум ба 6-ми декабри қурбонии навбатии точикон дар рустои Жабкинои паҳнои Маскав гардид. Гуруҳи қотилони сартарошидаи рус, ки бо номи «Созмони чангии қавмгароёни рус»  маъруф будааст, ин амали ваҳшиёна зимни як нома, ки ҳамроҳи акси сари буридаи Салоҳиддин дар почтаҳои электронии созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқии Русяи ёфт шудааст, ба гардан гирифтаанд. Агар пушти ин гуруҳ касе ё мақомоти қудратие набошад, чй гуна аз худ дарак медиҳанд? Ин аст суоли нокушода.

Аз ҳама нуқтаи доғ ва чигилтар пеши мақомоти Русия гуфтаи ин гуруҳи табаҳкор дар номаи электронй аст. Тибқи хабаргузории АМИТ «Ховар» дар номаи электронй аз номи «Созмони чангии қавмгароёни рус»  чунин омадааст: «8  декабр  сари  буридаи  яке  аз ишғолгарони аз  Осиёи  Марказй  ба  Русия  омада  ба  бинои  маъмурияти  ноҳияи  Можайски  шаҳри  Маскав  партофта  шуд. Ба мо миллионҳо  нафар қафқозиҳо  ва Осиёи Марказиҳо  лозим  нестанд. Агар  мансабдорон  мисли  пештара  намояндагони  миллатҳои  дигарро  ба  Русия  оранд,  мо  ба  нест  кардани  худи  мансабдорон  шуруъ  мекунем…» Ин матлаби қавмгароёни рус шояд то андозае ба хомушии дастандаркорони Кремл мусоидат кунад. Зеро, дар нома ҳушдор низ алайҳи ҳукумати Русия аст.     

Тибқи оморҳои тахминй дар даҳ моҳи соли равон ба Точикистон 322 тобути оҳанин ворид гардидааст, ки фисади зиёди ин часадҳои мақтулони дасти сартарошидаҳои русанд. Аз руйи баъзе сарчашмаҳо 232 ҳодисаи нақзи ҳуқуқи точикони вилояти Маскав (танҳо худи Маскав!) ба қайд гирифта шудааст, ки нишони олии «қадрдонй»-и бародари кабирамон дар ивази чонбохтанҳои солҳои 40-уми асри мозист.

Агар имруз насли нави рус фаромуш карда бошад, ки замоне барои ба даст овардани ғалабаи алайҳи фашизм дар паҳнои Русия хуни ватандустона (аммо намедонам кадом ватан?)-и точик низ рехтааст. Агар ба гури фаромушй дафн карда бошад, ки дар ин набарди бераҳму шафқатона ҳиссаи точик низ ҳаст. Аммо ТАЪРИХИ КИШВАРИ РУС фаромуш нахоҳад кард, ки точикон дар ин ғалабаи таърихии рус (ҳамакнун на СССР, балки рус!) ҳиссаи чашмрас ва саҳми бориз доранд. Ва дардо, ки имруз сарчамбарони ҳукумати рус ба ин гуна ҳаводис аз паси панчара назар мекунанд. Гуиё аз руйи меъёрҳои демократии чаҳонй ҳукумати ин кишвари бародаркалони СССР-Русия амал кардаву скинхедҳои худро аз 2 сол то 8 сол (! , ҳалномаи куштори Хуршеда Султоноваи 9 сола дар Санкт-Петербургро ба ёд биёваред) мучозот мешаванд. Агар ҳукумати кишвари рус аз ин «бардак»-ии сартарошидаҳояш ҳимояи ниҳонй накунад, чй гуна мешавад, ки ба нафари духтарчаи 9 соларо 15 корд зада ба қатл расонида 2-8 сол маҳрум аз озодиро раво бинад? Ба қавли худи ҳамин бародари кабирамон «дураку тоже ясно», ки паси ин бозиҳо бозии дигари сиёсие низ ҳаст.

Солҳои инқилоби октябр хуни точикон рехт, солҳои ЧБВ низ. 70 сол пеши Кремл қадр доштем. Аммо имрузҳо точикон бо ин гуна хунҳои шуҳадои гулгункафан ҳузури бародари бузург боз манзалате пайдо мекунанд?

Реклама

16.12.2008 - Posted by | Амният, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Хабарҳои бурунмарзӣ

4 комментария »

  1. با عرض سلام و درود!
    ما ٧٠ سال هم در نزد روس ها هیچ قدری نداشتیم. آن تنها سیاست بازی هایی بود، که در اصل مارا از ریشه و اصل خود دور می کرد و مارا به منقرت تبدیل می داد.

    امروز هم می خواهند تفکر غلامی در نزد «برادر کبیر» در ما بماند.

    Бо арзи салому дуруд!
    Мо 70 сол ҳам дар назди русҳо ҳеч қадре надоштем. Он танҳо сиёсатбозиҳое буд, ки дар асл моро аз решаю асли худ дур мекард ва моро ба манқурт табдил медод.

    Имрӯз ҳам мехоҳанд тафаккури ғуломӣ дар назди «бародари кабир» дар мо бимонад.

    комментарий от Ромин | 16.12.2008

  2. Вы написали новый пост! Спасибо, что не перестаете на радывать

    комментарий от Деревянный | 16.12.2008

  3. Спасибо за информацию, мне очень это надо было

    комментарий от Современный | 19.12.2008

  4. Действительно то что надо! А то сколько не лазишь по нету сплошное бла бла бла. Но не тут, и это радует!

    комментарий от Якимов | 14.01.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: