ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Бенизомй дар сайти www.parlament. tj

Чароғи Равшан, бознашр аз «Вароруд»

Бемаъсулиятии хадамоти матбуотии Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон нисбати сайти parlament. tj ва беназоратии Дастгоҳи Мачлиси намояндагон ва боре вориди сайт нагардидани вакилони муҳтарам маро водор намуд, ки дар бораи бемасъулиятй дар сайти parlament. tj чанд сатре нависам. Вақте ки дар омода намудани сайт ба бемасъулиятй даст мезананд, пас чй гуна метавон бовар кард, ки хадамоти матбуотии Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон ба мардум ахбори дурустеро перомуни фаъолияти парлумон мерасонад.

Сайти parlament. tj дар муддати чанд соле, ки руи кор омада бошад, аммо то ҳол саҳифаи «Таърихи МН», яъне таърихи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистонро омода накардааст. Чанд сол аст, ки навиштаанд «Ин саҳифа дар ҳолати омода шудан шудан аст». Пас, хонандагони гиромй, хулосае бароред, баъди як сол даъвати сеюми Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон ба поён мерасад, аммо наметавон аз таърихи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон маълумоте пайдо намуд.

Нақшаи сайт

Барои мо равшан нест, ки нақшаи сайтро кй омода намудааст, аммо ҳамин қадараш маълум гардид, ки аз хадамоти матбуотй то вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон аз замони оғози фаъолияти сайт то ин дам нафаре вориди ин сайт нагардидааст. Дар ҳоле ки мо дар бораи бузургдошти забони точикй ҳарф мезанем, аммо нақшаи сайти Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон аз «верхнее меню» ва «Левое меню» иборат аст пас чй гуна метавон аз ифтихории миллй доштани масъулони сайти parlament. tj ҳарф зад?

Дар як сол панч чаласаи МН

«Чаласаи МН

01.10.2007 — Аз ичлосияи Мачлиси намояндагон.

02.11.2007 — Аз ичлосияи Мачлиси намояндагон.

10.04.2007 — Аз ичлосияи Мачлиси намояндагон.

10.12.2007 — Аз Шурои Мачлиси намояндагон.

11.05.2007 — Дар Шурои Мачлиси намояндагон.

11.05.2007 Аз ичлосияи Мачлиси намояндагон.

13.06.07 — Аз ичлосияи Мачлиси намояндагон.

14.03.2007-Аз ичлосияи сеюми Мачлиси намояндагон.

14.05.2008 — Дар ичлосияи Мачлиси намояндагон.

14.11.2007 — Аз ичлосияи Мачлиси намояндагон.

16.01.2008 — Аз ичлосияи Мачлиси намояндагон.

16.04.2007 — Дар Шурои Мачлиси намояндагон.

16.04.2008 — Дар ичлосияи Мачлиси намояндагон.

16.10.2007 — Аз ичлосияи Мачлиси намояндагон.

2.10.2008 — Дар Ичлосияи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии чумхури.

23.04.2008 — Дар ичлосияи Мачлиси намояндагон.

23.12.2008 — Ичлосияи Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли.

25.06.2007 — Аз Шурои Мачлиси намояндагон.

26.12.2007 — Аз ичлосияи Мачлиси намояндагон.

28.11.2007 — Аз ичлосияи Мачлиси намояндагон.

29.10.2008 — Ичлосияи Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли.

3.12.208 — Ичлосияи Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли.

30.01.2008 — Дар ичлосияи Мачлиси намояндагон.

Аз ичлосияи сеюми Мачлиси намояндагон.»

Оре, тибқи маълумотномаи сайти parlament. tj дар қисми «Чаласаи МН» Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон дар соли 2008-ум танҳо 5 чаласа ва дар соли 2007-ум 13 чаласа гузаронидаасту халос. Ҳол он ки ҳафтае як маротиба чаласаи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон баргузор мегардад. Пас хадамоти матбуотии Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон ба чашми парлумони точик чаро хок мепошад? Вақти ки масъулият дар масъулони сайти парлумон нест, чй гуна аз дигар мақомот метавон умед баст? Чаро ақаллан вакилони муҳтарам вориди ин сайт намешаванд?

Агар ба иттилоъи ин сайт Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон дар давоми солҳои 2007-2008 чамъ 18 чаласа гузаронида бошад ҳам, аммо аз бемасъулиятии Хадамоти матбуотй тартиби чойгиркунии таърихи руз ва соли баргузории чаласаҳо риоя нагардидааст. Вақте хонанда вориди ин сафҳа мегардад, роҳгум мезанад, зеро ба бетартибии аз ҳад зиёд ру ба ру хоҳад шуд.

Вакилон

Агар гуем, ки масъулини сайти парлумон тартиби алифбои точикиро намедонанд, хато нахоҳем кард, вале агар хадамоти матбуотй бемасъулиятй ва хато карда бошад, дигар вакилон, ки аз докторону номзадони илм ва омузгорон ҳастанд, чаро боре вориди ин сайт нагардида, хатогии масъулини сайтро ислоҳ накардаанд?

Дар қисми «вакилон» руйхати вакилон бо тартиби алифбо аз ҳарфи «ғ», яъне аз муҳтарам Ғаффоров Усмончон оғоз гардида бо муҳтарам Шералиев Муҳриддин ба пойн мерасад. Тартиби руйхати вакилони дар нақшаи сайт қарор дошта ба руйхати вакилони дар қисми асосии сайт чойгир дошта бо ҳам мувофиқат намекунанд.

Вакилони мансабдор

Масъулини сайти парлумон фаромуш кардаанд, ки вакилон Маҳмадова Т. , Саидов А. , Достиев А. ва Қодиров К. солу моҳҳо аст, ки ба сифати вакил дар парлумон фаъолият намекунанд, зеро бо сабаби гирифтани мансабҳои давлатй фаъолияти онҳо ҳамчун вакил дар парлумон қатъ гардида, ба чои онҳо вакилони нав интихоб гардидаанд. Оё масъулини сайт бохабар нестанд, ки муҳтарам Достиев А. дар Русия ва муҳтарам Саидов А. дар Қирғистон сафир интихоб гардида буданд?

Вакилони мурда

Руҳи вакил, узви Кумитаи Мачлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати чавонон собиқ узви Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон даъвати дуюм Қурбон Расулов шод бод, агарчй дар қайди ҳаёт набошад ҳам, вале масъулини сайт дар бораи фавти вакил ва қатъ гардидани фаъолияти вакилии марҳум ҳеч маълумоте надодаанд.

Ин дар ҳолест Шарифов Ҳ. — раиси Кумитаи Мачлиси намояндагон соле қабл вафот карда буд, аз руйхати вакилон гирифта шудаасту шодравон Расулов Қ. не ?

Вакилони фаромушшуда

Вакилон Сафаров С.,-муовини аввали Раиси Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон ва Азимов А. — раиси Кумитаи Мачлиси намояндагон дар руйхати вакилони дар «Нақшаи сайт» чойгир шуда аз бе масъулиятии кормандони сайт ба руйхати вакилон дароварда нашудаанд. Дар сайт ду варианти руйхати вакилон тартиб дода шудааст, ки дар яке як гуруҳ вакилон дохил гардидаанд, дар дигаре дохил нагардидаанд. Раиси Кумитаи Мачлиси намояндагон дар қисми «Кумитаҳои Мачлиси намояндагон» дохил гардидаасту дар руйхати вакилони дар «Нақшаи сайт» буда не.

Чаро вакилон вориди сайт намешаванд?

Мо аз вакилони муҳтарам маъзарат мехоҳем, зеро ягон хонанда ҳаққу ҳуқуқ надорад, ки вакили интихоб кардаи худро гуяд, ки ба сайти парлумон ворид шавад ва аз он баҳрабардорй намояд. Вале агар хоҳанд интихобкунандагонашон ва хонандагони сайт аз фаъолияти онҳо то вакили парлумон интихоб гардиданашон чй шуғле дошта буданд, ақаллан розигии хешро диҳанд, то тарчумаи ҳоли пурраи онҳо дар сайт чойгир гардад. Тарчумаи ҳоли бархе аз вакилон ба таври пурра ва бархе дар ҳачми ниҳоят хурд дар сайт чойгир гардидасту халос. Масалан, агар вакил Хидирова М. боре вориди сайти парлумон мегардид, пас бемасъулиятии масъулони сайти парлумонро ошкор мекард. Аз чумла, тарчумаи ҳоли вакили муҳтарамро аз сайт айнан меорем:

«Хидирова Махфират Умаровна Аз 17 марти соли 2005 узви Кумитаи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон оид ба сохтори давлатй ва худидораи маҳаллй. 6 сентябри соли 1973 дар шаҳри Кулоб таваллуд шудааст. Миллат — точик. Таҳсилот — олй. Донишгоҳи давлатии омузгории Кулобро соли 1975 хатм кардааст. Ихтисос аз руи таҳсилот — муаллими забон ва адабиёти рус, номзади илмҳои сиёсатшиносй».

Хонандаи азиз, қазоват кунед, мо медонем, ки ин хатогии техникии аст, пас чаро дар муддати чор сол ислоҳ намешавад? Ва вакили муҳтарам Хидирова М боре тарчумаи ҳоли худро тариқи ин сайт хондааст?

Хонандаи азиз мо дар бораи саҳифаҳои то ҳол омода нашудаи сайти парлумон дар чанд соли охир чизе нахоҳем гуфт, зеро баъди як сол даъвати сеюми Мачлиси намояндпгон ба охир мерасад, вале саҳифаи асосии сайт «Таърихи МН» то ҳол омода нашудааст ва ин дар ҳолест, ки хадамоти матбуотии Мачлиси намояндагон охирон хабарро аз фаъолияти парлумон то санаи 25 декабри соли 2008 пешкаш намудаасту халос, пас хадамоти матбуотй дар Мачлиси намояндагон чй нақше дорад? Шояд баъди хондани ин сатрҳо Дастгоҳи Мачлиси намояндагон ба хонанда посухе диҳад.

PS: Мақола бидуни таҳрир дар асоси Қонуни ЧТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба нашр омода гардид. Муаллифи мақола зимни пешниҳоди мақола далелҳои овардаашро аз сайти парлумон нусхабардорй ва ба мақола замима намудааст.

Реклама

11.02.2009 - Posted by | Амният, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг

Комментариев нет.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: