ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Як дона себ ё як дона бача? «ШЕЪРИ ХУДАМ, ОҲАНГИ ХУДАМ ВА ХУДАМ МЕСАРОЯМ»

Назокати Иброҳим, Наргиси Ислом

«Копихонй ё тақлид барои сарояндаҳои точик шояд аз он чиҳат қулай ва муфид аст, ки барои оҳангсозу шоир маблағе масраф намешавад?

Чанд сол муқаддам шиори аксар «ситораҳои навбаромад» (воқеан, имруз шуморашон (!) таваччуҳ шавад на истеъдод) ба ҳадде зиёд шудааст, ки ба қавле чойи сузанпартойи нест) — «ШЕЪРИ ХУДАМ, ОҲАНГИ ХУДАМ ВА ХУДАМ МЕСАРОЯМ» буд. Таронаи «Туро ман дуст медорам, ман туро дуст медорам» аз ҳамин кони «ганчина» аст.

Муаллифони матолиби интиқодй мегуфтанд, бархе аз ин таронаҳо на мазмун доранду на вазн ва на қофия. Барои исботи навиштаашон бо шоирон ва донандагони илми арўз (барои «ситораҳо» оддй карда гуем агар -«шеършиносй») ҳам мусоҳибаҳо анчом шуд. Баъди ин «ҳучумҳо»-и рузноманигорон як муддати кутоҳе дар фазои эстрада хомушй ҳукмфармо буд. Ҳам сарояндаҳо хомуш, ҳам журналистон».

 Чунин оварда шудааст дар сомонаи «Точвар».

Вақте дар хона бо аҳли оила менишинй аз телевизион сурудҳои «ситораҳои точик»-ро намоиш медиҳанд, ки тамошои рақсҳои аз доираи одобу ахлоқ берунро дида шарми кас меояд. Ба гуфти солхурдаҳо дар даврони онҳо ин гуна клипу сурудҳои бемазмун набуданд, аниқтараш аз телевизион намоиш дода намешуданд. Ё ин ки техника ру ба тараққисту сарояндаҳои ҳозиразамон баробари техника тараққй доранд.

 Қаҳрамони навбатии саҳифа ҳофизи «шуҳратёфта» Фарзонаи Хуршед мебошад. Фиттае, ки чанд клип ва суруди дар Русия хондаи Фарзонабону, сабт гардидааст аз назар гузаронидем. Онро дар ҳузури аҳли оила тамошо кардан ғайриимкон аст. Аслан шумораи раққосагон дар ин консерт зиёд буда, аммо ду нафар раққосаи моҳир чунон рақсидаанд, ки мондан гиред. Аз рақсашон маълум гардид, ки онҳо аз мактаби рақс нагузаштаанд, зеро рақс ифодакунандаи маънист. Боз худи Фарзона «ман аз раққосаҳо кам-мй?» гуён рақсҳои шарқиро ба рақсҳои жанрашон номаълум (дар аврупо низ чунин намерақсанд) иваз кардааст.

 Рақсҳои Фарзонабону аз чаҳорчубаи одобу ахлоқ берун аст. Суруд точикй, аммо либосу рақси сароянда мувофиқ нест. Ё шояд услуби хоси Фарзона чунин бошад? Микрафон дар поён, лекин лабхонй (фонограмма) садо медиҳад. Боз дар чои дигар лабони сароянда мечунбаду садо нест. Барои бинанда хандаовар, ачиб менамояд. Чунбон –чунбони бисёру матни вайрон ва тамошобинони ҳайрон. Магар ин ба одобу ахлоқи чавонон таъсир намерасонад? Кормандони шурои бадей (борҳо такрор кардем, ки оё воқеан чунин шуро бошад?) бо кадом кор машғуланд?

Чанд сурудашро аз назар мегузаронем:

Аз боло кафтар меояд,

Як дона бача меояд.

Аслан ин сурудро ҳофизи афғонй Шаҳриёр сароидааст. Фарзона онро андаке ба тарзи дигар аниқтараш бо иваз кардани калимаи«духтар»ба «бача» хондаааст. Ин суруди Шаҳриёр яке аз сурудаҳои бадмаънитарин ва хеле бемаънитарин сурудаҳои форсист, ки инро Фарзона дидаву дониста  бо иштиҳои том месарояд. Он хатое, ки ҳофизи афғон кардааст, ҳофизи точик такрор кардааст. Байти мазкур аз чиҳати мантиқй хеле хароб буда, нисбати шахс масдари «дона»-ро истифода бурда шудааст.

Як дона гугирд, як дона себ, як дона қалам, як дона гул, як дона китоб ва ғайраро дар дарси забон устодамон ба мо гуфта буданд. Ҳатто як дона хар гуфта намешавад. Донаро танҳо ба чизҳои бечон истифода мебаранд. Аммо «як дона бача»-ро бори аввал мешунавем, шояд устодамон ба мо нагуфта бошад, шояд фаромуш карда бошад?

Байти дигари суруд:

Ай бачаи деҳотй

Ман, ки кулоби ҳастам,

Ба хотири ту бача.

Гулудонам бубастам,

 «Гулудонам бубастам» фарҳанги забони точикиро варақ гардон кардем, аммо мутассифона калимаи «гулудон»-ро пайдо накардем. «Гулудон» гуфта, сарояндаи чавону умедбахш «ситораи эстрада» чиро дар назар дошта бошад? «Гулудон» шояд гулубанд бошад? Сарояндаҳои ҳозиразамон ё ин, ки фарҳанги навро тартиб дода истода бошад ё аллакай тартиб додаасту аз он бемалол истифода мебарад?

Сафи ҳунарманди беҳунар имруз соат ба соат зиёд мегарданд. Ба ҳунармандони давлатҳои дигар тақлид мекунанду айнан суруди онҳоро месароянд. «Тақлид низ ҳунар аст» гуён моҳирона суруду оҳанги онҳоро баҳузуракак истифода мекунанд. Филип Киркоров вақте ки як суруди сарояндаи турк Тарканро бе пурсиш сароида буд, барои ин амал Таркан аз Ф. Киркоров 1 миллион доллари амрикой чарима талаб кард. Оё сарояндагони мо аз ҳофизоне, ки сурудашонро месароянд, ичозат мегирифта бошанд? Чарима гуфтанй истилоҳро медониста бошанд? Фарзона чй?

Дар эчодиёти даҳонии халқ сурудҳои нақоротй ба чашм мерасанд. Аммо тамоми сурудро бо калимаҳои такрор ба анчом расонидааст. Бо вучуди он, ки ин суруди нақоротй ва шеъри халқй Фарзона бо такрор кардани 24 маротиба «Ёри сабзинаро ман садқа шавам» ва 32 бор «Чала бар дасти сафеди чаладор» омадааст, ки басо ночасп меояд.

Реклама

06.02.2009 - Posted by | Тоҷикистон, Фарҳанг

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: