ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Арзи мардуми Хучанд: Эшони Газу Хочаи Барқ кучоянд?

Он руз дар толор одамони зиёде чамъ омаданд. Ба андозае, ки ҳатто чойи сузанпартой набуд. Дигар хел шуданаш ҳам мумкин набуд. Зеро ҳар нафарро камаш панч борй давъат карда буданд, огоҳ карда буданд, ки масъалаи ҳаётан муҳим ҳаллу фасл мешавад. Дар толор кормандони дастгоҳи мақомоти ичроияи шаҳр, ҳайъати пурра кормандони трести ба истифодадиҳии манзил, раисони минтақаҳои истифодаи манзил, (ЖЭУ-ҳо) раисони маҳаллаҳову биноҳои баландошёна ва аз ҳама муҳим воломақом идораи ЧСП «Сомонсуғдгаз» ва шабакаҳои барқй низ ҳузур доштанд.

Ба толор ворид шудани садрнишинин-раиси ҳукумати шаҳр муҳтарам Муҳаммадчон Мамадчонов аҳли нишаст ба по истода, ба қарсакзаниҳои бардавом хуб пазируфтанд. Чои эрод нест, менталитети точиконаи мо худ тақозо мекунад, ки курсинишинон, сарваронро эҳтиром кунем. Ва ҳар як гуфтаҳояшонро бо каллачунбониву қарсакҳои бепоён қадр намоем. Рузномаи чаласа фаврй эълон карда шуд. Ҳамагй як масъала: пешпардохтпули гази ҳоло надидаву ва гумон аст, дода мешуда. Беҳатараш ҳавофурушй мегуфтем ба ҳақиқат рост меомад.

Бо амри раиси муҳтарам ҳар як раиси маҳалла аз чой мехесту ҳисобот медод, ки фалон сомонй чамъ шудааст, боқй мондааш дар арафаи чамъкунй қарор дорад. Пас аз ҳисоботдиҳй яке офарин мешуниду дигаре камтар гушмол ва бо ҳамин навбат ба соҳили рост расид. Соҳиле, ки дуввумдарача асту таъминоти об, бардошти партов ва газу барқ доимо бо монеаҳо дода мешавад.

Аз ин соҳили ранчидаву озурдахотир албатта касе «офарин» намешуниду аксарият гушмол гирифтанд. Аммо бо сари хам ваъда доданд, ки ҳатман аз пайи кор, яъне пулчамъкунй мешаванд. Ваъда доданд, ки ба халқ моҳияти корро мефаҳмонанд, ки ғайр аз ичрои фармон дигар чора надоранд ва мефаҳмонанд, ки «Сомонсуғдгаз» хусусй гардонида шудааст.

Дар ҳоле, ки ягон қарори ҳукумат ё мақомоти ичроия набаромадаву дар ягон нашрия ба табъ нарасидааст, ин худфаъолияти кист? Модоме, ки ЧСП «Суғдгаз» хусусй шуда бошад, барои пулчамъкунй пофишориву чаласабозй иқдоми неки кист? Ҳол он ки ҳукумати Хучандшаҳр метавониcт ин кори фаҳмондадиҳиро ба души худи «Сомонсуғдгаз» ҳавола кунад. Дар ҳоле ки ин қадар нозиру пулчамъкуну дигар штатҳои кормандони соҳаи газ бисёранд.

Мегуянд ҳақиқат талх аст. Вақте нафаре аз дар толор будагон ба раиси шаҳр Мамадчонов «густохона» суол дод, ки кй кафолат дода метавонад, ки ҳодисаи соли гузашта рухдода, яъне пас аз чамъоварии маблағи пешпардохт шуда, рузҳову ҳафтаҳо руйи гахро надиджа буду ҳоло ҳам меъёри муайяншуда фурухта нашудааст, аз нав такрор намеёбад? Чавоб ҳам аз чониби раиси шаҳр чунин буд:

-Оё худи шумо ва оё нафаре кафолат дода метавонад, ки ҳисобкунакҳои газй бо роҳи сохтакорй дуздии газ рух намедиҳад?

Чавоби хеле ачоиб. Аз сари матлаб дур. Агар чунин камбудиҳо чой доранд, чаро «Сомонсуғдгаз» бонги изтироб намезананд? Гушт бе устухон намешавад, шояд дуздҳо ҳам бошанд, аммо ин ба фикри мо вазифаи худи «Сомонсуғдгаз» аст, ки бонги изтироб бизанад, ба мардум бифаҳмонад, ин гуна мачлису машврат гузаронад. Аз минбар ба чойи посух суолгуна пурсиш набояд, ки садо медод.

Агар кормандони «Сомонсуғдгаз» саҳлангорй намекарданд, шояд ҳамаи аҳолии шаҳр бо ҳисобкунаки газин мешуданд. Ин чо зери коса нимкоса ҳаст гуем, хато намекунем. Онҳо аниқ медонистанд, ки рузе ҳисобкунакҳо пулакй мешавад (қаблан ройгон буд), аз ин лиҳоз аризаи мардум бечавоб мемонд. Магар барои гази набуда, аз мардум 17 сомониякак руёнидан қулай набуд?

Он руз нафаре аз раисони маҳаллаи 18уми соҳили рости шаҳр шикоят аз кормандони соҳаи барқ низ кард. Тибқй гуфтаи ин нафар у дар арафаи соли нав се нафар бошандагони ин маҳалла ба қабули сардори фуруши барқи шаҳр Гавҳар Қосимова дар утоқи кориаш суҳбат доштаанд. Аз муомилаи дурушт, беэҳтиромй нисбати мизочон, сардгуфторй сардтар аз ҳавои зимистони гузаштаро дида ҳини бозгашт нафаре аз онҳо-Ҳочибобо Исомаддинов аз муоимали бади мавсуф асабй шуда, то манзили хеш ба зур расидаву чон ба Чаббор супоридааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки заҳри забон аз заҳри мор бештар.

Дар омади гап аз барқ ҳам шиква кардему лекин мавзуъи барқ гуфтори алоҳидаи дигар аст. Меоем сари масъала.

Имрузҳо кормандони «Сомонсуғдгаз» аз ҳама кори осонтару қулайтару камташвиштарро пеш гирифтаанд. Яъне барои як кай пустинро месузанд. Ба имову ишораи як нозири худ бо иллати қарздор будани як ду тан аз бошандагони бино, гази ҳамаи сокинонро қатъ мекунанд. Магар ин поймолкунии ҳуқуқи истеъмолкунандагон нест? Чаро бо аҳолй шартнома вучуд надорад?

Зимистон ҳануз дар пеш аст. Истиқоматкунандагони маҳаллаи 8, 12 ва  13 пас аз супоридани маблағу «очисткаҳо» соҳиби газ гардиданд. Масъулини газ ба раисони маҳаллаи 18 гуфтанд, ки «ба пулдор кабоб, ба бепул дуди кабоб».

Аз ҳама ачибтар дар чаласа ин буд, ки он руз аз минбар чуни сухан садо дод. «ҳар маҳаллае, ки пули газро пурра пешпардохт намекунад, интиқоли барқ низ маҳдудтар карда мешавад». Бе ин ҳама бо сабабу баҳона таркишу садамаи хатти барқ аксари бошандагон соатҳову рузҳо аз барқ маҳруманд. Президент дар баромадҳояш борҳо таъкид кард, ки ба хонаҳои баландошёна барқ бемаҳдудият дода шавад. Пас маҳдудкунии имруза ташаббуси кист: ҳукумати шаҳр, ё шабакаҳои фуруши барқи шаҳр? Оё қарори махсусе ҳаст, ки дар биноҳои баландошёна барқ маҳдуд карда шавад?

ҳадаф аз руи коғаз овардани ин матлаб ба иззати нафси касе расидан нест. Балки гушрас намудани нуктаест, ки ҳар кас ҳуқуқи озодона сухан гуфтан дорад.

Бо эҳтиром бошандагони соҳили рости шаҳри Хучанд, маҳаллаи 18:

Раиси маҳаллаи Раҳматова, раиси бинои 10 Муллоева, раиси бинои 9 Темурчонов, раиси бинои 18-4 А.Обидов, сокинон: Камолов, Н.Султонов, Муҳаммадчонова, М. Назарова, М.Раҳимова, Р.Абдуллоев, Дюдяева ва дигарон.

Ёддошти сардабир: Воқеан, мо дар бобати пешпардохти маблағи газ ин пеш гуфтем. Ин эътирози тачаммуъи сокинонест, ки дар ҳафтавори «Вароруд» низ интишор ёфтааст. Банда, ки муштарак дар ин нашрия кор мекунам, муносиб донистам, ки ин мактуби дастачамъонаро дар «ЧР» низ ба интишор бидиҳам. Инак, чанд руз аст, ки дар маркази вилояти Суғд на барқ асту на газ. Иллати адами барқро масъулин аз садамаҳои марокизи барқтақсимкунй (трансформатор) шарҳ медиҳанд. Сабаби газ бошад, тавре дар ин матлаб омадааст, маълум.

Реклама

07.01.2009 - Posted by | Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон

2 комментария »

  1. Поздравления с рождеством для вас, уважаемый tojikona.wordpress.com
    , и ваших читателей:
    С рождеством Христовым поздравляя,
    Желаем счастья и здоровья Вам!
    Ближнего ничем не обижая,
    Служите, люди, добрым всем делам!

    комментарий от Гера | 07.01.2009

  2. Здравствуйте! Прошу прощения, что пишу не совсем в тему. Я тоже использую Вордпресс для своего блога и у меня возник вопрос, как настроить новую тему. Поиск на официальном сайте ничего не дал, там только пользовательские настройки рассматривают, а мне нужно, видимо, шаблоны править. Не подскажете, где почитать?

    комментарий от кувалда | 02.03.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: