ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Парлумон носкаширо манъ мекунад?

Фаридуни Алй

Дар Мачлиси намояндагони мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон ва баррасии лоиҳаи Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Чумҳурии Точикистон» қарор дорад.

 Ба гуфти вакил аз ҲХДТ Рабиева Г ба очонсии «АЗИА ПЛЮС» аз чумла дар лоиҳаи Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Чумҳурии Точикистон» омадаст, ки шахсоне, ки дар чойҳои муқаррарношуда ба истифодаи нос машғуланд чазо дар шакли чарима пешбинй шудааст.

Алии Муҳаммад коршиноси умури сиёсй бар он ақида аст, ки ҳар чанд қабули ин ҳолат дар қонунгузории кишвар боиси дастгирист, аммо наметавон садди роҳи истифодабарандагони носро гирифт. Ин дар ҳолест, ки аксари вакилони парлумон ва кормандони вазоратхонаҳою мақомотҳое, ки назорати ичроиши қонунҳоро ба зимма доранд, худ ба истифодаи нос машғуланд ва ба таври оддй метавон гуфт, ки носкашанд. Ва дар вазоратхонаҳою идороти давлатй аз ин ба баъд чойҳои махсуси муқарраргашта барои нос истифодабарандагон шароит мусоид оваранд.

Саидчаъфар Партоев духтури соҳаи беҳдошт ва вогиршиносй мегуяд, вазорати тандурустии кишвар чй дар даврони шуравй ва имруз адабиёти тарғиботиро дар бораи суду зиёни истифодаи нос ба истифодабарандагони нос таҳия ва нашр накардааст. Дар Точикистон чун дигар кишварҳои Осиёи Марказй истифодабарандагони нос хеле зиёданд ва мебояд як корхонаи тавлиди носро дар тобеъияти вазорати тандурустй ба роҳ монд. Ба дин васила киштзорҳои тамоку аз нав эҳё хоханд шуд.

Аслам Азиз як тан носкаши ашаддй бар он аст, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Чумҳурии Точикистон пешбини намудани чазо барои истифодаи нос дар чойҳои муқарранагашта ин барои худи кормандони мақомоти давлатй ба хусус хизматчиёни давлатй мебошад ва гумон мекунам, ки ин тартиби чарима барои мардуми оммй ҳеч иртиботе надорад.

Чй зарурате буд, ки парлумони кишвар ин тартиби чаримаро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Чумҳурии Точикистон ворид намуд ва чаро барои истифодаи сигор дар тачрибаи қонунгузории шуравй тартиби чарима пешбинй нагардида буд?

Мегуянд, аслан дар кишварҳои Аврупо чанд даҳсола пеш барои коҳиш додани истифодаи сигор мучозотҳои шадид чорй намуданд ва тавлидотии сигорро манъ намуданд. Вале ин мучозотҳо таъсире набахшид ва руз то руз бозори тичорати сигор рушд менамояд ва дар мавриди истифодаи нос бошад ҳеч як қабули қонун таъсири мусбй расонида наметавонад, танҳо ба риояи маданияти воло бе тартиби чаримабандй ҳар як носкаш метавонад истифодаи носро дуруст ба роҳ монад.

Реклама

06.02.2009 - Posted by | Иқтисод, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон

1 комментарий »

  1. Бародари азиз Фаридун.

    Матлаби навиштаат бад нест. Як эрод: «Парлумон» навиштан саҳеҳ нест — бояд «порлумон» навишт.
    Агар ин ба Шумо писанд набошад, пас «парламент» навиштан гиред.

    Бо дуруд,
    Мунаввари Мунавварзод.

    комментарий от Мунаввари Мунавварзод | 19.02.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: