ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

ҲАНАФИЯ РАСМЙ МЕШАВАД?

Чура ЮСУФЙ

Ё ваъдаи тағйири сиёсати давлат нисбат ба дин

Мусулмонони Точикистон чанде пеш дар сафи наздик ба як миллиард ҳамдинони хеш Иди Қурбонро бо шукуҳу шаҳомати хос чашн гирифта буданд.

Имсол ид дар вазъияте тачлил шуд, ки муносибат бо ислом дар кишвар, махсусан, баъди аз чониби Президент Эмомалй Раҳмон эълон шудани соли 2009 ба унвони соли бузургдошти Имоми Аъзам (раҳмати Худо бод бар у!), ҳануз якгуна нест.

Президент бонги изтироб мезанад

Аз як чониб Президент барои дастгирию тарғиби мазҳаби ҳанафй кушиш дорад ва намояндагони ҳукумат рузҳои ид ба масчидҳо рафта, табрикоти мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатиро ба мардум мерасонанд. Намояндагони мақомоти ҳукуматию қудратй аз мақому манзалати руҳониён дар ҳалли масъалаву мушкилоти муҳимтарини кишвар, масалан, пешгирии худкушй, танзими расму оин, ҳатто ҳашари пахтачинй ва ғайра истифода мебаранд. Пешвоёни расмиву ғайрирасмии мазҳаби ҳанафия аз иқдоми Президент илҳом гирифта, дар мубориза бо чунбишу ҳаракатҳо ва равияҳои навзуҳури исломй, чун Ҳизб-ут-таҳриру салафия, инчунин гуруҳакҳои ғайримаъмули динҳои бегона дар паҳлуи ҳукуматиён қарор доранд.

Тавре ки Президент Эмомалй Раҳмон дар паёми табрикияш ба муносибати Иди Қурбон ҳам гуфт: «…вақтҳои охир дар мамлакат гуруҳҳое зуҳур кардаанд, ки аз доираи низоми муқаррароту эътиқодоти мазҳабии мардуми Точикистон берун баромада, ғояҳои бегона ва барои шуури динии аҳолии мамлакат, аз чумла, чавонон хатарнокро таҳмил карда истодаанд» ва таъкид кард, ки «…шахсони зархариде, ки даъво доранд баъзе кишварҳои минтақаи мо, аз чумла, Точикистон барои анчом додани амалҳои муғризонаашон чойгоҳи холии мазҳабй аст, хатои маҳз мекунанд.»

Вокуниши мақомот

Аз чониби дигар ба муқобили мавъизаҳои эшони Нуриддин Турачонзода, Ҳочй Мирзо  барин сарсупурдаҳои мазҳаби Имоми Аъзам муборизаи шадид сурат мегирад ва ҳатто мақомоти амниятй нисбати аввалй парвандаи чиноятй боз мекунанд. Вазорати маориф бар зидди сатрпушии духтарони мактабхон ва донишчу ба таври хастагинопазир  муборизаро идома медиҳад ва китобҳои дарсиеро, ки дар онҳо ба ислом аз нуқтаи назари таълимоти коммунистии атеистй баҳо дода шудааст, ислоҳ кардан намехоҳад.

Барҳам додани кумитаи дини назди ҳукумат ва ба ихтиёри вазорати фарҳанг вогузоштани масоили марбут ба дин низ авзоъро беҳ накард. Боз ҳам ширкатҳое ёфт шуданд, ки ҳочишавандаҳоро фиреб доданд: 90 нафар зоирони точикистониро, ки бо раводиди қалбакй ба фурудгоҳи Чидда  — пойтахти Арабистони Саудй шуда буданд, мақомоти он кишвар қабул накарданд. Мавчи нави бастани масчидҳои панчвақта дар пойтахти Ватанамон ба сабаби надоштани санадҳои марбута, ҳарчанд қонунист, вале нигаронкунанда аст.

Нигоҳ аз берун

Аз  ин вазъи дугунагии муносибат ба ислом, алалхусус, ба мазҳаби аксарияти мутлақи мусулмонони кишвар, бадхоҳони дохиливу хоричии миллати точик рубоҳона истифода мекунанд ва тухми ихтилофи мазҳабй мепошанд. Тавре таҳлилгари Пажуҳишгоҳи Ховари Миёнаи Вашингтон, доктори фиқҳ Меҳдии Халачй дар суҳбат бо бахши точикии Радиои «Озодй» гуфтааст: «Чунбишҳои мазҳабй, ки дар Осиёи Марказй… ҳузур доранд, ба таври мустақим ва ғайримустақим аз суи ҳукумат ва созмонҳои мазҳабии Арабистони Саудй ҳимоят мешаванд. Сабаб дар он аст, ки Арабистони Саудй барои таблиғи мазҳаби расмии худ – ваҳҳобия дар кишварҳои исломй, аз чумла, дар Точикистон барномаи густурдае дорад».

Пешниҳоди Ҳочй Акбар Турачонзода

Пас чй бояд кард? Яке аз руҳониёни шинохтаи кишвар Ҳочй Акбар Турачонзода пешниҳод кардааст, ки ба мазҳаби ҳанафй мақоми расмй дода шавад. Ба ақидаи у дар ин бобат тачрибаи Русияи дунявй, ки мазҳаби аксарияти аҳолии кишвар – насронии православиро расмй эълон кардааст, қобили пайравист. Дар ҳамин ҳол Президенти кишвар Эмомалй Раҳмон низ дар табрикоташ ба муносибати Иди Қурбон таъкид кард: «Ба шарофати истиқлолият арзишҳои динй дар зиндагии халқи мо дар баробари арзишҳои олии инсонй мақому манзалати баланд касб намуданд ва онҳо имруз ҳаёти чомеаро аз бисёр чиҳат танзим мекунанд. Мо ин арзишҳоро ба сифати сарчашмаи мусаффои ахлоқи ҳамида ва василаи муассири тарбияи инсони комил мепазирем, ки дар роҳи худшиносй ва дарки ҳуввияти инсонй ба мардум хизмати арзанда менамоянд».

Саволҳо барои соли нав

Сарвари давлат инчунин афзуд, ки соли оянда «Консепсияи сиёсати давлат оид ба дин» таҳия ва қонуни нав «Дар бораи озодии вичдон ва иттиҳодияҳои динй» қабул хоҳад шуд. Оё дар сиёсати давлату ҳукумат нисбати дин тағйироти чиддиеро метавон чашмдор шуд? Оё мазҳаби ҳанафй мақоми мазҳаби расмй мегирад? Оё метавон вусъат ёфтани чараёнҳое мисли салафияро, ки ҳадафашон эчоди ихтилофоти нави мазҳабй дар чомеаи заҳри чудой чашидаву бори чанг кашидаи Точикистон аст, пешгирй кард? Саволҳое, ки дар соли нав ҳукумату парламент, аҳзоб ва умуман ҳар нафаре, ки нисбати ояндаи кишвар бетафовут нест, бояд ба онҳо чавоб дарёбанд.

Реклама

17.12.2008 - Posted by | Амният, Сиёсат, Тоҷикистон

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: