ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Қоҳир Расулзода ба арзишҳои демократй арч мегузорад

Набиюллоҳи Суннатй

Бори аввал дар таърихи телевизиони вилояти Суғд гуфтугуйи мустақими телевизионй бо иштироки бевоситаи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Мачлиси миллии Мачлиси Олии кишвар Қоҳир Расулзода дар арафаи иди соли нави масеҳй баргузор гардид. Дар ин гуфтугуйи мустақими телевизионй шаҳрвандон тавассути телефон ва суолҳои қаблии худ посухи мушаххас гирифтанд. Ин дар ҳолест, ки собиқ раисони вилоят бо сокинони шимоли Точикистон гуфтугуйи телевизиониро ба роҳ намонда буданд.

Аксари коршиносон бар онанд, ки раиси кунунии вилояти Суғд бо арчгузорй ба арзишгҳои демократй ба чунин кор даст задааст. Гузашта аз ин, тавре ҳамтоёни мо аз вилоёти Хатлону Бадахшону куҳй ба мо иттилоъ доданд, раисони кунунии ин вилоёт низ то ба ҳол бо табааи хеш тавасути телевизион ру ба ру нашудаанд. Шояд ин тачриба ба дигар раисони навоҳиву вилоёт андухтанй гардад ва шояд мардум мустақиман ба пурсишҳои хештан посухҳои амиқ аз чеҳраи аввали вилоят ва ё навоҳии худ бигиранд.

Тавре сокинони шимоли Точикистон аз посухҳои раиси вилоят Қ.Расулзода баҳравар шуданд, аён гардид, ки нахусткурсидори ҳукумати вилояти Суғд кушиш кардааст, ки тамоми арзу шикоёти тавассути почтаи электронии раиси вилоят ва сайти расмии ҳукумати вилояти Суғд ворид гардида бидуни чавоб намондаанд. Аз ҳама нуктаи ачиб ин буд, ки тамошобине пурсон шудааст, ки «Оё раиси вилоят ҳамаи мактубҳои шаҳрвандонро худаш мехонад ва ё масъулини дигари ҳукумати вилоят?». Тавре аз посух маълум гардид, бевосита худи раиси вилоят номаҳои воридотиро мехондааст.  

Чунончй Қоҳир Расулзода иброз дошт, то ба ҳануз ба почтаи раиси вилоят 90 мактуби шаҳрвандон ворид гардида, 50-тои он ҳалли худро ёфтааст ва боқй 40 мактуби шаҳрвандон мавриди баррасй қарор доштааст. Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки фисади зиёди номаҳои шаҳрвандон мурочиат оид ба таъмини манзили зист ва ё участкаҳои наздиҳавлигй будааст. Қоҳир Расулзода дар гуфтугуйи руёруй

Оё соҳибони суол аз посух ризо ҳастанд?

Абдуқодир Хучаев, сокини ноҳия Мастчоҳ, ки яке аз тамошобиноне будааст, ки дар ин гуфтугуйи мустақим суоли у хонда ва аз чониби раиси вилоят посух гуфта шуд. Аз Абдуқодир пурсон шудем, ки оё аз посухи раиси вилоят қаноатманд аст?

-Ман вақто, ки суоли худро пешкаш кардам, гумон доштам, ки ҳамаи суолҳо аз руйи сенарияи махсус ба раиси вилоят пешкаш мешаванду пурсиши ман дар барнома хонда намешавад. Аммо шоҳид гаштам, ки воқеан суоли ман тариқи телвизион хонда ва аз чониби Қ.Расулзода мавриди муҳокима қарор гирифт. Интизор дорам, ки баъди посухи раиси вилоят камбудиҳои чойдошта дар ноҳияи мо бартараф мегардад. Ман аз посухи раиси вилоят қаноатмандам. Аммо аз чониби масъулини ноҳиявй дар амал татбиқ кардани гуфтаҳои Расулзода суолест дигар.

Маъсуми Муҳаммадрачаб, хабарнигори родиёи «Озодй» чунин иқдоми Қоҳир Расулзодаро мусбат арзёбй мекунад ва андеша дорад, ки ин робитаи мустақими сокинон ва раиси  вилоят дар ҳалли мушкилоти мардум мусоидат мекунад.

-Гуфтугуйи мустақими телевизионй як тачрибаи нав барои гуфтугуйи ошкоро ва робитаи мустақим бо сокинон буд. Ба вижа ин иқдом дар арафаи соли нави милодй сурат гирифт, соле, ки дар пайи тасъири буҳрони молии чаҳонй ҳама кишварҳои чаҳон, аз чумла Точикистонро низ гирифтори як қатор мушкилот кардааст. Дар чунин вазъ мустақиман бо сокинон вориди суҳбат шудани раиси вилоят ҳар бошандаи вилояти Суғдро умедвор мекунад, ки мақомот дар чунин вазъияти ҳассос аз табааи хеш бепарво нест. То чойе имкон дорад дар мушкилоти онҳо расидагй хоҳад кард. Зимнан ман шахсан ба он рақами тамосе, ки дар барнома эълон шуда буд, ду маротиба занг задам, аммо банд буд. Ин нишони он аст, ки сокинон барои раиси вилоят гуфтанй ё пурсидании зиёд доштаанд. Дар ин масъала мехостам як нуктаро қайд кунам, ки чунин гуфтгуйҳои телевизионй аз он чиҳат судманд аст, ки сокинон имкони гуфтан ва ҳалли мушкилоти худ пайдо мекунанд. Вале эҳтимоли он ҳам вучуд дорад, ки чунин гуфтгуйҳо ба як минбари ҳукуматии бозгуйй ва тарғибу ташвиқи корҳои хурду резаи мақомот мубаддал гардад.

Раисони навоҳй аз чй метарсанд?

Баъзе соҳибназарон бар онанд, ки ҳангоми гуфтугуйи телевизионии аксари раисони навоҳй бояд масъулият эҳсос карда бошанд. Зеро сокинони навоҳй метавонистанд дар пурсиши хеш аз баъзе камбудиву ғафлати раисони навоҳии хеш ба нахустчеҳраи вилояти Суғд Қоҳир Расулзода шикоят баранд. Ҳамзамон як иддаи дигари сокинон бар он назаранд, ки ҳар масъалагузорие, ки аз чониби раиси вилоят дар гуфтугуйи мустақими телевизонй сурат гирифт, масъулини навоҳй боз мисли пештар аз паси панчара хоҳанд нигарист.

Маъсуми Муҳаммадрачаб дар ин маврид меафзояд:

-Гуфтугуй як чизро ошкор кард, ки сокинон дар мавриди ҳалли маъалаҳои кучаке низ, ки бояд дар сатҳи мақомоти маҳалҳо ҳал бишавад, аз раиси вилоят кумак хостанд. Масъалаи замин, обёрй ҳатто як аробачаи маъюбй ва ғайра.

Бармеояд, ки эшон аз раисони навоҳии худ  чиҳати расидагии кумак дастёбй надидаанд ва аз чониби раисони ноҳия бемасъулиятй вучуд доштааст. Шояд баъди баромади раиси вилоят масъулини навоҳй масъулияти вижаро ба душ бигиранд. Бархе дигар ақида доранд, ки ба таври бояду шояд аз чониби кормандони телевизион баъзе аз суолҳо «филтр» шуда бошад.

Бо ин ҳама…

Тули истиқлолият, ки ягон аввалмақоми кишвар ёрои бо мардум ру ба ру шуданро надошт, ин нахустқадами Қоҳир Расулзодаро аксарият мусбат арзёбй мекунанд. Зеро аз мардум дурй чустани мақомотро дар бисёре аз нишастҳои хосу ом боиси гилояву шиква метавон шунид. Бо ин ҳама, Қоҳир Расулзода битавонист, ки ин қолаби шахшударо бишканад.

Ёддошти муаллиф: Қоҳир Расулзода соҳиби медал шуд

Раиси вилояти Суғд муовини аввали Раиси мачлиси Миллй Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон Қоҳир Расулзода бо медали чашнии Шурои Федератсияи Федератсияи Русия мукофотонида шуд. Чунон ки аз дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, Қоҳир Расулзода бо ин мукофоти чашнй бо фармони Раиси Шурои Федератсияи Федератсияи Русия Сергей Миронов барои хизмати шоистааш дар ривочи ҳамкориҳои байни парлумонии Точикистону Русия қадршиносй шудааст.

Мо раиси вилоят Қоҳир Расулзодаро ҳам ба чунин гуфтугуйи руёруй ва ҳам соҳиби чунин медал шуданаш таҳният мегуйем.

Реклама

29.12.2008 - Posted by | Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон

4 комментария »

  1. Ох, как я люблю владельца блога tojikona.wordpress.com
    , всегда есть что почитать. С Новым годом вас и ваших читателец, УРА!

    комментарий от Олимпиакос | 02.01.2009

  2. Хуб аст, ки Хохир Расулзода дар гуфтугуи мустакими телевизионй иштирок намуд.
    Эмомалй Рахмон кай дар чунин гуфтугуи мустакими телевизионй ё радиой ширкат мекарда бошад?

    комментарий от Исломиддин | 02.01.2009

  3. Исломиддин, аз хотир набароред, ки хама давлатмардон мехоханд дар сухбати руёруй бошанд. аммо вакто, ки атрофиён аз ин метарсанд (хавф аз он доранд, ки асрори эшон фош мешавад), намегузоранд, ки аввалкурсидор бо табааъи хеш мустакиман дар сухбат бишавад.
    Фикр мекунам, ки гуфтугуро Эмомали Рахмон хохон аст, аммо намегузоранд.

    комментарий от Набиюллохи Суннати | 02.01.2009

  4. Мне нравятся Ваши посты, заставляет задуматься)

    комментарий от Uni | 06.01.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: