Дар чустучуйи барқ. Ду зимистони дигар
Набиюллоҳи Суннатй
Нафаре ҳангоми суҳбат гуфт, ки бародарони иронй умуман аз вожаҳои «свет кай дар мегирад», «свет ҳай-мй?» ва «маҳдудкунй (ва ё ограничение)-и шадиди барқ» фарсахҳо дуранд. Ҳамзамон нақл кард, ки тобистони соли гузашта ба як меҳмони иронй ин гуна суолро низ кардааст: «Оғочон, дар Ирони шумо ҳам барқро мекушанд?». Он меҳмон ангушти ҳайрат газида, сари вожаи «мекушанд» хеле фикр карда ва дар посух китф дарҳам кашидааст.
Аммо мо-точикон ифтихор аз он дорем, ки ба фонди луғавии мо боз як чанд калимаву вожа, ки болотар зикраш рафт, зам мешавад ва яке аз миллатҳои серлуғат ҳисоб хоҳем шуд. Ва агар дар дунё ягон намуди асбоби тоқатсанч вучуд медошт, он лаҳза низ дар дунё аз ҳама миллати сертоқат мебудем. Ҳампеша ва ҳамкорамон Назокати Иброҳим аз кормандони барқи ноҳияи Бобочон Ғафуров пурсон шуд, ки тибқи қарору санадҳо бояд чанд соат барқ ба мардум интиқол карда шавад? Эшон дар посух саркашй карданд ва эълом доштанд, ки мо ба ин гуна пурсиш ҳуқуқи посух гуфтан надорем. Дубора пурсид, ки пас шумо барои чй ин чоед? Эшон боз чавоб гуфтанд, ки мо барои таъмири хатти барқҳо ин чо қарор дорем.
Суоли калидй: Кадом барқ? Дар ҳоле, ки барқ умуман нест, воқеан қатор-қатор кормандони барқ ба кй лозим? Воҳидҳои (штатҳо) кории беҳудаи маошхур. Ин ҳол на фақат дар худи ноҳияи Б.Ғафуров, балки ноҳияҳои Исфара, Ашт, Спитамен ва ғайра навоҳй як моҳи ахир умуман ягон дақиқа ҳам руйи барқро надидаанд. Шояд посухи кормандони барқ, ки дар бобати таъмири хатти барқ як андоза дуруст ҳам бошад. Зеро, дар тамоми навоҳй кормандони чамоату ба гуфте «калоншавандаҳо» барқи доимй доранд. Шояд кормандони барқ айни ҳол танҳо барои хатҳои сурхи барқ ва ё худ ба истилоҳ халқ ба нафароне, ки «свети пастияни» доранд, барои тармиму таъмир заруранд? Шояд не, аниқ. Агар кормандони барқ ба ин нуктаи мо эрод бигиранд, мо омода ҳастем, ки дар ин чода таҳқиқоти вижаи журналистй барем ва як-як раисони чамоатро, ки «свети пастияни» доранд, руйхаташонро дар шумораи оянда оварем. Пас дар Конститутсияи кишвар, ки баробарҳуқуқии шаҳрвандон кафолат дода шудааст, дар ин бобат кй метавонад кафолат бидиҳад, ки ҳамаи аъзои чомеъаи Точикистон баробарҳуқуқанд? Раисони барқи ноҳияҳо? Ё худи раисони чамоату шаҳру навоҳй?
Шаҳрдории шаҳри Бишкек қароре ба тасвиб расонид, ки ҳатто идораи ҳукуматаш низ баробари мардуми оддй дар як вақти муайян маҳдудкунии барқ чорй карда шавад. Аз он руз ба баъд ҳатто бинои ҳукумати шаҳри Бишкек ҳамсони табааш лаззати маҳдудкунии барқро мечашад. Мо аз ягон шаҳрдории ноҳияҳо албатта ин талабро намекунем. Мефаҳмем, ки нуқтаҳои ҳаётан муҳим ҳастанд. Ба руйхати иншоотҳои ҳаётан муҳим агар руйхати раисони чамоату навоҳй ва мансабдорону баъзе галстукбагарданҳо агар шомил бошанд ва дар ин бобат ягон санади махсус бошад, валлоҳ, ки мо лому миме намекафонем. Ҳалолашон бод, ошашон шавад. Аммо аламат мекунад, вақто мебинй ҳамсояи мансабдорат ҳамеша бо барқ таъмин асту ту комилан ин зимистон руйи барқро надидай.
Гирумони ахири Тошканд ва тасмими Русия дар бобати тарҳои энержии Точикистон аломати саволеро мемонад. Аммо халқ ҳануз ба умеди «ду зимистони дигар тоқат кунед, иншооллоҳ ин мушкилй муваққатист» зиндагй дорад.
Man fikr mekunam halki tojik shoyad boshikebotarin millat dar tamomi jahon boshad.Va nihodhoi bainalmimali, chun Sozmoni Millali Muttahidro lozim ast to ba halki tojikiston iftihornae ba manzuri botamkin budani onho iroa namoyad.Va on iftihornoma (cerificate) boyad chunin boshad:
Doda shud ba halki kabiru purtokatu sanginjoni tojik dar on husus, ki eshon dar barobari torikiho va zulmat biduni hej shikvae zistaand.
Va boyad bo barku rushnoi ta’min nabudani tojikonro ba kitobi Agsonahoi halki tojik ilova namoem.
Супер статья! Подписался на RSS, буду следить =)