ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

«Лоақалл мисли ғук агар хонй…»

Набиюллоҳи Суннатй

Пайроҳае чадид

Агар дигар нашрияҳо аз баъзе ҳофизон ситора сохтаву ба осмони бисту ҳафтум баровардаанд, мо аз лиҳози таҳлили матну оҳанг ин чо хоҳем нигоҳ кард. Зеро вақтҳои ахир сафи клипҳои умуман ба чаҳорчубаи одобу демократияи шарқиёнаи мо намегунчида мисли жола боридааст. Мо чунин боронҳоро мехушконем, борони наверо ба роҳ меандозем. Борони зебои баҳориро, бороне, ки аз Аҳмад Зоҳиру Кароматуллоҳи Қурбон бо худ гирифтаанд, бороне, ки зери он Муқаддас Набиеваву Наргис Бандишоева тори илҳоми зебои худ соз кардаанд. Инак…, бо мо бошед.

 

Шинос шавед:Мижгонаи Мирзо

Мижгонаи Мирзо. Ситораи нави эстрадаи алъон шимоли Точикистон. Ситорае, ки ширкати нушокии «Лимонад №1» ситорааш сохт. Ситорае, ки Олими Воҳид дар ичрои як нақши филме ситорааш намуд. Аз эчодиёти ин ҳофизи чавон мо ҳамаашро ин чо намеёрем. Танҳо суруди «Ошиқ шудай ай дил, ғамҳоят муборак бод» якчоя дида мебароем.

«Чумчуқа кушад, қассоб кушад»

Матни суруд аз Чалолиддини Румист. Ин сурудро Борбади асри 20-Аҳмад Зоҳир қаблан бо шевотарин лаҳн хонда буд, ки минбаъд шояд ҳеч касе бо пояи у хонда натвонад. Зеро ҳар банди он бо зарбҳои зеботарин дарди ошиқе дар сурудаи Аҳмад Зоҳир тачассум ёфтаву чурии оҳанги басо дилчасп боз ҳам матнро зеботар сохтааст. Итминон дорам, ки ҳар шунавандае ин сурудро бо гуши дил истимоъ хоҳад кард. Ва наметавонад, ки ҳатто як банди онро маънишикофона гуш накунад. Чаро? Посухи оддй ҳам чунин аст: Аҳмад Зоҳир тавонистааст, ки ин суруди лирикиро аз таҳти дил бо тамоми шевову адову ниҳояту ба ғояташ бисарояд. Тавонистааст, ки бо суруданаш шунавандаро руҳан мачбур бикунад, ба сурудаи у гуш фаро хонад. Аз марги у қариб 30 сол пур мешавад, аммо ҳануз сурудаҳоян тозаву наванд. Битавонистааст!!! Офаринаш!

Ёдат ба хайр бод, Шурои бадей!

Анқариб, тавассути телевизиони СМ-1 ва ТРК Азия (он ҳам бошад чандин карата) ин матни Чалолиддин Румиро бо оҳангбандии Мижгона дидам ва ҳамзамон гуш кардам. ҳарчанд хостам аз тарзи хондани у маъние бардорам, аммо Мижгона ин суруди пурмаънии Румиро ба як намуди оҳанги ғарбиёна сароидааст, ки кас бовар мекунад у бо забони англисй суруда истодааст.

Бар замми ин ҳаракатҳои на он қадар ба матн муносиб аз чониби сароянда ба чашм мерасад, ки баръало пайдост, ки ҳофиза на ба матн, балки ба оҳанг дода шудааст. Бо як дидан пайхас кардан мумкин аст, ки уро ба маънй ва издивочи маънию оҳанг коре нест. Ҳол он ки беҳтарин сарояндагони асил ҳатман матнро ба оҳанг мутобиқат мекунониданд. Мутаассифона имруз…

Ба шахсияту тарзи либоси Мижгона кордор нестем. Ҳарчанд ки на фақат Мижгона, балки дигар ҳофизон низ демократия гуфта, аз эътидол берун қадам мениҳанд, ки латмаи муҳлик ба ҳуввияти миллии мо мезананд. Дар клипҳои бисёре аз ҳофизони мо нофу рону кундаҳои синаи нимурён гуё нишони озодиву ҳуқуқи фитрист. Дар ин чода, албатта, то андозае айби худи ҳофизон нест. Зеро аксарияти эшон чавонанду ҳануз шояд Шурои бадей гуфтани ибораро надонанд. Ин асосан бо чурми масъулини телевизионҳои маҳаллй сурат мегирад. Агар бигзор гуфтем, ки Шурои бадеии қариб набуда ва шояд «марҳум» ба ин гуна клипу сурудҳои пучу фач кордор нашавад, лоақалл масъулини телевизионҳо (аз ТВ Шабакаи аввал сар карда, то ТВ шабакаи охир) дар ҳузури телевизионҳояшон як шуроча ё минишурои бадей бояд (!) дошта бошанд, то пеш аз пахши клипҳои комилан ба стандартҳои миллй чавобгу набуда, монеъаи созанда эчод бикунанд.  Аз чумла, дар сурудаҳои Мижгона ягон марғубу мақбултарин суруде нест, ки бо матну оҳанг ва тарзи сохти клип мувофиқат кунад.

                                        Лоақалл мисли ғук агар хонй,

                                        Бо дилу дарду лаҳчаи худ хон!

Шоири тавонои рус Есенин (дар тарчумаи устоди равоншод Лоиқ) чунин гуфтааст. Инро мо нагуфтаем. Мабодо Мижгона ва ҳамтоёни у инро аз мо надонанд. Ҳофиза Райҳона Раҳимова чанде қабл се тан журналистонро бо иттиҳоми он  ки гуё шаъни уро таҳқир кардаанд, ба суд мурочиат карда буд. Шояд дигар ҳофизон (инро мо дар суҳбатҳои вижа шоҳидем) илҳом гирифтанд ва гуфтанд, ки минбаъд журналистон дар бобати клипу саройидаҳои эшон муҳри хамушй ба лаб мезананд, зеро гуё баъди «ҳамла»-и Райҳона тарсидаанд. Ва ин амали Райҳона гуё ба онҳо боз часорати дигаре бахшид дар бобати ҳар гуна сохтани клипу ба таври дилхоҳ интихоби мутуни фач.

Агар воқеан, Шурои бадей зинда мебуду матнҳои ҳофизон ва тарзи сохти клипҳои эшонро воқеъбинона аз ғалбер мегузаронид, итминон дорам, ки 99 фисади клипу сурудаҳо ба маърази бинандагону шунавандагон пешкаш намегардид. Бигзор дар ин маврид ҳофизоне, ки аз мо меранчанд, бақувваттарин адвокатҳо «нанимать» кунанд, алайҳи мо шуронанд. Аммо он чй ки аён аст, ҳочат ба баён нест. Аксари ҳофизон тақлиди кур-курона ба мусиқии Ғарб намуда, боиси паст шудани шуури шунавандагон, ба вижа, насли наврасу чавонон мегарданд. Аз чумла, тамоми сурудаҳои Мижгонаро гуш кардам, клипҳояшро дидам. Ман намегуям, ки у дар фалону беҳмадон чой ину он хато кардааст. Боз ин чо калтак меояд сари Шурои бадей. Охир дар ягон чойи сурудаҳои у ва ё худ клипҳояш нуқтае нест, ки ақаллан як даҳан таърифаш кунем. Итминон дорем, у ҳануз чавон аст, ояндааш дар пеш, хатогии худро ислоҳ мекунад. Аммо метарсам, ки бо чурми набудани назорат аз чониби шурои бадей ва аз ҳад лачомгусехтагии телевизионҳо Мижгона ва у барин наслҳои чавони ҳофиз ҳамин гуна боқй хоҳанд монд.

Ҳукумат бояд…

Ба таври фаврй бояд, ки Шурои бадеиро таъсис дод ва кори онро пурзур намуд. Кормандони содиқро ба ин чо ба кор даъват карда, ҳамзамон маоши андак иктифоиро ба эшон бояд пардохт намуд. Зеро дар сурати аз чониби баъзе ҳофизон, ки шояд ҳангоми ғалбер, аниқтараш санчиш аз шурои бадей нагузаштаанд, пешниҳод кардан аз ҳар гуна пораву ҳадя руй битобанд. Дар он сурат итминон дорем, ки барои маънифаҳм шудани аудиторияи калони бинандаву шунаванда  саҳми боризе хоҳанд гузошт.

Имруз кудаконе, ки аз даҳонашон буйи шир меояд, мебинй, ки дар лабонашон сурудҳои маънии оғушу бусаву канору фаҳшдошта хеле зиёд замзама мешавад. Ин, албатта, хидмати хирсонаи шурои бадей ва масъулини телевизионҳои ҳам марказиву ҳам маҳаллист. Аз навраси синфи 9-умхоне пурсидам, ки мисраъи машҳури Рудакй «Гар бар сари нафси худ амирй, мардй» чй маъно дорад, у китф дар ҳам мекашад. Дар ин кор на фақат волидону падару модар мучриманд, балки телевизион ва ҳофизон низ мубтакири ин гуноҳанд. Зеро шабу руз ин қадар сурудаҳои пучу фачро мисли сурб ба гуш рехтан гирем, итминон дорам, ки насли наврас на фақат ин мисраъ, балки ҳатто дудро аз чанг фарқ намекунанд. Боқй қазоват аз шумост.

PS: Ин сафҳа ҳар ҳафта ба таври мутадовим пешкаш мегардад. Агар ҳар нафари огоҳ ва ҳатто худи ҳофизон пиромуни беҳбуд бахшидан ба олами мусиқаи точик ягон чизаке бинвисанд, албатта дар ин гуша чой хоҳад шуд. Биёед якчоя водор мекунем, ки шурои бадеъй дубора ба таври созанда ба кори хеш шуруъ намояд.

Реклама

20.12.2008 - Posted by | Тоҷикистон, Фарҳанг

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: