ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Қиссаҳои нави соли нав

Набиюллоҳи Суннатй

Инак расо як ҳафта мешавад, ки соли 2009 моро дар оғуши меҳрубонии хеш дорад. Агар сарчин кунем, ҳафт неву ҳафтод хабар руйи даст омад. Дар ҳоле, ки барфу сардиҳои рузҳои ахир моро дунболагир аст, ҳеч хабаре заруртар аз барқу газ нест. Мардуми оддй низ, чй кор доранд ба чанги Ғаззаву поёну боло шудани қурби доллар. Ин замонест, ки кафи эшон тиҳй аз қабзаҳои доллар аст. Ба эшон аз барқу газ бигу, боқй даматро гир. Ва ин ҳарф як андоза чон ҳам дорад.

Соли нав ғазалхон омад. Дар лаб ғазали мушкилоту гарониву норасоии барқу газ. Ҳарчанд аз ин пештар ҳам чунин буд. Шуруъ аз якумин рузи соли 2009 чониби Узбакистон ду пой дар муза нархи 1000 метри мукааби газро 300 доллар гуфт. Баъди натичагириву пойфишориҳои чониби Точикистон ба 240 доллари ИМА фуровард. Ин аввалин хабар дар рузи нахусти сол буд, ки чун муште ба майнаи осудаи аҳолй расид. Дуввумин хабар гарон шудани нархи истифодаи барқ. Коршиносон ҳадс мезаданд, ки дар моҳи январ нархи барқ гаронтар мешавад. Ҳарчанд масъулини Барқи точик низ тирамоҳи соли гузашта аз ин пешомад ҳушдор дода буданд. Пас он ҳукумати Точикистон нархномаҳои нави неруи барқро тасдиқ кард, ки арзиши неруи барқ 25 дарсад гаронтар шуд. Ҳамакнун, аҳолй барои ҳар як киловатт соати неруи барқ муваззаф аст, шаш дирам пардохт намояд. Қимати қаблй барои аҳолй 4,8 дирам барои як киловатт соат буд.
Корхонаҳои саноатй ва ғайрисаноатй барои як киловатт соат 13,68 дирам бояд супоранд. Муассисаҳои бучавй ва коммуналй 5,44 дирам ва пойгоҳҳои обкашиву нақлиёти барқй 3, 64 дирам барои як киловатт соат пардохт хоҳанд кард. Аммо барои корхонаи алюминиюми «Талко» нархгузории барқ ба иллати паст фаромадани нархи алюминий ба гунаи қабл боқй монд.

Бобати газ бошад, ташвиқоту тарғиботи пешпардохт ҳамаруза идома дорад. Тибқи иддаъои бештари сокинони шаҳри Хучанд гуё соли қабл кормандони соҳаи газ аз мардум пули пешпардохтро гирифтаанду то ба ҳануз лоиқи ҳамон пешпардохти муаяйншуда газ нагирифтаанд. Аммо масъулину дастандаркорон аз аҳолй боз пардохт намудани маблағи қаблиро ба андозаи 100-110 сомонй шудаанд, ки қисмати бештари аҳолиро ба ташвиш овардааст.

Ҳамтоямон Абдувосит Салимзода хабарнигори родиёи «Садои Хуросон» аз прокурори вилояти Суғд Хайрулло Саидов зимни як нишаст пурсон шуд, ки оё чунин амал, яъне талаб кардани пешпардохт қонунист? Дар посух аён шуд, ки ягон нафар ба прокуратура дар бобати талаб намудани пешпардохт аризаи шикоятй пешниҳод накардааст ва ин амали масъулин ғайриқонунй арзёбй мешавад.

Аксарият, ки ба мо аз бобати пешпардохти газ шикоят оварданд, аз маблағ не, балки аз чизи дигар шиква доранд. Шикваи эшон чунин аст, кй метавонад замонат бидиҳад, ки масъулини ЧСП «Сомонсуғдгаз» пас аз чамъ кардани маблағи пешпардохт оё газ мегиранд ва ё қиссаи соли гузашта боз такрор меёбад? Бо ин ҳама қиссаҳои зиндагй беохиранд.

Реклама

06.01.2009 - Posted by | Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон

1 комментарий »

  1. Спасибо за пост, а это тема=)

    комментарий от Ultimatum | 17.01.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: