ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Бензин арзон шуд. Роҳкиро чй?

Фитрати Ҳикмат

* Дар ҳоли ҳозир, ки нархи бензин майл ба поёнравй дорад, оё нархи маҳсулот дар дохили кишвар дар баробари бензин поён шуданй ҳаст?

*Чаро масъулини нақлиёти кишвар бо баробари баланд шудани бензин зуд нархи роҳкироро мебардоранд ва аммо бо паст шудани нархи бензин чорае намеандешанд?

*Имруз, ки нархи бензин то ба 2 сомонй паст фаромадааст, чаро роҳкиро низ намефурояд?

Поёнравии нархи нафт дар бозори чаҳонй ахиран ба иқтисодиёти кишварҳои абарқудрате, ки даромади асосиашон аз ҳисоби нафт мебошад, халал ворид кард. Ҳамзамон кишварҳои истифодабарандаи нафт бояд суд баранд, тавре ки аз гарон шудани он зиён дида буданд.

 

Ин ҳам дар ҳолест, ки тобистони гузашта болоравии нархи бензин ба баланд шудани нархи маҳсулоти озуқаву пушокй дар кишвар таъсир расонида буд. Аз 2 сомонй то ба 4 сомонй дакка хурдани нархи бензин бисёре аз сокинони кишварро дар ташвиш андохта буд, зеро бо баробари баланд шудани нархи сузишвории бензин нархи маҳсулот низ дар бозорҳои мамлакат якчанд карат афзуд.

Бисёре аз точирону соҳибкорони мо нархи анвои маҳсулоти хешро дар асоси болову поён шудани нархи бензин муайян мекунанд. Тавре ки худи эшон мегуянд, агар барои ворид кардани маҳсулоти арзон ба кишвар баъзе монеаҳои гумрук садди роҳ шаванд, дуюм гаронии бензин барои онҳо мушкилот эчод мекунад. Чунки онҳо маҳсулоти хешро тавассути мошинҳои боркаш, ки бо сузишвории бензин фаъолият мебаранд, мекашонанд. Аммо дар ҳоли ҳозир, ки нархи бензин майл ба поёнравй дорад, оё нархи маҳсулот дар дохили кишвар дар баробари бензин поён шуданй ҳаст?

Имруз дар вилоят вобаста ба вазъи минтақаҳо нархҳои гуногуни бензин вучуд дорад. Мо зиёда аз 10 муассисаи хурди бензинфуруширо пурсида, нархи миёнаи бензинро чунин муайян кардем:

А-92: 2,30 с, А-80:2,10 с, А-76: 2 сомонй ва 1 л солярка: 2.50 сомонй.

Ин нархи муайяншуда ба гуфти яке аз фурушандаҳои бензин боз майл ба поёнравй дорад ва эҳтимол аст, ки дар рузҳои наздик нарх аз ин ҳам поёнтар фурояд. Вале ба тахмини баъзеҳо ин нарх муваққатй буда, шояд моҳҳои наздик боз бензин ба гароншавй руй биёварад. Аммо ин эҳтимолият то кучо ба воқеият табдил меёбад, инро вақт нишон хоҳад дод.

Чизи асосие, ки имруз ҳар як сокини вилоят мехоҳад чавоби онро шунавад ин нархи роҳкиро мебошад, зеро бо баланд шудани нархи бензин тобистони гузашта нархи роҳкиро низ дар радифи он гардан ёзонид. Ҳамзамон нархи анвои хурданиву пушиданй низ «қафомонда номард»-гуён, ба пеш тохтанд.

Зина ба зина нархи роҳкиро дар давоми як сол дар дохили шаҳри Хучанд аз 35 дирам то 45-50 ва баъдан 60-70 дирам боло рафт, ки сару садоҳои гуногунро миёни мардуми вилоят ба бор овард. Вале имруз, ки нархи бензин ба қавле заминй гашта истодааст, нархи роҳкиро низ дар радифи бензин чй гуна боқй хоҳад монд?

Абдучалил Бобочонов, муовини сардори идораи Хучанднақлиёт мегуяд:

-Тибқи фармони вазорати нақлиёти Чумҳурии Точикистон аз моҳи июли соли чорй нархи роҳкиро дар дохили шаҳри Хучанд барои микроавтобусҳое, ки бо сузишвории бензин фаъолият мебаранд, 92 дирам муқаррар карда шудааст, яъне дар 1 км — 9,2 дирам. Аммо мо бо дастгири Идораи нақлиёти вилоят аз 22 сентябри соли равон, яъне пас аз ду ним моҳ нархи роҳкирои дохили шаҳриро то ба 70 дирам поён фуровардем. Поёнравии нархи имрузаи бензин ҳоло то ба нархи муайян кардаи мо мувофиқ наомадааст. Дар сурати боз аз ин ҳам поёнтар шудани нархи бензин мо мачбур ҳастем, нархи роҳкирои микроавтобусҳоеро, ки бо бензин фаъолият мебаранд, паст фурорем.

Аммо дар ҳамин ҳол як нафар донишчу, ки гаронии нархи роҳкиро уро дар ташвиш андохтааст, мегуяд, бояд дар ин замина масъулини нақлиёти кишвар худро канор нагиранд:

— Чаро масъулини нақлиёти кишвар бо баробари баланд шудани бензин зуд нархи роҳкироро мебардоранд ва аммо бо паст шудани нархи бензин чорае намеандешанд? Масалан, ман ҳар ҳафта 10 сомонй дар роҳкиро сарф мекунам, 5 сомонй рафтан, 5 сомонй омадан. Худ қазоват кунед, ин нарх барои ман ҳамчун як деҳқонзода, албатта, гаронй меорад. Ва бояд масъулони нақлиёти кишвар роҳи ҳалли ин мушкилотро андешанд.

Воқеан, имруз вобаста ба масофа дар масирҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят нархҳои гуногуни роҳкиро муайян шудааст, вале тавре ки мусофирон шикоят мекунанд, ронандагон нархи роҳкироро худ муайян мекунанд.

-Масалан, имруз дар 60 км роҳи мошингарди Хучанд-Бустон роҳкирои микроавтобусҳое, ки бо сузишвории бензин фаъолият мекунанд, 5 сомонй муқаррар гаштааст. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки як литри бензин 3,50 сомонй арзиш дошт. Имруз, ки нархи бензин то ба 2 сомонй паст шудааст, чаро роҳкиро низ намефурояд?-мегуяд Абдуқодири Абдуқаҳҳор, як сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки донишчуй аст.

Ҳамчунин у меафзояд, мо аз ронандагон мепурсем, ки ин нархро барои шумо кй муайян кардааст, мегуянд худамон.

Дар ҳақиқат, имруз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят чунин нархгузории «шахсй»-и ронандагон ба назар мерасад ва бояд масъулин пеши роҳи ин нархгузориҳои беинсофонаро гиранд.

PS: Вақте ки мо дар бораи ярмаркаи мактабии шаҳри Хучанд мақолае навишта, гуногунии нархҳоро танқид карда будем, масъулини сиёсати зиддинҳисорй (зиддимонополй) ва дастгирии соҳибкорй изҳори норозигй карда буданд, ки назорати нархҳои қаламу дафтар барин майда-чуйдаҳо кори онҳо нест. Акнун, ки соҳибони нақлиёт аз асп фуромада, аз узангу пойин шуданй нестанд, масъулин боз чй баҳонае пеш оварданй бошанд? 

Реклама

17.12.2008 - Posted by | Иқтисод, Тоҷикистон

5 комментариев »

  1. Пост понравился, пишите еще. Я с удовольствием прочту.

    комментарий от Президент | 20.12.2008

  2. Хорошо, что вы уделяете столько времени для своего сайта.

    комментарий от Pharmacy | 20.12.2008

  3. Блог интересный и полезный. Разместите все-таки информацию о donations (денежных перечислений от посетителей блога). Можно указать электронные кошельки или sms копилку. Я бы перечислил.

    комментарий от NBA | 20.12.2008

  4. Хороший пост! Читать мне было интересно. Теперь буду еще чаще заглядывать к вам на блог.

    комментарий от Бетонный | 20.12.2008

  5. Драсте,владелец сайта!!!
    У вас на блоге символы как крякозябры какието- решите проблему, ато хочется почитать

    комментарий от calleri^hoepke | 28.03.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: