ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Гулбаҳор ҳафтаномаи «Пажвок»-ро ба суд медиҳад

Гулбаҳор Ғаффорова

Гулбаҳор Ғаффорова

Набиюллоҳи Суннатй

Ҳунарманди гуруҳи «Хандинкамон» Гулбаҳор Ғаффорова тасмим гирифтааст, ки рузномаи «Пажвок»-и вилояти Хатлонро бо иттиҳоми иҳонат ва таҳқири шахсии у ба додгоҳ кашад.

Гуля кист?

Гулбаҳор Ғаффорова зодаи Ноҳияи Исфара буда, тавре худаш мегуяд маълумоти олии ҳунармандй надорад, аммо ду маълумот олй, яке муҳандис-технолог ва дигаре ҳуқуқшиносй дорад. Аз овони наврасй бо Муқим Фаттоев дар хонаи маданияти шаҳри Исфара ҳунарнамой мекард. Алъон дар гуруҳи «Хандинкамон»-и шаҳри Хучанд, ки роҳбарияшро ҳунарманди хушзавқ Муқим Фаттоев ба душ дорад, чун ҳунарманд фаъолият дорад. Гулбаҳор Ғаффорова Аълочии фарҳанги Чумҳурии Точикистон буда, мучаррада аст.

Чаро тасмим гирифт, ки рузномаро ба суд диҳад?

Рузномаи «Пажвок»-и вилояти Хатлон дар шумораи ахири соли 2008-и хеш мусоҳибаеро, ки бо Гулбаҳор Ғафорова анчом додаасту таҳти унвони «Ташриф маро дуст медорад» ба интишор расонидааст, боиси сар задани норизогии мавсуф буда, итминон дорад, ки бо касе аз «Пажвок»-иён суҳбат накардааст ва он чй ки дар рузнома оварда шудааст, дуруғи маҳз меҳисобад.

-Ман ба вилояти Хатлон воқеан ба сафари ҳунарй рафта будам. Аммо бо ягон нафар рузноманигор суҳбате надоштам ва гузашта аз ин гуна суханҳои таҳқиромезро ба нафаре интервю надодаам,-мегуяд Гулбаҳор Ғаффорова.

Мо аз Гулбаҳор пурсон шудем, ки шояд бо ҳазл воқеан чунин интервю дода бошаду дар хотир надошта бошад. Аммо у бо исрор иброз дошт, ки гуё баъди консерте ду нафар чавон ба ҳузураш омада дар тачаммуъ пурсидаанд, ки оё Гулбаҳор шавҳар дорад? Гулбаҳор дар посух гуфтааст, ки на.

-Ман аниқ дар хотир дорам, ки,-мегуяд Гулбаҳор,- ду бачае омаду пурсид, ки шавҳар дорам ё не. Ман дар посух гуфтамашон, ки не. Онҳо боз пурсиданд, ки ягон чавони хатлонй шуморо дуст дораду ба ҳамсарй хостгор шавад, шумо розй мешудед? Боз ман чавоб додам, ки чаро не. Ман илова доштам, барои ман фарқе надорад, ки хучандиву хатлониву бадахшонй бошад, барои ман муҳим инсон бошад. Аниқ дар хотир дорам, ки аз ин беш сухане нагуфтаам.

Гулбаҳор мутмаин аст, ки ҳатто касе омада мо аз фалон рузнома нагуфтааст ва худро муаррифй нанамудааст. Ва изҳор медорад, ки ин ду чавон омада ҳатто насаб ва чойи кори хешро ҳам нагуфтаанд. Тавре Гулбаҳор мегуяд агар эшон иброз медоштанд, ки мо намояндаи рузномаи «Пажвок» ё рузномаи дигар, у омода будааст, суҳбати ихтисосй анчом бидиҳад. Аммо мутаассифона дар рузномаи «Пажвок», ки дар ҳачми ним саҳифа мусоҳиба мунташир шудааст, рузномаи «Суғд»-и вилояти Суғд низ бознашр намудаанд, ки боиси изтироби у гаштааст.

-Ман нисбат ба рузноманигорони вилояти Хатлон ба рузноманигорони Суғд дастрастар ҳастам. Чаро кормандони рузномаи «Суғд» ба ҳузури ман наомаданд? Чаро онҳо далелҳои таҳқиромезе, ки дар ҳафтаномаи «Пажвок» оварда шудааст, бидуни пурсиш аз ман ба интишор доданд? Ман аз рузномаи «Пажвок» умуман иттилое надоштам, чунки ин рузнома дар вилояти Суғд паҳн намешавад. Ман ин хабарро тавассути рузномаи «Суғд» дарёфтам, ки боиси нороҳатй ва нигаронии ман шудааст.

Чй таҳқире дар «Пажвок»?

Дар мусоҳибаи ҳафтаномаи «Пажвок» суоле аст, ки шумо чанд килограмм ҳастед ва оё шумо ба чавони хатлоние, ки шуморо чун зани дуввум ихтиёр кунад, чй мегуфтед, Гулбаҳор иброз медорад, ки ин гуна суолҳо дода нашудааст ва ин гуна посухе ба касе нагуфтааст.

-Дар бобати вазнам ман ҳатто шухиомез ба касе чунин сухан нагуфтаам ва дар рузнома, ки ман гуё бидуни донистани аслу насаби чавоне, ки ман намешиносамаш ва гуё ҳатто омодаи чаҳорум зани у шудаам, буҳтони маҳз аст. Ин таҳқир нисбати шахсияти ман аст ва ман инро ҳамин гуна ором намегузорам. Журналистон бояд нафарони ростгуву ростқавл бошанд. Набояд барои бештар фуруши теъдоди рузномаашон ба чунин дасисаву иғво ва буҳтону таҳқир роҳ диҳанд. Чй ман фоҳишаи дар канор мондаам, ки рузномае дар ҳаққи ман чунин бадгуиро раво мебинад? Овардани ин матлаб чй маънй дорад ва ҳадафи муаллифон чй аст? Ҳол он ки ҳар нафари дуввум маро ҳаваси издивоч мекунад. Аммо ман ҳануз оиладориро барвақт меҳисобам. Зеро ман алъон бояд кори эчодиамро пеш бибарам. Бори дигар мегуям, бо ман касе суҳбат накардааст.

Гулбаҳор зани чаҳоруми кист?

Аз ҳама пеш матлабе, ки мучиби озурдагии Гулбаҳор гаштааст, ҳамин нуктааст, ки гуё уро чун фоҳиша чилва додаанд ва гуё ин ҳақорат ба андозаву шахсияти уст. У мегуяд, ки интишор ёфтани чунин матлабе дар рузномае маънии он аст, ки гуё у бо чунин ҳусну чамолаш натавонистааст, ки чуфти худро пайдо намояд. Ру задани ин гуна мусоҳибаро низ у ба ояндаи худ чун латма қабул кардааст ва шаке надорад, ки минбаъд ба обруйи на танҳо чуфт ёфтанаш дар ҳаёт, балки ба манзалату мақоми ҳунармандияш низ зарбаи муҳлик аст.

-Тасаввур кунед, ки ман хешу ақрабо ёру дустон ва мухлисони зиёд дорам. Чаро муаллифони мусоҳибаи ҳафтаномаи «Пажвок» андеша накарданд, ки ин на танҳо ба ояндаи шахсиам, балки ба эчодиам низ халали чиддй ворид мекунад. Ман намедонам минбаъд ба дустону ақрабо ва мухлисонам чй гуна ру ба ру мешавам. Онҳо маро чун фоҳишае, ки бозори худро гум кардаасту ҳатто ба зани чаҳоруми нафаре омода аст, қабул хоҳанд кард, — бо таассуф мегуяд Гулбаҳор.

Пасгуфтор

Гулбаҳор Ғаффорова пеш аз он ки ҳунарманд аст, у як чеҳраест маъруф. Кам аст ё беш, бо вучуди ин мухлисони хешро дорад. Камина аз ҳампеша ва ҳамтоёни худ аз ҳафтавори «Суғд» ва «Пажвок» маъзарат мехоҳем ва ин навиштаро ғаразе напиндоранд. Он чй ки гуфтанй буд, гуфтем.

 

Реклама

11.02.2009 - Posted by | Навидҳо, Тоҷикистон, Фарҳанг

1 комментарий »

  1. ϻХочу с тобой связаться по размещению рекламы на блоге, мой e-mail: hotload2@gmail.Com

    комментарий от Rasputitka | 12.03.2009


Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: