ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Соли навро пешвоз гирем?

Чура ЮСУФЙ

30.12.2008 Овозаҳое буданд, ки гуё дар кишвари мо дигар фарорасии соли нави милодй бо он тантанаву шукуҳи собиқ чашн гирифта нахоҳад шуд. Вале…

1. Назаре ба таърихи соли нави милодй

Барои он ки хонандаи муҳтарам иттилоъ пайдо кунад, дар оuози ин мақола бо такя ба мақолае дар сайти tj.tajikistan.neweurasia.net хостем аз таърихи соли нави милодй ва арча, ки чун рамзи он қабул шудааст, чанд мисол биёварем.

Аввалтар аз ҳама дар Мисри Бостон, дар замони фиръавнҳо дарахтонро ба истиқболи соли нав оро медодаанд. Дар асри 16 ин анъана дар Саксонияи Олмон роич шуда, ба тамоми Аврупо паҳн гаштааст. Дар охирин соли асри 17 Пётри Кабир тачлили соли навро бо оро додагни арча дар Русия чорй кардааст. Ба таври оммавй иди соли нав дар ин кишвар аз нимаи дуввуми асри 19 шуруъ шудааст. Дар солҳои чанги якуми чаҳонй синоди калисои православии Рус ин чашнро ба хотири аз Олмон омаданаш, ки дар чанг рақиби Русия буд, манъ кард. Боз як бори дигар тачлили соли нави милодй бо ороиши арча солҳои 20-уми асри 20 аз чониби зимомдорони шуравй ҳамчун анъанаи куҳнаи бойй-феодалй манъ карда шуд ва танҳо соли 1936 дубора эҳё гардид, аммо бе чузъиёти мазҳабияш. Дед Мороз ва Снегурочка, яъне Бобои Барфй ва Барфак дар қаламрави шуравй аз соли 1937 ичозаи фаъолият гирифтаанд.

2.Хучанд. Охири соли 2008

Муовини раиси шаҳри Хучанд муҳтарама Рухсора Каримхочаева рузи 23-юми декабр ба тантанаҳои ҳарсолаи чашнгирии соли нави милодии 2009 бо  суханони табрикии самимй фотеҳа доданд. Аз он руз сар карда, ҳар руз дар майдони Ситораҳои Хучанд аз соати 15 то соати 17 ситораҳои рахшону ноаёни санъати вилоят барои садҳо нафар чавонони ҳаводорашон суруд мехонанд.

Омодагй ба ин муҳимтарин ва алҳол мардумитарин чашни аз Шуравии барои баъзеҳо ҳануз маҳбуб ва барои бархе дигар мардуд боқимонда хеле барвақт сар шуда буд. Ҳануз аз аввалҳои декабр садоҳои хлопушка дар шаҳру деҳот аз омад-омади соли нав огоҳ мекарданд. Точирон хеле барвақт туҳфаҳои идона омода сохта, умедвори даромади бештаре ҳастанд. Қариб дар ҳар корхонаву муассиса ва хонавода барои тачлили соли нав тайёрй мебинанд. Дар Регистони Хучанд, дар майдони байни бозор ва мазор ҳам чун ҳарсола арчаи азими солинавй гузоштаанд ва мардум зери он бо Бобои Барфй ва Барфак сурати хотиравй мегиронанд.

3.Овозаҳо беасос будаанд

Моҳе қабл дар баъзе шаҳру ноҳияҳои чумҳурй овозаҳое паҳн гардиданд, ки гуё имсол чашни соли нави милодй баргузор намешуда бошад. Дастгоҳи Президенти кишвар ин овозаҳоро қотеан рад кард ва таъкид намуд, ки соли нав мисли ҳарвақта чашн гирифта мешавад.

Барои пайдоиши ин овозаҳо чй омилҳое замина гардиданд? Ба андешаи мо, се омилро метавон ном бурд:

Аввал, дар партави истиқлолият боло рафтани ҳисси худшиносии миллй ва арчгузорй ба суннатҳои миллй, аз чумла, Иди Навруз ва бозгашт ба тақвими ниёгон.

Дуюм, қонуни танзими расму ойинҳо, ки зидди ҳама  гуна харочоти  беҳуда ва исроф нигаронида шудааст. Махсусан, хонаводаҳои камбизоат, ки, бадбахтона, дар чумҳурй аксарият ҳастанд, харочоти иловагиро барои боз як чашн таҳаммул намекунанд. 

Саввум, омили мазҳабист, ки баъди аз чониби Президент Эмомалй Раҳмон эълон шудани соли 2009 ба ҳайси 1300-солагии бузургдошти Имоми Аъзам пурқувват гардидааст ва ҳануз руҳониёне ҳастанд, ки тачлили соли нави милодиро ба чашнҳои мазҳабии насрониён мушобеҳ медонанд.   

 Хулоса, дар кишвар оид ба тачлили соли нави милодй ду ақидаи мухолифи ҳам пайдо шудааст, ки ҳар кадом худро ҳақ бароварданй мешавад. Мо дар поён далелҳои ҳар ду ақидаро ичмолан баррасй мекунем ва қазоватро ба хонанда вомегузорем.

4. Чаро ҲА?

Хоҳем-нахоҳем, як насли азими точикон дар замони шуравй ба камол расида, анъанаҳои хубу бади онро пазируфтааст. Аз чумла, ба чойи тақвимҳои шамсию қамарии бобой қабул шудани тақвими милодй, ба чойи рузи чумъа ҳамчун рузи истироҳат пазируфтани якшанбе як амри муқаррарй шудааст. Тамоми коргузорй чун дар аксари мамлакатҳои дунё дар кишвари мо ҳам аз руи тақвими милодй сурат мегирад, ки гусастани ин занчира кори осоне ҳам нест.

Тачлили чашни соли нав як иди дунявй буда, хусусияти мазҳабии масеҳияшро куллан гум кардааст ва ба табиати дунявияти чумҳурии мо созгор аст. Мардум ба шарофати ин чашн чанд руз истироҳат мекунанд ва махсусан, шодию хурсандии кудакону чавононро ҳадду канор нест.

5. Чаро НА?

Мардуми точик тули асрҳои зиёд тақвими худро дошт ва сари солро аз Навруз медонист, ки таърихи беш аз панчҳазорсола дорад. Бегонагон моро аз солшумории суннатиямон маҳрум карданд ва акнун ба шарофати истиқлолият мебояд чун ҳамқавмонамон дар Эрону Афuонистон ба тақвимҳои шамсию қамарй баргардем.

Чашни соли нави милодй аз милоди Исои Масеҳ ибтидо мегирад ва ба дини ислом, ки аксари мутлақи сокинони кишвар пайрави он ҳастанд, мувофиқ нест.

6. Ба ҳар ҳол…

Соли наву арча, Бобои Барфию Барфак дар фарҳанги навини мо ворид шудаанд ва кушиши рондани онҳо фоидаовар нест. Аслан, ҳама гуна зуроварии фарҳангй паёмади хубе нахоҳад дошт.

Замоне Наврузу солшумории қадимиро чун моли куҳнаву нодаркор бо зурй ронда буданд, акнун Якуми январу солшумории милодиро ронданй ҳастанд. Чун чомеаи мо даъвои демократй, яъне мардумсолорй дорад, пас мебояд дар ҳар иқдоми бузург раъйи халқро пурсид.

Хуб мебуд, ки алҳол дар баробари солшумории милодй кам-кам дар макотибу донишгоҳ, васоити ахбори омма солшумориҳои шамсию қамарии ҳичриро ҳам муаррифй кунем, то мардум огоҳ бошанд ва одат кунанд.

Ба ҳар ҳол соли нави милодии 2009-ро ба мардум табрик мегуем ва аз Худованд барори кору хушии рузгори ҳама мардуми оламро таманно дорем!

Реклама

29.12.2008 - Posted by | Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг, Хабарҳои бурунмарзӣ

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: